Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад. Халқи шарифи Тоҷикистон тариқи овоздиҳӣ Президенти ҷумҳуриро интихоб карда, дар доираи Конститутсия ӯро аз салоҳиятҳои муайян бархӯрдор мекунад.
Бояд гуфт, ки Президент пеш аз ҳама симои миллат ва давлат аст. Маҳз Президент ба сифати кафили сулҳу субот ва ваҳдати комили ҷомеа баромад карда, дар рушду инкишофи мамлакат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлат, таъмини амният, хушбахтии миллат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақшӣ калидӣ дорад.
Ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ба сифати ифодакунандаи иродаи халқ, на танҳо ҳафт соли ояндаи кишварро муайян хоҳад кард, балки аз ин интихоби халқамон ояндаи наслҳои баъдӣ вобастагии зиёде хоҳад дошт. Албатта, сохтани ояндаи дурахшони кишвар танҳо бо интихоби номзади арзанда имконпазир аст.
Зарур аст, ки баъзе бартариятҳои яке аз номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари воқеӣ зикр гардад, ки ӯро аз дигар номзадҳо фарқ мекунонад:
- Таҷрибаи бузурги сиёсӣ. Барои роҳбари сиёсӣ дар мудирияти давлат таҷрибаи роҳбарӣ хеле муҳим аст. Муваффақияти асосии сиёсатмадори муосир маҳз аз чунин омил сарчашма мегирад. Ин таҷриба на танҳо дар пешбурди сиёсати дохилӣ, балки дар муносибатҳои байналмилалӣ низ аҳамияти бузургро доро аст. Хусусан, дар замони муосир, ки таззодҳои манфиатҳо хеле зиёд аст ва фазои геосиёсӣ торафт мураккаб гардида истодааст, дар ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар дарозмуддат нақши роҳбари тавоно ва ботаҷриба бузург хоҳад буд.
- Асосгузори давлати навини тоҷикон. Бешубҳа, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва эҳёи давлатдории навини миллӣ басо бузур аст. Хизмати таърихии ӯ маҳз дар он аст, ки ба сифати роҳбари сиёсӣ замоне ба майдони сиёсат омад, ки он солҳо барои миллат хеле сахту сангин буд ва давлат дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Хусусияти роҳбари тавоно ҳам дар он аст, ки бенизомии сиёсиро ба субот ва бадбахтиро ба хушбахтӣ табдил дода тавонад.
- Лидери сиёсӣ ва мардумӣ. Хусусиятҳои харизматикии Пешвои миллат хеле рушан аст. Симои зоҳирӣ, тарзи суханронӣ, имову ишора ва самимияти бепоён нисбати халқ ӯро ҳамеша аз дигарон фарқ мегузорад. Аз ин ҷост, ки маҳбули халқ аст ва унвони олии “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат”- ро соҳиб гашт. Сарваре, ки дар ҳақиқат мардумист, ҳамеша бо халқ аст.
- Иродаи қавӣ доштан. Дар мудирияти сиёсӣ барои сарвар хеле зарур аст, ки дорои иродаи мустаҳкам бошад. Олами сиёсат бо мураккаб будани худ аз сарварони сиёсӣ тақозо менамояд, ки дар тасмимгириҳои сиёсӣ ва қабули қарори сиёсӣ шуҷоъ ва дурандеш бошанд. Дар таҷрибаи фаъолияти сиёсии Пешвои миллат воқеъаҳои хеле зиёде рух додаанд, ки аз сарвари тавоно ва қавиирода будани ӯ шаҳодат медиҳанд, хусусан, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва давраҳои музокирот бо неруҳои мухолифин. Мисоли дигар, ин ба сохтмони НБО Роғун оғоз кардан аст. Пӯшида нест, гарчанде, ки кишварҳои алоҳида рӯйирост намехостанд, ки ин сохтмони азими аср сохта шавад, Пешвои миллат талош карданд, ки дар тасмимгириҳои худ қавӣ бошанд ва бо суханони “агар техника ҳам надошта бошем, мо бо нохунҳои худ Роғунро месозем” дар амал собит кард, ки баҳри хушбахтии миллат аз тамоми воситаҳо истифода хоҳад кард. Хушбахтона, имрӯз ду чархи ин неругоҳ алакай ба кор андохта шуд.
- Обрӯ ва эътибори байналмилалӣ. Яке аз хусусиятҳое, ки Пешвои миллатро аз ҳар номзади дигар фарқ мекунонад, ин эътибори бузург дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмонро аз солҳои аввали интихоб шуданаш ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сарвари тавоно ва сулҳофар дар ҷаҳон эътироф мекунанд. Дар ин ҷо зарур аст, ки чанде аз мукофотҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намоем:
– Мукофоти сулҳи Созмони Милали Муттаҳид. Мукофоти олии СММ дар соҳаи таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва сулҳи байналмилалӣ буда, Сарвари Тоҷикистон барои хизматҳои шоёнаш дар самти мазкур соли 2007 бо он сарфароз гардидааст;
– Медали тиллоии Федератсияи Сулҳ ва Ризоят. Ин мукофоти олии Федератсияи Сулҳ ва Ризояти Қирғизистон буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он ба хотири густариши сулҳ ва якдигарфаҳмии халқу миллатҳо моҳи августи соли 2004 сарфароз гардонида шудааст;
– Пешвои асри ХХ1. Ин мукофоти созмони ҷамъиятии Шӯрои Аврупоӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, озодии матбуот ба Сарвари Тоҷикистон барои хизматҳои арзандааш дар ҷодаи зикршуда 18 августи соли 2011 супорида шудааст.
Мусаллам аст, ки бо чунин хусусиятҳои хеш Пешвои миллат дар ҳақиқат, номзади арзандаест, ки аз уҳдаи идораи давлат ба осонӣ баромада, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори кишвар нақши бузурге хоҳад дошт.
Фирӯз Равшаналиев,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон