Конститутсия муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки сохти давлат ва фаъолияти мақомотҳои давлатиро муайян мекунад.
Ба даст овардани истиқлол зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.
Дар санаи 9 сентиябри соли 1991 дар таърихи Тоҷикистон воқеаи хушу фараҳаманд рух дод, ки давлатдории тоҷикон эҳё гардид. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 16-уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар шароити вазнини сиёсӣ барпо гардид дар ҳамин Иҷлосия барои минъбад қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошта шуд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳрезӣ шуд, рамзҳои давлатдории миллӣ: Нишон, Парчам, Суруди миллӣ қабул карда шуданд ва Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, системаи амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлат ба роҳ монда шуд ва шиносномаи миллӣ Конститутсияи кишвар тасдиқ гардид.
Пас аз ба даст овардани Истиқлол, роҳбариятӣ олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули Конститутсия саъй намуд. Зеро Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шуда буд, ба талаботи ҷомеаи баъди Шӯравӣ ҷавобгӯ набуд, Замони нав, шароитҳои нави таърихӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ қонунгузории ҷавобгӯйи вақтро талаб менамуданд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия Тоҷикистонро таъсис дод. Барои ҷавобгӯ будани Конститутсия ҳайати комиссия ба давлатҳои Аврупо ва Осиё равона карда шуд, ки таҷрибаи конститутсионии давлатҳои пешрафтаро омӯзанд. Дар муддати кори комиссия аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон- Декларатсияи умумии ҳуқуқи башар, шарномаи байналмилалии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон, Конвенсияи Париж, Ҳуҷҷати Шӯрои машвартии Хелсинки, тамоми санадҳои ҳуқуқи Тоҷикистон истифода карда шуданд. Дар раванди омода намудани ин санади ҳуқуқии тақдирсоз махсусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва миллӣ ба эътибор гирифта шуданд.
Баъди муҳокимаҳо аз ду лоиҳаи пешниҳодшуда ( лоиҳаи Конститутсия Ҷумҳурии Президентӣ ва лоиҳаи Ҷумҳурии Парлумонӣ) ба хулосае омаданд, ки дар шароити феъли тарзи идоракунии президентӣ барои пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ аст. Ниҳоят баъди муҳокимаи умумихалқӣ, ки дар натиҷаи он аз тарафи халқ зиёда аз 8,5 ҳазор таклифу пешниҳодҳо фиристода шуданд ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид . Ин далели сарчашмаи ҳокимият будани халқ аст.
Дар санаи 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, ки имсол 26 солагии онро ҷашн мегирем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дошта меъёрҳои он бевосита амалӣ мешаванд. Қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба меъёрҳои Конститутсия мухолифанд қувваи ҳуқуқӣ надоранд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон ба муносибати шахс бо давлат диққати махсус дода шудааст. Ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрвандро баланд бардошта Конститутсия ҳаёт, шараф ва номуси дигар ҳуқуқҳои табии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам намуда онҳоро ҳифз менамояд. Боби калонтарини Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ном доранд, ки аз 34 модда иборат мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистон санади таърихиест, ки дар он ҳар як шахс роҳи воқеии пешрафти ватани худро мебинад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуняӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлти муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.
Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Ин санади муҳим барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумораи панҷ Конститутсияи беҳтарини давлаҳои узви Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ном бурда шудааст. Қабули он дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. Мувофиқи он озодии инсон ва шаҳрвандонро давлат риоя, эътироф ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад.
Инчунин, дар сархати дуюми моддаи 2-юми Конститутсия омадааст, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар қаламрави ҷуҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд бо забони модариашон озодона истифода кунанд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомати доимӣ ва муваққатӣ мекунанд, озодии забони модариро кафолат додааст.
Мутобиқи Қонуни асосӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷун танзимкунандаи фаъолияти мақомоти олии давлатӣ Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат буда, ҳомии Конститутсия, қонунҳои кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф шудааст.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентиябри 1999, 22 июни 2003 ва 22 майи 2016) тағйиру иловаҳо ворид гардидааст, ки ин санадҳо ба тариқи райпурсии умумихалқӣ бо овоздиҳии шаҳвандони Тоҷикистон анҷом дода шудааст.
Дар асоси он тағйиру иловаҳо аввалин бор дар мамлакат парлумони касбии иборат аз ду палата- Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт, ҳамчунин, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.
Аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо ва санадҳое қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти сиёсиву иқтисоди ва иҷтимоиву фарҳангӣ, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ ва болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.
Мақсади мардуми кишвари мо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Шаҳвандони Тоҷикиснон ба мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон нигоҳ накарда, қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунанд. Дар айни замон миллати тоҷик ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузорад.
Ҷашни 26 солагии Конститутсия боз як фурсати мувофиқе аст, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ ёдовар шавем ва ба ин арзишҳо арҷ гузорем
Тағоймуродов Некрӯз,
мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон