Дар шароити имрӯза омӯзиши васеъ ва касбии ҳаракатҳои ифротию террористӣ барои таҳия намудани иқдомҳои пешгирикунанда муҳим ба назар мерасад. Аз ин дидгоҳ бо дарназардошти боздошт шудани аъзо ва ҷонибдорони созмони «Ихвон-ул-муслимин» дар Тоҷикистон, ки солҳои дароз пинҳонкорона фаъолияти худро ба роҳ монда буданд, аҳамияти баландро касб менамояд. Дар ин замина тасмим гирифта шуд, ки баъзе масъалаҳои рабтдошта ба созмони «Ихвон-ул-муслимин», пӯшиши иттилоотии фаъолиятҳои он матни таҳлилии мазкур омода шавад ва барои ниҳодҳои масъули давлатӣ (МИҲД, вазорату кумитаҳои дахлдор, сохторҳои қудративу низомӣ) ҳамчун маводи ёрирасон метавонад барои ба роҳ мондани корҳои идеологӣ ва тарбиявию маърифатӣ хизмат кунад.
Тавре ВАО маълумот додаанд, рӯзи 14-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб Конфронси сатҳи баланди илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм» баргузор гардид. Мақсади асосии ташкил ва баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд мустаҳкам намудани муносибати муштараки ду кишвар дар масъалаи муборизаи дастаҷамъона бар зидди фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ равона гардида буд. Инчунин, ҳадафҳои минбаъда ошкору муайян намудани фаъолият ва робитаи таърихӣ доштаи созмони террористию экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо созмони «Ихвон-ул-муслимин», ки қанотҳои сохташудаи «Ал-Қоида» мебошанд, бахшида шуда буд.
Аз натиҷаи ҳамоиш олимону коршиносон аз давлатҳои гуногун бо далелҳои зиёде тасдиқ намуданд, ки ТЭТ ҲНИТ бо созмони «Ихвон-ул-муслимин» робитаи таърихӣ доранд, ва яке аз шохаҳои хориҷии он мебошад. Онҳо дар фаъолияташон дини исломро барои худ ҳамчун аслиҳа ва барномаи мукаммал истифода намуда, айни замон ҳам аз як марказ маблағгузорӣ ва идора мешаванд. Умумиятҳои якхелаи байни созмони «Ихвон-ул-муслимин» ва ТЭТ ҲНИТ, аз ҷумла таърих, ақида, равиш ва ҳадафҳои ҳамсон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин ду созмони террористӣ дар ҳамкории пайваста бо созмонҳои байналмилалии террористӣ, аз қабили ДОИШ ва “Ал-Қоида” ҳамеша таҳдиду хатари ҷиддӣ барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ доранд.
Аз маълумоти таърихӣ бармеояд, ки дар заминаи Ҳизби Наҳзати Исломии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, фаъолияташро то сентябри соли 2015 идома дода, шумораи узвияту пайравонаш ба 43 ҳазор нафар расида буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи гузариш дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳамин гуна вазъияти ногувор гирифтор гардида буд. ТЭТ ҲНИТ моҳи декабри соли 1991 баъди фурӯпошии ИҶШС дар Тоҷикистон худро ошкор карда, бо ҷалби пайравонашон талош карданд, ки ба таври расмӣ ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шаванд.
Тавре огаҳӣ дорем, ТЭТ ҲНИТ, ки фаъолияти мазҳабӣ ва ихвониро пеша карда буд, бо гузашти ду сол бинобар даст доштан ба нооромиҳои дохилии ҷумҳурӣ ва ташкили ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992 фаъолияти он дар кишвар мамнӯъ эълон карда шуд. Баъди фирор кардани роҳбарону фаъолони ҳизб ва қумондонҳои силоҳбадаст ба кишварҳои Эрон, Покистону Афғонистон ва ғайра фаъолияти худро ҳамчун Ҳаракати Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар лагерҳои террористии кишварҳои номбурда идома доданд.
Таҳлили барнома ва ойиномаҳои созмони «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-Қоида» ва ТЭТ ҲНИТ ва рӯҳониёни ҷонибдорашон аз нигоҳи идеологияи корбарию амалҳояшон якхела мебошанд. Ҳадафи асосӣ ба даст овардани аксари курсиҳо дар ҳайати Парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ва мақомотҳои роҳбарикунанда буд. Мутаассифона, ҳадафҳо пурра муайяну тасдиқ гардиданд, ки роҳи онҳо ғайриқонунӣ ташкили табаддулоти давлатӣ, ғасби ҳокимият ва бо роҳи зӯроварӣ истифода намудани равияҳои сиёсии худ будааст. Чунин амалҳоро мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон шоҳид гардидем, ки ТЭТ ҲНИТ ҳам ҳамин гуна амалҳои дар боло зикргардидаи созмони «Ихвон-ул-муслимин»-ро анҷом додааст.
–Аввалин амали ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 1992 ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави ҳизб дар минтақаи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе буд. Аксари рабудашудагон шахсиятҳои бонуфузи кишвар буданд, ки бо азобу шиканҷа ба ҳалокат расонида шуданд.
