Имсол аз санаи таърихии қабули Конститутсияи дар кишвар 26 сол сипарӣ мегардад.
Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди тамоми бахшҳои ҳайёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодиёт бо такя бо бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.
Бо пешрафти ҷомеа, хусусан, ҷомеаҳое, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ ва дар ҳоли рушду такомул қарор доранд, зарурати ба Конститутсия ворид кардани тағйиру иловаҳо пеш меояд.
Чунин зарурат, яъне такмили Конститутсия дар Тоҷикистон низ пеш омад ва он сари вақт анҷом гирифт, яъне аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999-ум, 22-ми июни соли 2003-юм ва 22 майи соли 2016-ум ба қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Солҳои сипаришуда собит сохтанд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда саривақтӣ буда, ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, такмили идораи давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, назму суботи ҷомеа ва рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри бунёдӣ ва бисёр муҳимми иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки он эътирофи шаклҳои гуногуни моликият мебошад.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуҳуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар сатҳи Конститутсияи мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар Конститутсия дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ ба созмон додани асосҳои иқтисодиёти миллии пешрафта мусоидат намуда, кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки барои рушди иқтисодии кишвар даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд.
Нахустин ҳуҷҷати стратегие, ки баъди кабули Конститутсия ҷиҳати таназули иқтисодиёт таҳия ва қабул гардид ин «Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000» мебошад ва ин ҳуҷҷат баътар ба барномаҳои иқтисодии мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди устувор иваз гардид.
Бо қабул ва татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушд, як силсила барномаҳои рушд дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусиву соҳибкорӣ, ҳамчун заминаи устувор барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ шуданд. Дар натиҷа, дар Тоҷикистон чорчӯбаи зарурии суботи макроиқтисодӣ барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ба вуҷуд омад.
Аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусуси дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад, зеро бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргони гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт. Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард.
Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.
Дар Коститутсия ҷиҳати таъмини рушду ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ дар асоси такмили заминаҳои ҳуқуқӣ як зумра қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳи ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ».
Илова бар ин, дар давраи таҳлилӣ, ҷиҳати таъмини рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ як зумра стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» ва «Стратегияи милли рушд барои давраи то соли 2030» таҳия гардида мавриди тадбиқ қарор доранд. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои барои тадбиқи Стратегияи мазкур пешбинишуда 54,7 миллиард доллари ИМА ё 46,3 дарсадаш ба бахши хусусӣ рост меояд.
Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ нишондиҳандаҳои бахши хусусию соҳибкорӣ босуръат рушд карда, соли 2019 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ 326491, ададро ташкил дода, нисбат ба соли 1994 тақрибан 45 маротиба зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ то имрӯз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шудааст ва татбиқи як қисми онҳо идома дорад, ки маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда қариб 32 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Танҳо дар 24 соли охир дар натиҷаи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» беш аз 13147 адад иншоотҳои хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.
Дар давоми 26 соли охир аҳолии машғули кор дар баҳши хусусӣ беш аз 3,4 маротиба, шумораи корхонаҳои хурд зиёда аз 1,3 маротиба ва фонди музди меҳнат 0,5 то 220,2 миллион сомонӣ афзоиш ёфт. Агар дар соли 1995 даромади корхонаҳои хурд аз фурӯши маҳсулот 1,7 сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2019 4421,6 сомониро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, дар ин давра шумораи шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ машғуланд тақрибан 40 маротиба, шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар бахши аграрӣтақрибан 100, ва андозаи миёнаи масоҳати замини дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) қарордошта бошад, беш аз 1,5 маротиба зиёд гардидаанд.
Тавассути тадбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ густариш ёфт.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар масири дастгирии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2019 беш 70 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан 2,5 маротиба зиёд мебошад.
Муфофиқи омори расмӣ, танҳо давоми солҳои 2008-2019 ҳаҷми қарзгузориҳои ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи минтақаҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат бешз аз 2,4 маротиба зиёд гардидааст.
Ҳамин тавр, тавассути татбиқи ислоҳоти самаранок, аз ҷумла доир ба беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ амалигардида имкон дод, ки бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, дар давоми ду даҳсолаи охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин таъмин гардад.
Масалан, агар дар солҳои 1994 ҳаҷми маҷмӯи мҳсулоти дохилии кишвар 1786,5 миллион сомонӣ ва сурати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 77354,7 миллион сомонӣ ва афзоиши воқеии он бошад, ба 7,5 дарсад баробар гаштааст. Дар ин давра, ММД ба ҳар сар аҳолӣ аз 89 сомонӣ то зиёда аз 8 355,4 сомонӣ ё тақрибан, 94 маротиба афзудааст.
Илова бар ин, мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди тиҷорат мунтазам баланд гардида, соли 2020 дар зинаи 106-ум қарор гирифтааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019 20 зина боло мебошад.
Дар охир ҳаминро бояд зикр намуд, ки қабули Конститутсия ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 26-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад.
Дар заминаи Конститутсия тамоми қонунгузории кишвар аз нав таҳия ва қабул гардид ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҳамаҷониба ба танзим дароварда шуда, дар ин асос дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлол то имрӯз тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла бахши воқеии иқтисодиёт ва соҳибкорӣ ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Одинаев А. И.,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии МТС
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон