Лозим ба ёдовари аст, ки бо гузашти ҳар як 7 сола дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон як рӯйдони ниҳоят муҳиму таърихи ва сиёсӣ руй медиҳад, ки дар натиҷаи он мардуми шарафманд ва сарбаланди тоҷик роҳбари воқеи ва арзандаи худро интихоб менамоянд. Ин ҳам бошад, баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки интихоби президент кори сатҳӣ набуда, саҳлангориро намепарастад, зеро аз интихоби мо — шаҳрвандони кишвар, роҳи ояндаи Тоҷикистон мушаххас мегардад, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ барои 7 соли оянда баррасӣ шуда, ба сифати барномаи мукаммал ва стратегии рушди кишвар қабул мешаванд.

Бинобар ин, таҳия ва пешниҳоди барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин ё он ҳизбӣ сиёсӣ аз ҷумлаи шартҳои асосии иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад.

Зикр кардан ба маврид, аст дар ҳар як интихоботи президентӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбҳоӣ гуногуни сиёсӣ дар робита ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои мушаххас таҳия гашта, бо ин барномаҳо довталабон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Вале аз таҳлилҳо баръалло мушоҳида мегардад, ки аз аввал то кунун барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон аз барномаҳои номзадони дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба куллӣ фарқкунанда мебошад. Чунки дар он мақсаду вазифаҳое пешбини мегарданд, ки воқеан амалишаванда буда, дар натиҷаи тадбиқи онҳо соҳаҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва хулоса тамоми бахшҳои ҳайёти ҷомеа ба дастоварҳои назаррас ноил мегардад, ки онҳоро мо имрузҳо бо чашми сар мебинем ва эҳсос менамоем.

Акнун саволи матраҳ ин аст, ки дар натиҷаи тадбиқи мақсуду вазифаҳои дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо то имрӯз ба кадом дастовардҳо ноил гардидаст ва дар 7 соли оянда мамлакати моро боз кадом комёбиҳои назаррас интизор аст.  Бинобар ин, таҳлилу арзёбӣ ва байён намудани натиҷаҳои бадастомадаи тадбиқи  мақсаду вазифаҳои барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар 7 ё 14 соли гузашта муҳим мебошад.

Дар натиҷаи таҳлилу арзёбиҳо мушоҳида гардид, ки дар давоми солҳои 2007-2013 ва 2013-2020 дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифаҳои дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон пешбини гардида, вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба кулли тағйир ёфт ва ба як қатор дастовардҳо ноил гардид, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат мебошанд, аз ҷумла:

Солҳои 2007-2013

  • Тақрибан 4 баробар зиёд гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Дар давраи таҳлилӣ нишондиҳандаи мазкур дар қиёс бо баъзе давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба маротиб болотар буд.
  • То 3,4 баробар зиёд афзоиш ёфтани ММД дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ;
  • То 4,2 баробар зиёд гардидани даромади пулии аҳолӣ ва музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулӣ;
  • Маоши миёнаи воқеии як корманд 5,5 ва ҳаҷми пасандозҳо бошанд 4,5 баробар зиёд гардид;
  • То 7 баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет барои соҳаҳои иҷтимоӣ. Дар ҳамин давра, дар натиҷаи сохтмони мактабҳои нав шумораи ҷойҳои нишасти талабагон дар кишвар то 227 ҳазор зиёд гардид;
  • Дар соли 2012 бо шарофати зиёд шудани ММД ба ҳар сари аҳолӣ хатари ба гурӯҳи кишварҳои сусттараққикарда ворид намудани Тоҷикистон аз байн рафт ва кишвари мо ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф аз ҷониби СММ эътироф гардид;
  • Натиҷаҳои бадастомада боиси он гардид, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар ин давра, то ба 38 дарсад паст гардид.

Солҳои 2013-2020

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар давоми 7 соли гузашта дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифаҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон кишвар дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маҷмӯан, ба зиёда аз 45 дарстовардҳои ҳайётан муҳим ноил гардидааст, аз ҷумла:

  • Тақрибан ду баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми ММД ва даромади буҷети давлатӣ;
  • То 58 дарсад рушд кардани иқтисодиёти кишвар, зиёда аз 57 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва то 60 фисад таъмин гардидани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ;
  • Тақрибан, 3 баробар зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 5,1 банди фоизӣ афзоиш ёфтани ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД ва то 8,5 дарсад зиёд гардидани ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ;
  • Ҳадди ақали музди меҳнат 2 ва музди миёнаи меҳнат бошад 1,9 маротиба афзоиш ёфтааст;
  • Даромади пулии аҳолӣ беш аз 1,6 баробар зиёд ва сатҳи камбизоатӣ бошад, то 1,4 маротиба паст гардид;
  • Стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантони муассисаҳои илмӣ 1,5 ва нафақаи ҳадди ақал аз руи синну сол, заминавӣ ва ниҳоӣ 1,4 маротиба афзоиш ёфтааст;
  • Татбиқ гардидани 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ва ҷалб гардидани 57,3 миллиард сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 30 миллиард сармояи мустақим ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар;
  • Бунёди 6 корхонаҳои ҳаётан муҳими саноатӣкӯҳӣ дар заминаи конҳои канданиҳои фоиданоки мавзеъҳои Ваҳдат, Мурғоб, Истиқлол, Панҷакент;
  • Ба истифода додани 875 адад корхонаҳои нави саноатӣ хурду миёна ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ ки нишондиҳандаи нақшаи дар барнома пешбинишуда тақрибан 4,4 баробар зиёд мебошад;
  • Бо такя ба бахши хусусӣ таъсисӣ зиёда за 1 миллиону 82 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва то то 81,7 афзоиш ёфтани аҳолии машғул дар бахши хусусӣ;
  • Таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ;
  • Ба истифода додани агрегатҳои якум ва дуюми НБО-и Роғун, “Неругоҳи барқии обии Сангтуда –2, маркази барқу гармдиҳии Душанбе – 2» бо иқтидори 100 МВт ва амалӣ намудани сохтмони лоиҳаи минтақавии КАССА – 1000. Ин тадбирҳо ифкон фароҳам оварданд, ки  ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат то 6 миллиард киловатт – соат зиёд гардад;
  • Эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии бо сурати кишвар;
  • Дар амал татбиқ гардидани Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017” ва заминаи он беш аз 300  ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар кишвар таъсис ва барқарор карда шуд;
  • Таҳия ва татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020. Дар натиҷаи он беш аз 1,2 маротиба зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ;
  • Таъсиси МД “ФДСНҲ ҶТ. Муассиса аз ибтидои фаъолияти худ то имрӯз ба 161 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи 222,4 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст, ки нисбат ба соли 2013 зиёда аз 7,4 маротиба зиёд мебошад.

Аз факту рақамҳои овардашуда баръало мушоҳида мегардад, ки нишондиҳандаҳои дар солҳои 2007-2013 ва 2013-2020-ум пешбининамудаи барномаи номзад ба мансаби Президенти кишвар дар маҷмӯъ, пурра иҷро гардида, ва дар ин раванд агар ҳар нафар гӯяде гӯяд, ки  барнома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон дар соли дар солҳои зикргардида иҷро нашуд, ё одам нест ё аз ин олам нест.

 

Мақсаду фазифаҳо барои давраи то соли 2027

Чуноне, ки маълум аст санаи 11 октиябрӣ соли равон дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ номзадҳои тасдиқгардида бо барномаҳои пешазинтихоботии худ ширкат варзида, барои ба даст овардани курсии Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Яке номзадҳои воқеан ҳам арзанда бо барномаи мушаххас ва воқеан амалишаванда аз ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар муқоиса бо барномаҳои қаблии худ боз ҳам пурқувват буда, дар он таъмини рушди боз ҳам устувори иқтисоди, саноатикнонии босурат, ҷори кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ барои 7 соли оянда, ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ, барномаи мазкуро метавон њамчун  як санади стратегӣ ва фарогири тамоми соњањои њаёти ҷомеа ва таъминкунандаи дурнамои рушди устувори кишвар дар њамаи самтњо арзёбӣ намуд.

Дар ин давра, дар бахши иқтисодиёт ба се вазифаи асосӣ афзалият дода мешавад, махсусан:

  1. Таъмини рушди устувор таввасути баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии мамлакат;
  2. Афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёна аҳолии мамлакат;
  3. Расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиб иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Дар доираи барномаи мазкур маҷмӯан, ба 18 самти ҳаётан муҳими ҷомеа, аз ҷумла  иқтисодиёт, маориф ва илм, шуғл, тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волояти қонун, амният, мудофиа, ва такмили қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун афзалияти асоси муайян гардидааст. Барои таъмини рушди соҳаҳои мазкур дар маҷмӯъ ҳаллу фасли зиёда аз 110 масъала пешбини шуда, аз он 38 масъалааш бевосита ба таъмини рушдии устувори иқтисодиёт равона гардидааст.

  1. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар зиёд мегардад.
  2. Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ 18 дарсад коҳиш дода мешавад.
  3. Ҳамасола ҷойҳои нави кори доими ва мавсими таъсис дода мешаванд;
  4. Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқа, хусусан ғизои хушсифати мутобиқ ба меъёрҳои тавсияшуда афзоиш дода мешавад;
  5. Ба масъалаҳои кам кардани вобастагии кишвар аз воридоти молу маҳсулот тавваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад;
  6. Сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадриҷан баланд бардошта мешавад.
  7. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 123 миллар сомонӣ равона мегардад.
  8. Ҳамкориҳои давлат боббахши хусусӣ боз ҳам тақвият дода мешавад.
  9. Ислоҳот дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ идома дода мешавад;
  10. Вобаста ба зихираву имкониятҳои минтақаҳои кишвар навовариҳо ҷорӣ гардида, ба рушди неруи инсонӣ такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

Дар маҷмӯъ, мақсаду вазифа ва татбирҳои дар доираи барнома зикргардида имкон фароҳам меоранд, ки  дар муддати 7 соли оянда мадели нави иқтисодӣ тадбиқ шаванд, ҳадафҳои стратегии мамлакат тадриҷан амалӣ гарданд ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва махсусан, сатҳу сифати зиндагии мардум  куллан тағйир ёбад.  Илова бар ин, мавҷеи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон аз руйи ҳамаи нишондиҳандаҳо устувор мегардад.

Аз ин лиҳоз, бовари комил дорем, ки  мардуми сарбаланди мамлакат бо хулосаи ниҳоӣ ва дақиқӣ худ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба тарафдори номзади арзада овоз медиҳанд.

Одинаев А.И.,

сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои

соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Чоп кунед