Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудаанд. Пешвои муаззами миллат яке аз аввалин роҳбаронест, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд.

Пешвои муаззами миллат зимни суханрониҳои худ, махсусан, ба баррасии масъалаҳои глобалӣ, алалхусус, механизмҳои нави молиявӣ ва мудирияти об, баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, зуд-зуд рўй додани ҳодисаҳои офатбори табиӣ, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдакро андешагузорӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли ин мушкилот даъват менамоянд.

Ахиран, 21-уми декабри соли 2016 ташаббуси Пешвои миллат зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо дастгирии 177 кишвари олам қабул шуд. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти маъалаҳои об роҳандозӣ шудааст.

Мақсад аз ташаббусҳо ин аст, ки Пешвои миллат назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилотҳои тамоми сайёра баён менамояд. Айни замон, ки тағйирёбии иқлим ва бо суръати баланд об шудани пиряхҳои бузург идома дорад, Президенти кишвари мо аз даҳҳаи  аввали асри 20 пешбинӣ ва таҳлил намуданд, ки ин падида ба талафоти зиёди ҳайвоноту наботот ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ оварда мерасонад.

20-уми сентябри соли 2010  дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан аз минбари СММ изҳор кард, ки “Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад”.

Ҳар як ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи давлату миллати тоҷик буда, кӯшиш мекунанд, ки миллати тоҷик то абад орӣ аз ҳама мушкилии зиндагӣ бошанд ва ҳамеша зиндагии осуда баранд. Ташаббусҳои оламшумули Сарвари давлат ва мақсаду мароми неки ў аст, ки мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як миллати бузурги соҳибандеша дониста мешавад. Мо бояд дар паҳлуи давлату ҳукумати худ бошем ва дастгири ташаббусҳои Пешвои муаззами миллати худ шавем. Ҳар ташаббуси Роҳбари давлат инъикоскунандаи манфиати ҳаётии кишвар ва ҷомеаи мост.

Тағоймуродов Некруз,

мутахассиси Раёсати таҳлил

ва ояндабинии сиёсати хориҷии

МТС-и  назди Президенти ҶТ

Чоп кунед