ПАРЧАМ — РАМЗИ СУЛҲ ВА ОЗОДИИ КИШВАР
“Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, таърихи бою ғанӣ дорад ва имрӯзҳо ба ҷаҳониён аз мавҷуд будани давлати озоду соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон дарак медиҳад.
Ҳамчунин боиси ифтихор ва сарбаландист, ки парчами давлатӣ чун рамзи давлати соҳибистиқлол дар ватани азизамон ва дигар ақсои олам парафшонӣ намуда таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷиконро доимо зинда нигоҳ медорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба санаи таърихӣ баён доштанд: “Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Қабули парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати соҳибистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд”.
Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд, ғурури миллӣ ва эҳсоси ватандориро бедор менамояд. Бинобар ин ҳифзи парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки рӯзи 3 ноябри соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”»-ро пешниҳод намуд. Ин лоиҳа пазируфта шуда, мувофиқи он рӯзи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб ин сана ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори кишвар бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Мақсади таҷлили ин сана изҳори эҳтиром ба яке аз рамзҳои муҳими давлатии мамлакат, ҳамчунин бедор сохтани эҳсоси ватандӯстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон, бахусус насли ҷавон мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимии миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз, баробар мебошад. Рӯи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал бо расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Агар каме ба таърихи парчам назар афканем, рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёинажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунуни замон расидаанд. Парчам худ аз қадим вожаи суғдӣ буда, ба маънии “зулфу кокул” ва ҳамчунин “пупаки абрешимӣ” мӯй ё думи гажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд. Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта бо гузашти замон бар худи дирафш низ гуфта шуд. Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар Авесто монанд ба “Дирафши ковиёнӣ” буданд, ки басе дертар падид омадааст.
Куҳантарин рамзи кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ ном мебурданд. Тибқи ривоятҳои қадима, ки дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ зикр ёфтаанд, «Дирафши Ковиёнӣ» дар замони шӯриши мардуми Эрон таҳти роҳбарии Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳок пайдо шудааст. Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дар нӯги найза баста бо ин парчам шӯришгаронро ба пеши Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд овард. Ба Фаридун ин парчам писанд омад ва онро ба ситораи тиллоии чор шуоъдор, сангҳои қимматбаҳо ва се ранг сурх, сафед ва нилгун ороиш дода, “Дирафши Ковиёнӣ” номгузорӣ намуд, ки ин то ба замони мо омада расида суннату анъанаи аҷдодони гузаштаи моро зинда нигоҳ медорад. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои кишварҳои пешрафта ва абарқудрати ҷаҳон дар созмонҳои муҳими байналмилалӣ парафшон аст. Ин воқеа нишонаи боло рафтани мақом, нуфуз ва обрӯи давлати тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 23 ноябри соли 2010 ироа гардид, рангҳои Парчами миллиро ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва рамзи арзишҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ дониста, таъкид намуд:
Ранги сурх- рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлоли Ватан;
Ранги сафед- нишони бахту саодат ва умеду орзуи халқ;
Ранги сабз- нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.
Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчами давлатӣ дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад: дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, мақомоти иҷроияи маҳалҳо ва инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд афрохта мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини кишвар мебошад. Дар воқеъ дар фаъолияти давлатдорӣ аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеи муҳимро иҷро менамояд. Дар ҳамин замина таъкид гардид, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо вазифадорем, ки дар зери парчами давлатии худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навини тоҷикон саъю талош намоем, ва чигунае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешво миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон қайд мекунанд, мо ҷавонон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз намоем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҳамчунин ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам баланд бардорем.
Мо ҳама ҷавонони хирадманди даврони истиқлол ба нодиртарин ганҷи диёр расида, то охир мисли ҷон онро дар қалби хеш парвариш менамоем ва ҳамеша фахр аз он дорем, ки тоҷикему соҳиби истиқлолем.
Мардонова Кибриё,
сармутахассиси Раёсати коргузорӣ
ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон