Рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президент баргузор мегардад, ки иштирокчиёни он 5 номзад аз ҳизбҳои гуногун мебошанд. Инҳо: Эмомалӣ Раҳмон – раиси Ҳизби Халқии Демократӣ, Абдухалим Ғаффоров – раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Рустам Латифзода – раиси Ҳизби Аграрӣ, Рустам Раҳматзода (Қудратов) – раиси Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев – Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон. Ҳар яке аз номзадҳо маъракаи интихоботӣ ва барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.
Дар баробари ин, пеш аз ҳама, корҳоеро, ки Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст, қайд кардан зарур аст, азбаски дар тӯли ҳафт соли фаъолияташ ҳамчун Президент корҳои зиёде дар объектҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ анҷом дода шудаанд. Масалан, нишондиҳандаи муҳимми иқтисодӣ, ба монанди ММД аз соли 2013 то 2020-ум, 58% афзоиш ёфт, ки инро маълумоти ҷадвали 1 нишон медиҳад.
Аз таҳлили ҷадвали 1 ба хулосае омада метавонем, ки ҳар сол суръати рушди ММД ва иқтисодиёти кишвар тақрибан 7% мебошад ва дар маҷмӯъ, дар давраи таҳқиқшуда аз соли 2013 то 2020 суръати афзоиши ММД ва иқтисодиёти кишвар 58,0%-ро ташкил додааст. Аз натиҷаи ба даст овардашуда маълум мегардад, ки мақсади гузошташудаи Барномаи миллии стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2030 иҷро шудааст.
Ба ғайр аз ин, бо дарназардошти Барномаи миллии стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2030, ки мақсади асосии он паст намудани сатҳи камбизоатӣ беш аз 2 маротиба ва аз байн бурдани сатҳи камбизоатии шадид мебошад. Дар давоми солҳои 2013–2020, Тоҷикистон дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодиёти худ ба пешрафти устувор ноил гашт. Иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2019 ва семоҳаи аввали соли 2020 рушдро нишон дод. Пеш аз ҳама, баландшавии иқтисодиёт ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар ин солҳо ба дастгирӣ аз ҳисоби дастгирии сармоягузории давлатӣ ва барқарорсозии қарздиҳии тиҷоратӣ вобастагӣ дорад. Байни солҳои 2013 то 2020 сатҳи камбизоатӣ аз 35,6% тамоми аҳолӣ то 24,6% коҳиш ёфт. Пастшавии сатҳи камбизоатиро дар диаграмма дар солҳои таҳқиқшаванда равшан мушоҳида карда мешавад.
Таҳлил аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи камбзоатӣ дар солҳои мазкур 1,4 маротиба паст шудааст ва он мақсаде, ки дар Барномаи миллии стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2030 гузошта шуда буд, то андозае иҷро шуд. Ба пуррагӣ иҷро нашудани мақсад якчанд омилҳо таъсир расониданд ва беш аз ҳама пандемияи COVID – 19, ки на танҳо ба иқтисодиёти давлати мо, зеро ба иқтисодиёти давлатҳои тамоми ҷаҳон зарари бисёр овард.
Ғайр аз ин дар самтҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки вазни қиёсии даромад ва хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 24-25 фоиз расонида мешавад. Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар ММД дар соли 2013 30,29% ва дар 1 семоҳаи соли 2010 – 32,26% ташкил дод. Қайд кардан даркор аст, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 2014 ва 2018 паст шуд (27,68% ва 29,56%). Дар бораи ҳиссаи хароҷот дар ММД гуфта гузарем агар, ин нишондиҳанда дар соли 2013 28,6% ва дар 1 квартали соли 2020 – 31,8%-ро ташкил кард (ҷадвали 2).
Набояд фаромӯш кард дар ҳама давру замон нерӯи инсонӣ бузургтарин арзишу дороии миллату давлат мебошад. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро барои рафъи камбудиҳои мавҷуда ва нигоҳ доштани пешрафти устувори соҳаҳои иқтисодёти кишвар сафарбар созем. Барои боз ҳам устувор намудани иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ҳар яки моро зарураст, ки пайваста чидду ҷаҳд кунем то ба таъмини рушди устувор дар кишвар саҳмгузор бошем.
Ҳамин тариқ қайд намудан зарур аст, ки интихоб намудани Президенти давлат вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Қурбонмуродова О.М.,
н.и.и, муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон