Рӯзи 21 октябри соли 2020 ҷаласаи кормандони илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ намуд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:
–Ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолияти илмию пажӯҳишии раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020.
–Нақшаву пешниҳодҳо доир ба фаъолияти раёсатҳои Марказ дар семоҳаи охири соли 2020.
Сардорони раёсатҳои Марказ доир ба натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии раёсатҳои худ дар нуҳ моҳи соли 2020 мухтасаран гузориш ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.
Қайд гардид, ки тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2020 дар нуҳ соли ҷорӣ дар доираи самтҳои мазкур пажӯҳиш аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:
- Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар доираи самтҳои мазкур таҳқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:
- Дурнамои амнияти минтақавӣ ва ҷойгоҳи амнияти миллӣ дар он;
- Стратегияи сармоягузорӣ дар таъмини рушди кишвар;
- Омилҳои таъмини амнияти миллӣ дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва дурнамои он;
- Стратегияи идоракунии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагириҳои миёндаврӣ аз татбиқи амалии он;
- Стратегияи рушди соҳибкорӣ–асоси фаъолияти босуботи иқтисодиёти кишвар;
- Самтҳои асосӣ (стратегӣ), вазифаҳо ва афзалиятҳои рушди амнияти иҷтимоии кишвар барои солҳои 2021–2025.
- Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ
Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 23 нафар, аз ҷумла 13 доктори илм ва 4 номзади илм фаъолият дошт. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмии Марказ олимону мутахассисон аз дигар муассисаву ташкилотҳо низ дохил карда шуданд.
Шӯрои илмию методии Марказ аз 13 нафар иборат аст. Дар Шӯрои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва пажӯҳишии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
3.Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ
Дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дигари дахлдор омода намуда, ирсол намуданд.
Дар нуҳ моҳи соли 2020 кормандони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 104 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 948 саҳифа пешниҳод карданд. Дар давраи ҳисоботӣ пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти раёсатҳои Марказ боз ҳам бештар ба омӯзиши масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуданд.
- Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муасисаҳои илмию таҳқиқотӣ.
Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ ба номи академик А.Баҳоуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат амалӣ намуд.
Дар зарфи нуҳ моҳ дар Марказ аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 43 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе 8 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 11 нафар, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ 8 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 2 нафар, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ 13 нафар, дар маҷмӯъ, 85 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.
- Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ.
Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Боздоранда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш дод. Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
- Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд.
Марказ бо сабаби густариши пандемияи COVID–19 чорабиниҳои илмию амалии худро сари вақт гузаронида натавонист. Марказ танҳо дар веб-машварати корӣ доир ба омодагӣ ба баргузории нишасти сеюми форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ бахшида ба солгарди қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба “Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ду маротиба ба таври онлайнӣ фаъолона ширкат варзид. Дар санаи 15 июли соли 2020 конфронси илмӣ дар мавзӯи “Инъикос ва ифшои фаъолияти ҷиноии наҳзатиҳо дар филми “Хиёнат””, конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаи нави муносибати шарики стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» (14.09.2020), конфронси илмӣ дар мавзӯи “Таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти кор бо бозгаштагон аз Сурия ва Эрон” (25.09.2020, онлайн-мулоқоти маҷозӣ), конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ ва иттиҳодияи Аврупо: шарики дуҷониба баҳри дарёфти рушди устувор дар минтақаи Авруосиё” (30.09.2020, онлайн–мулоқоти маҷозӣ), “Ҷаласаи 15-уми Форуми СҲШ” (29.09.2020, онлайн–мулоқоти маҷозӣ) баргузор гардиданд, ки дар онҳо командони масъули МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар сомонаи Марказ гузошта мешаванд.
Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, бо 180 маърӯза суханронӣ карда, беш аз 315 мусоҳиба дар васоити ахбори омма доир намуданд.
- Фаъолияти нашриявӣ.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадеҳӣ “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он”-ро дар шакли китоб таҳия намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти ҶТ ирсол намуд.
- Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо.
МТС-и назди Президенти ҶТ бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон робитаҳои хуби корӣ дорад.
- Сомонаи интернетии Марказ.
Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводҳои илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳамарӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз” ва китобҳои Маркази ҷой дода шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2020 маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, шумораи №1 (69) бо теъдоди 24 мақола ва шумораи №2 (70) бо теъдоди 26 мақола ва шумораи №3 (71) бо теъдоди 25 мақола нашр гардид. Инчунин, тамоми нусхаҳои маҷаллаи мазкур дар шакли PDF дар сомонаи интернетӣ ҷойгир карда шуд, ки ниёзмандон ва кормандони Марказ метавонанд ба таври ройгон аз онҳо истифода баранд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ 419 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ҳаҳми 1300 саҳифаи чопӣ ҷой дода шуданд.
11.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ
Дар нуҳ моҳи соли 2020 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар хеле саҳми фаъол доштанд. Онҳо доир ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мақомот, мактабҳои олӣ ва идораҳои давлатӣ бештар аз 150 мулоқоту вохӯрӣ гузарониданд.
- Такмили ихтисоси кормандони Марказ.
Кормандони Марказ аз курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар Қазоқистон ва Ҳиндустон гузаштанд.
Музокирачиён дар ҷаласа дар қатори аҳамият ва арзиши корҳои илмию таҳқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои Марказ камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд ва барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳои судманд доданд. Ҳозирин доир ба фаъолияти минбаъдаи илмию таҳқиқотии Марказ доир ба ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таклифҳои муфиду арзишманд пешниҳод намуданд.
Ҷаласаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, муовинони директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, Саодат Ҷӯрахонзода ва котиби илмии Марказ Рухшона Одилова ҷамъбаст намуда, натиҷагирӣ карданд.
Ҳамоиш дар фазои озод, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон