“Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола мардуми тоҷик санаи 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Чунки, 26 сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқ санади муҳимми тақдирсоз ба номи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.  Конститутсия истиқлолияти давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонд ва чун шиносномаи миллати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягона расман ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуд. Тоҷикистон баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи хеш эълон кард ва унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян сохт.

Аз солҳои аввали истиқлолият халқи тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати муҳим муайян намуд ва самтҳои тараққиёти соҳаҳои мухталифи ҳаёташро мушаххас гардонд.

Бояд гуфт, ки саодату хушбахтии ҳар халқ ба дурустии матни Конститутсия ва татбиқи он вобаста аст. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои давлатро риоя ва иҷро намоянд. Ин аст, ки дар моддаи 10 омадааст: “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”.

Конститутсия ин яке аз дастоварҳои бузурги Тоҷикистон ва пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли мардуми тоҷик буда, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳову манфиатҳои миллӣ, осори таърихиву фарҳангӣ мебошад.

Тоҷикистониён рӯзи Конститутсияи кишварро дар айёме таҷлил менамоянд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар арсаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳким бахшида, муносибату робитаҳои дуҷониба ва гуногунҷонибаро бо кишварҳои ҷаҳон тақвият мебахшад, мавқеи хешро дар ҳалли масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ устувор кардааст. Конститутсияи Тоҷикистон дар роҳи пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи барномаҳои некуаҳволии халқ, иҷрои нақшаҳои бунёдкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, таъмини саодати мардум ва амнияту осоиши кишвар ба сифати раҳнамо хидмат мекунад ва минбаъд низ хоҳад кард.

Ин аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатии иқтисодиву сиёсӣ бунёд намудааст, ки беш аз 150 давлат Истиқлолияти давлатии кишвари моро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари хешро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Ҳоло ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

Қайд кардан зарур ва ҳатмист, ки тамоми ин дастоварҳои беназир маҳз аз баракати Сарвари давлат, фарзанди фарзонаи миллат, марди матину қавиирода, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардуми тоҷик ӯро дар дилу дида ҷой додааст, имрӯз миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад.

 

Шукрона ба офаридагорам,

Шукронаи мулки кӯҳсорам.

Шукронаи ин диёри зебо,

Шукронаи файзи бешуморам.

Шукрона, ки мулк ҳаст озод,

Имрӯз зи дирӯз аст обод.

Оромиву ваҳдат аст барпо,

Шукронаи миллати худодод.

                                                                              (Ғаффор Амирӣ)

         Ф.И. Худойдодова

муовини сардори Раёсати

таҳлили масъалаҳои иҷтимоии

МТС-и назди Президенти ҶТ

Чоп кунед