Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги дохилии бародаркушро аз сар гузаронид. Ин рӯзҳои вазнин барои кулли мардуми тоҷик рӯзи сиёње буд, ки аз гуруснагӣ аз ваҳшонияти мухолифони дохилӣ азият мекашиданд. Як қисми мардум хонаҳои худро партофта, авлоду аҷдоди худро падруд гуфта, берун аз ватан мешуданд. Кўчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе пур аз силоҳдорон буд. Ин даҳшат ба рӯҳияи мардум таъсир гузошт, зеро нохалафон дар баробари ин духтарону занонро асир гирифта, ба номуси онҳо даст мезаданд. Шумораи кӯдакони ятим бисёр ба чашм мерасид, онҳо дар кӯчаю хиёбонҳо аз гушнагию ташнагӣ, аз надоштани либос оби дида мекарданд. Касе ба кӯдакон назаре намекард ва касе дилсӯзи касе набуд. Падарону модароне буданд, ки кӯдакони худро партофта, берун аз ватан барои ҷони худро наҷот додан гурехтанд. Занони бепушту паноҳмонда аз гуруснагӣ азият мекашидан . Онҳо аз хӯрдани њар гуна гиёњњои заҳрнок ҳалок мешуданд. Қурбониёни ҷанги дохилӣ рӯз то рӯз меафзуданд, пушти мошинҳои боркаш пур аз одамони ҷонбохта ва дархуномехта ба ҳар тараф ҳаракат мекарданд, то ин, ки қурбониёнро ба хок супоранд. Мардуми шарафманди тоҷик ба сулҳу субот бовари надоштанд.
16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум баргузор гардид. Миллати тоҷик бо умед ба натиҷаҳои ин иҷлосия чашм дӯхта буд. Ин охирин фурсат буд, ки ё Шӯрои Олӣ масъулияти худро дар назди таърих ва халқу Ватан ба ҷо меорад, кишварро аз ин вазъияти буҳронӣ наҷот медиҳд ва ё ин фурсати сарнавиштсоз ҳамеша аз даст меравад. Хушбахтона, Шӯрои Олӣ бо интихоби роҳбари ҷавону дилсӯз ва ботадбиру оянданигар дар симои Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро иҷро кард. Он замон миёни мухолифон муноқишаҳо барои ба даст овардани қудрат буд, ки ин омили ҳама гуна муноқишаҳои дохилидавлатӣ мешуд. Эмомалӣ Раҳмон бо феълу рафтори худ ва бо боварӣ аз худ кулли мухолифонро ба ватандӯстию ватанпарастӣ даъват намуд. Аз ин иқдоми Сарвари давлат мардум дилгарм шуда, сиёсати пешгирифтаи ўро дастгири намуданд. Тарсу ҳарос аз дили кулли мардуми зудуда шуд.
Ба мисли ҳамин вақте, ки мардум бо паҳн шудани вируси нави COVID-19 аз этиёт аз хонаҳои худ намебарояд ва бо хешу ақрабони худ тариќи воситањои иттилоотӣ муошират менамуданд. Ин вируси нав даҳшати ҳамон солњоро пеши чашм меорад. Дар ин рӯзҳо орду равған ба маводи ниёзи аввали мардум табдил ёфт. Ин далел гувоњи бар он аст, ки миллати тољик дањшатњои љанги шањрвандиро њељ гоњ фаромуш намекунанд,
Мардуми шарафманди тоҷик он рӯзҳоро њељ гоњ фаромуш намекунанд. Аз кору фаъолияти худ розӣ буда, њамеша дарёд доранд, ки танҳо Ваҳдати миллӣ моро ба ин қуллаи баланд оварда расонидааст. Ваҳдати миллист, ки фарзандони мо дар мактабу донишгоҳҳо, чи дар дохил ва чи дар хориҷ таҳсил мекунанд. Мо орому осуда ба кори худ идома медиҳем. Ин аст ваҳдати миллӣ, ин аст арзиши тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот.
Агар мо боре ба вазъият ва таърихи талхи миллати курд назар афканем, воқеан, ба қадри арзиши соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллӣ хоҳем расид. Миллати курд, ки ҳудудан 50 миллион нафарро ташкил медиҳанд, дар парокандагии ҷуғрофӣ қарор дошта, солҳо наметавонанд давлати худро таъсис дода, миллати худро сарҷамъ намоянд. Аз ин вазъият кишварњои дигари дунё истифода намуда, парешонии миллатро дар меҳвари манфиатҳои геополитикии худ қарор додаанд. Мардуми тоҷикро зарур аст, ки шукронаи ин сарзамину ин Ватан кунанд, зеро мо тоҷикон тақрибан ба 9,5 миллион нафар расидаем ва хушбахтона, соҳиби давлату ватани маҳбуби худ гаштаем. Мо набояд аз давлати худ ноумед гашта, бегонапарастӣ кунем. Бигузор, то онҳо фарҳангу тамаддуни миллати моро биомӯзанд ва аз бузургии мардуми тоҷик огоҳ бошанд.
Миллати парокандаи тоҷикро сарҷамъ кардан, мардумро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот додан, мухолифонро ба роҳи ватандустӣ даъват намудан, ин кори саҳл нест, вале Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама кори бузургро бо такя бо мардуми шарифи Тоҷикистон анҷом дод. Аз ин рӯ, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ беихтиёр шахсияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд, ки дар бораашон барҳақ фармудаанд;
Пешвое, ки гавҳараш нур аст,
Суханаш нуру минбараш нур аст.
Қадамаш хуррамию ободӣ,
Ватанаш нуру кишвараш нур аст.
Ба шаби тира дастболо шуд,
Офтобе, ки лашкараш нур аст.
Нури ҳафт осмон нигаҳбон бод,
Ватанеро, ки Сарвараш нур аст.
Тағоймуродов Некруз,
мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС назди Президенти ҶТ