Рӯзи 11-уми октиябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маъракаи бузурги сиёси кулли миллати тоҷик иштирок варзиданд. Аз рафти баргузории интихобот маълум гашт, ки миллати тоҷик ватандусту ватанпарвар буда, барои ояндаи насли тоҷик як Роҳнамои бузургеро интихоб мекунанд.
Натиҷаи интихобот бо пирӯзии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом гашт. Дар ин маракаи интихоботӣ ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст иштирок варзида, бо як умед дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ иштирок намуданд. Миллати тоҷик дар ҳар гӯшаи дунё буда, ба макони зисти худ нигоҳ накарда, ба сафоратхонаҳо рафта, интихоби дурусти ояндаи миллати тоҷикро карданд. Мувофиқи натиҷаҳои пешакӣ 90,92% мардум ба ҷонибдории номзади арзанда, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Ин ғалабаи бузург на танҳо барои Пешвои миллат, балки ба кулли мардуми тоҷик умеди некрӯзӣ ва хушбахтӣ аст.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо мардум аз субҳи барвақт ҷамъ шуда, бо як рӯҳияи ҷашнӣ вориди ҳавзаҳои интихоботӣ мешуданд. Хушҳолӣ дар ҳар як фарди миллат мушоҳида мешуд. Ҷавонон, муйсафедон, ҳар як пиру барно гурӯҳ-гурӯҳ меомаданд. Вазорату корхонаҳо бо ҳам ҷамъ шуда, бо як дигар табассум карда, пешвози ин интихобот мешуданд. Ин як манзараи зебое буд, ки ҳар шаҳрванд инро дарк мекард ва хушбахтии худро ҳис мекард.
Интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли сайёра тариқи сомонаҳо дидан мекарданд, аз шабакаҳои хабарӣ дида мешуд, ки таваҷҷӯҳи махсуси мардуми хориҷ ба ин давлати соҳибтамаддун равона буд. Хушбахтона, ин интихобот бо хушбатӣ ба анҷом расид ва дубора Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамҷун давлати сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати ягона муаррифӣ гашт. Ин шахсияти бузург барои миллати мо аввалан сулҳ бунёд кард ва баъдан роҳи моро ба чаҳор тарафи дунё кушода, ба мо умед ба ояндаи нек ато намуд.
Мувофиқи Барномаи пеш аз интихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор сохт, ки Тоҷикистон дар мудати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳон ба давлатҳои бузурги дунё баробар хоҳад шуд ва сатҳу сифати зиндагии мардум бозҳам беҳтар мегардад. Дар барномаи мазкур тамоми мушкилоти миллати тоҷик баррасӣ шуда, боз як қатор мушкилоти дохилӣ ва хориҷӣ нақш гузорӣ шудааст. Аз ин барнома бармеояд, ки Тоҷикистон метавонад вазъи иқтисодиёти худро дар ҷаҳон бо давлатҳои пешрафт баробар кунад ва таҳлили ин барномаи навин аз барномаҳои гузашта хеле фарқи зиёд дошта, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фоидабахш мебошад.
Аллакай аз ҷониби Президентҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба унвонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаҳои шодбошӣ дар хусуси ғолиб гардидани ӯ дар интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гашта истодаанд, ки ин аз эҳтирому мартабаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
Тамоми мардуми тоҷик низ дар навбати худ Пешвои миллатро бо ин пирӯзиаш табрик гуфта, ба Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат солимӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои бузург таманно доранд ва мо, ҷавонон, ҳамеша пайрави Шумо ҳастем ва хоҳем монд. Пирӯзиат муборак, Пешвои миллат!
Тағоймуродов Некрӯз,
мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон