Хуршед Зиёӣ,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар таърихи 6 ноябри соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ мардуми шарафманди кишварамон фаъолона ширкат варзида, аз байни 6 номзад бо аксарияти кулли овозҳои интихобкунандагон номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуданд. Ин ғолибияти мутлақи номзад сабабу омилҳои зиёде дошт, ки аз байни онҳо дуторо махсусан зикр кардан зарур аст: аввалан, шахсияти худи номзад, ки сиёсатмадори шинохтаву варзида буда, дар таърихи навини миллати тоҷик барои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат хизматҳои шоиста намудаанд ва сулҳу оромӣ, ваҳдати миллатро таъмин ва устувор сохта, сазовори унвонҳои олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат гаштаанд; сониян, ғолибияти Пешвои миллатро дар интихоботи мазкур барномаи пешазинтихоботии номзад таъмин намуд, ки дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳадафу андешаҳои шахсии номзад оид ба давлату давлатдории миллӣ таҳия гардида, дар тамоми самтҳо дар ҳақиқат ҳам як барномаи воқеӣ ва амалишаванда буд.
Таҳлилҳои Барномаи мазкур гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ҳадафҳои дар пешгузоштаашон, ки дар «Самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» дар қисматҳои «Дар соҳаи иқтисод», «Дар соҳаи иҷтимоиёт ва маънавиёт», «Дар бахши сиёсат, рушди демократия», «Такмили низоми қонунгузорӣ» ва «Дар бахши сиёсати хориҷӣ» барои солҳои 2013-2020 инъикос ёфтаанд, расиданд ва дар назди интихобкунандагон ва тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон вазифаҳои худро сарбаландона ба сомон расониданд. Тавассути амалишавии барномаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, саҳифаи наверо дар таърихи худ дар чоряки аввали қарни XXI боз намуд.
Барои намуна аз пешравиҳое, ки дар барномаи қаблии Пешвои миллат пешбинӣ гардида буданд, якчанд мисол меорем. Дар ҳафт соли охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150 ҳазор ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд ва шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50 фоиз кам гардид. Нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020 паст гардид. Дар ин давра дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт ва фавти кӯдакони синни то панҷсола 20 фоиз коҳиш ёфт. Ҳамзамон, дар ин солҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст ва муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат сохта, ба истифода дода шуданд. Беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардид.
Дар натиҷаи иҷрои барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат барои солҳои 2013-2020 ва ба кор даровардани 2 чархаи НБО-и «Роғун», пурра ба истифода додани «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 МВТ, Маркази барқи гармдиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 400 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ истиқлолияти энергетикии кишвар таъмин гардид.
Давоми солҳои 2013–2020 ислоҳоти соҳаи маориф таҳти шиори “Ташаккули мактаби нав” идома ёфта, ҷиҳати дастгирии омӯзгорон имтиёзҳо аз қабили ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, кӯмакпулиҳо ва қарзҳои имтиёзнок давра ба давра бештар карда шуд. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» тағйирот ворид гардида, дар доираи он як қатор созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд ва ѓайра.
Чунонки маълум аст, имсол санаи 11 октябри соли 2020 интихоботи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки барои иштирок дар он аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Итифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардидааст. Барои ширкат дар ин интихобот ҳоло мо санади нави созандагию ободкорӣ – “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст»-ро дар даст дорем, ки бо номи «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия гардида, бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда, яъне барои солҳои 2021-2027 пешниҳод шудааст ва чун барномаи интихоботи қаблӣ хеле пурмуҳтаво ва воқеӣ аст.
Барнома аз қисмати муқаддимавӣ, фаслҳои нақшаҳои барномавӣ дар давраи то соли 2027, сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин қисмати натиҷаҳои татбиқи самарабахши ҳадафҳои пешбинигардида иборат мебошад.
Дар барнома таъкид ёфтааст, ки тӯли ҳафт соли оянда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ 2 баробар афзоиш меёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад. Ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад. Ба ҳамин роҳҳо рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд мешавад.
Дар баробари соҳаи иқтисодӣ ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир шуда, дар барнома таъкид ёфтааст, ки ислоҳот дар ин самт идома меёбад ва давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад. Таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимон, кӯдакони маъюб ва бесаробон ва амсоли он низ аз самтҳои афзалиятнок шинохта шудаанд.
Ба масъалаҳои таҳким бахшидан ба сатҳи маънавиёти ҷомеа ва таъмин намудани рушди забони давлатӣ ва фарҳангу санъат, устувор намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг, ҳавасманд гардонидани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат ва муҳайё намудани шароити арзанда барои истеъдодҳои ҷавон, ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва ѓайра солҳои 2021-2027 таваҷҷуҳи махсус карда мешавад. Инчунин ташаббусҳои созандаи ҷавонон дастгирӣ ёфта, нақши занон дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта мешавад, оммавигардонии варзиш таъмин мегардад ва ѓайра.
Дар самти масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ Пешвои миллат дар барномаашон мақсади муҳимтаринро баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандони мамлакат, устувору пойдор гардонидани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳисобидаанд. Дар ин соҳаҳо ҳифз намудани суботу оромии ҷомеа, таҳким бахшидан ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тақвият бахшидани муқовимат бар зидди коррупсия ва тадбирҳои дигари амсоли он пешбинӣ шудаанд.
Сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳафт соли оянда тибқи барнома ба тақвият бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯсту ҳамҷавор нигаронида шуда, ҷиҳати ҳимояву пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Пешвои миллат дар барномаи пешазинтихоботиашон иброз намудаанд, ки «Мо бовар дорем, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон, неруҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоии кишвар ҳадафҳои мазкурро амалӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон роҳи васеъ мекушоем ва аз худ барои наслҳои оянда як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зеборо ба мерос мегузорем».
Чунонки мебинем, “Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст», як барномаи воқеӣ, рӯзмарра ва ҷавобгӯи талаботи тамоми табақаҳои аҳолии кишварамон буда, амалисозии он дар ҳақиқат ҳам рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардумро то соли 2027 таъмин месозад. Аз ин рӯ эътимоди комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон ин Барномаро дастгирӣ мекунанд ва дар таърихи 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона овоз медиҳанд.