–Талаботи дигар сафарбарии маҷбурӣ ба сафи ҲНИТ ва дастаҳои силоҳбадаст, сафарбарии ҷавонон барои таълимоти ғайриқонунии динӣ ба созмонҳои террористии хориҷи кишвар, бунёди ғайриқонунии масҷиду таълимгоҳҳои динӣ, ташкили дастаҳои санҷишӣ доир ба донистани одамон аз намозу рӯза, таълимоти маҷбурии дини, ҷазодиҳии саркашон ва ғайра иборат буданд, ки ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат ҷафои ҷонию молӣ ва рӯҳию равонии онро кашиданд.
–Яке аз амалҳои дигари хиёнаткорӣ истифодаи усули ба асорат гирифтани намояндагони СММ, рӯзноманигорони хориҷӣ ва намояндагони воломақоми давлатӣ буданд. Давоми фаъолияти онҳо бештар аз сад нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, нозирони СММ, дипломатҳо, рӯзноманигорон, сайёҳон ва ғайра дар минтақаҳои гуногун ба қатл расонида шудаанд.
Яъне маҳз бо туфайли ҳамин гурӯҳҳои нопоки террористии собиқ ТЭТ ҲНИТ дар маҷмӯъ, беш аз 150 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳалокат расида, зиёда аз 1,5 миллион нафарашон азобу ранҷи ғарибию муҳоҷирати сахтро аз сар гузаронида, харобиҳои ба вуқуъ пайваста раванди тараққиёти минбаъдаи кишварро ба даҳсолаҳо қафо партофт. Ҳамаи кирдори содиркардаи ТЭТ ҲНИТ амалҳои содиркардаи ДОИШ-ро дар кишварҳои Ховари Миёна ба ёд оварда, тамоми ваҳшонияти давоми фаъолияташон анҷомдодаро тасдиқ менамоянд.
Шарҳи паҳлуи дигари фаъолияти собиқ ТЭТ ҲНИТ, агар роҳбари террористони наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ замони расман фаъолият доштанаш, майл ба ҷониби терроризм ё дар амалиётҳои террористӣ даст намедошт, соли 2012 ба Ҷумҳурии Мисри Араб рафта, террористеро бо номи Муҳаммад Мурсӣ барои ба сари қудрат омаданаш, табрику шодбош намегуфт.Муҳаммад Мурсӣ яке аз роҳбарони аршади созмони террористии «Ихвон-ул-муслимин» буд, ки барои чандин табаддулоту куштор дар маҳбас қарор дошт, баъди ташкили ошӯби “Баҳори Араб” ӯро аз маҳбас озод карда, президенти Миср интихоб намуда буданд. Азбаски дар вуҷуд ва бунёди ТЭТ ҲНИТ амалҳои нопоки ҷудоиандозию таҷовузкорӣ, қаллобию харобкорӣ ташкили табадулоту ғасби ҳокимият, нуҳуфта намебуд, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар ҳама ҳолат аз гурӯҳу ҳаракатҳои террористию ифротгаро ҷонибдорӣ намекард ва бо онҳо то имрӯз ҳамкориро идома намедод.
Солҳои 2012–2018 аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-Қоида», ТЭТ ҲНИТ ва ДОИШ ҷавонони зиёде аз кишварҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла аз Тоҷикистон 1900 нафар ба муҳорибаҳои Сурия, Ироқ, Покистон ва Афѓонистон ҷалб карда шудаанд, ба номи Тоҷикистон иснод оварданд.
Собиқ ТЭТ ҲНИ дар вақти расман фаъолият доштани худ ягон маротиба дар саҳифаи сомона, ҳафтанома, маҷаллаи худ ва ё дигар воситаҳои ахбори омма дар бораи иштирок дар ин набардҳои хунин аз нуқтаи назари дини ислом гуноҳи бузурге барои мардуми мусалмон аст, даъват ба амал наовард. Баръакс, ташкилоти мазкур ин падидаҳоро дар воситаҳои ахбори омма ҳар гуна тоб дода, калтаки дасти худ карда буд. Дар он рӯзҳое, ки мардуми кишвар барои нигоҳ доштани фарҳанг ва либоси миллӣ амалҳои заруриро меандешид, террористони наҳзатӣ пӯшидани сатру ҳиҷоби аз мардуми бегона овардашударо ҳимоя карда, амалҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ғайриқонунӣ ва ғайришариатӣ меномиданд.
Ҳамин тавр, шарҳи маводи овардашуда порае аз ҳама амалҳои ҷиноятие мебошанд, ки созмони байналмилалии “Ихвон-ул-муслимин”, ТЭТ ҲНИТ ва ДОИШ дар ниқоби ислом алайҳи исоният ва ҷомеаи умумибашарӣ амали намудаанд.
