МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ВА ИНСТИТУТИ НЕПАЛ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСОНИДАНД

14 октябри соли 2025 бо мақсади густариши ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тақвияти робитаҳои байналмилалӣ, миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид.
Санади мазкур аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин ва муассиси Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Сунил К.С. ба тасвиб расид.
Мақсади Ёддошти тафоҳум фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва амалии ҳамкорӣ, ҳифзи робитаҳои мунтазам ва рушди муносибатҳои судманд миёни ду муассисаи таҳлилӣ мебошад.
Дар доираи ин санад, ҷонибҳо ба ташкили чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла семинарҳо, мизҳои мудаввар ва барномаҳои тадқиқотӣ, инчунин табодули мутахассисон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисод ва тиҷорати байналмилалӣ авлавият медиҳанд. Илова бар ин, мубодилаи адабиёт ва нашрияҳои илмӣ низ дар назар аст.
Имзои Ёддошти мазкур қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ байни Тоҷикистон ва Непал арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон