«Забон хишти аввалини кохи миллат
буда, яке аз рукнҳои асосии давлати
миллӣ ва нахустунсури тафаккури
миллӣ мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳадду сарҳадшиносии забон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ,
Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар саросари кишварамон ҷашн гирифта мешавад.
«Забони мо дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудаем».
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 апрели соли 2013)
Таъкиду роҳбаладии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки дар бораи таъриху забон ва дигар арзишҳои миллӣ таҳлилу тадқиқоти зиёде дошта бошем, ки ба воситаи онҳо дар ниҳоди ҷавонон худшиносӣ ва худогоҳии миллиро мустаҳкам намоем.
Боиси хушнудист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир меандешад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллати моро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд ва дар шароити имрӯза аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.
Беш аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарон асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз афзунтар гардониданд.
Дар тӯли таърих забони мо аз сангарҳо ва аз нобасомониҳову фишорҳо гузашт ва бо ҳамин фасоҳату зебоӣ то ба мо расид. Ба гуфти устод Бозор Собир:
Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард.
Бахт гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард.
Рахт гум карду забонро гум накард…
Маълум мегардад, ки мардуми тоҷик баҳри ҳифзи забони модарӣ чӣ қадар ҷонбозиҳо кардааст. Имрӯз вазифаи мо соҳибзабонҳост, ки забонамонро аз олудагиҳову махлутшавӣ нигоҳ дорем ва ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем.
Салимова Г. Б.,
мутахассиси пешбари раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
МТС – и назди Президенти ҶТ