Новобаста аз пешбурди корҳои зиёди таблиғотӣ бо мардум олимону коршиносон тариқи ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ вазъи имрӯзаи кишварро аз назари муҳити динӣ узвияту шомилшавии бархе аз шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мазҳабҳои гуногуни ифротгаро нигароникунанда шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Мурофиаеро дар ин бобат Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушти дарҳои баста оѓоз намудааст. Дар ин парванда ба 116 нафар пайравони ТЭТ “Ихвон-ул-муслимин” ҳамчун гумонбар айб эълон карда шуда, мурофиа идома дорад. Тибқи маълумот дастгиршудагон ду шаҳрванди Миср, 20 устоди донишгоҳ, чанд донишҷӯ, инчунин, устодони маркази забономӯзӣ ва ѓайра мебошанд. Албатта, пахши чунин хабару мақолаҳои пурсарусадо ба рӯҳияи сиёсӣ, ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар бетаъсир намемонанд.
Аз ин рӯ, хулосаҳои зерини пешкашгардида барои маълумоти Вазорату кумитаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаю ташкилоти дахлдори кишвар аз манфиат холӣ нест:
Якум, таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ–вабои аср бо душмани бераҳму бешафқат ва маккоре рӯбарӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонанд.
Дуюм, ТЭТ ҲНИТ тайи замони мавҷудияти хеш, чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ, аз усулҳои созмони «Ихвон-ул-муслимин» ба тарзи густурда истифода менамуд ва намудаистодааст. Терроризми ақидавии ТЭТ ҲНИТ аз рӯйи усули «қадам ба қадам» аст: ором-ором ба мағзҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят ва кӯшиш намудан, ки то андозае гурӯҳҳои муайяни рӯзноманигорону адибон, олимон ва донишҷӯёнро ба самти худ моил намояд.
Сеюм, дар бахши амалӣ бошад, ТЭТ ҲНИТ мисли созмони «Ихвон-ул-муслимин» аз сиёсатҳои зӯроварӣ ё терроризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷиаи солҳо 90-ум ё террори ақидатӣ дар солҳои 1991–1997 ва кӯшиши бо роҳи зӯроварӣ иваз кардани ҳокимият дар соли 2015 гардид. Хатари фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мисли созмони «Ихвон-ул-муслимин» аз он иборат мебошад, ки ҳадафи худро ба дини поки мубини ислом пайваст намуда, аз содагию бетаҷрибагии мардум суистифода карда, мақсади нопоки худро байни эътиқодмандони мусулмон амалӣ менамояд. Дар ин раванд бештари мардум хеле кам ба илму дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, эътимоди бештар ба бовару эътиқодоти динӣ менамоянд. Дар ин замина бартарият ба дасти рӯҳониён, имомхатибон мегузарад, роҳбари афзалияти бештарро дар маҳали зист пайдо менамоянд. Раванди ҳодисот ва воқеоти дар атроф рӯйдодаро дуруст дарку баҳогузорӣ накарда, оммаи эътиқотмандро ба манфиати худ ё дигар манфиатҳо суистифода менамоянд, аммо дар ин давра фаъолияти авомфиребона ва ҳадафу барномаҳои ин гурӯҳҳо ба ҳамагон равшан гардид, ки чӣ гуна ба давлату мардуми худ хиёнатҳоро раво дидаанд.
Чорум, барои омӯзиши манбаъҳои хатарзои таъсирасони фаъолияти неруҳои мухолифи давлатию ҳукуматӣ, ТЭТ ҲНИТ “Паймони миллии Тоҷикистон”, Гурӯҳи–24 ва пайравони онҳо дар хориҷ ва дохилӣ кишвар таҳқиқоти дастаҷамъонаи тамоми ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ташкил карда шавад. Доир ба натиҷагирии ин масъала назари ҳар як фарди солимфикри ҷомеа зарур аст, ки вазъи ҷойдошта чӣ гуна шакл гирифта истодааст, эътиқоду назари мардумро дар амал нисбати мавқеи доштаи онҳо ва хатари ояндаи ин ҳизбу созмонҳои ифротгароро баҳо диҳанд ва баҳри рафъи он чораҳои зарурӣ андешанд.
Панҷум, вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодагии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии ҳама ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамоҳангии ҳамаи сохторҳои қудратиро барои пешгирии таҳдидҳои эҳтимолӣ тақозо менамояд. Вазорату кумитаҳои қудратӣ, хизматчиёни ҳарбии ҳама ҷузъу томҳоро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ва ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Шашум, барои ба доми гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ ва пайравони онҳо наафтодани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, маводҳои барномаҳои таълимӣ ва матнҳои китобҳои дарсӣ доир ба терроризму ифротгароӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа бозбинӣ карда шуда, маводҳои илмии аниқшуда ворид карда шавад, то ин ки ҷавонон аз моҳияти манфии ин падидаҳои номатлуб маълумоти кофии илмӣ пайдо намоянд.
Нуҳум, Тавассути ВАО, ва ташкили сабтҳои кормандони ҳукумату идораҳои маҳаллӣ амали ѓайриқонунии шахсоне, ки динро ниқоб карда бо он гуноҳҳои худро пардапӯш менамоянд, ошкор карда шавад.
Саидхоҷа Акбаров,
Коршиноси масъалаҳои сиёсати
дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз Минбари халқ №32 аз 5–августи 2020