ДУШАНБЕ, 23.06.2020 «Раванди истиқрори сулҳ дар солҳои 90-уми асри ХХ ҳам аз Ҳукумат, ҳам аз аҳли ҷомеа ва ҳам аз нерӯҳои мухолиф амалҳоеро тақозо менамуд, ки ба таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намоянд. Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ иқдом гирифта шуд, ки созмони ҷамъиятиеро ба вуҷуд оранд, ки он вазифаи ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми нерӯҳоро ба хотири таҳкими раванди сулҳу созандагӣ дар Тоҷикистон адо намояд. Ҳамин тавр, ғояи ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ ба миён омад», — изҳор намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласа ба муносибати 15-солагии Шӯрои ҷамиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2011.
Ҳадафҳои асосии эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоии Тоҷикистон роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Ҳукуматро таҳти роҳбарии Пешвои миллат гирди ҳам оварданд, ки ин худ далели возеҳи аз ҷониби аксарияти ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар бобати истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил ва ҷузъи таркибии ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо карда, аксари уҳдадориҳои паймонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ зикр гардидаанд, риоя ва бо масъулият иҷро мекунад.
Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ дар самти демократӣ кардани ҷомеа, такомули арзишҳои демократӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва густариши озодиҳои инсону шаҳрванд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ба як силсила комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Инчунин, дар кишвар қонунгузории соҳавӣ тадриҷан такмил ёфта, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, фаъолияти пурсамар доранд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити муосир унсури муҳими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсону шаҳрванд нақши босазо дорад.
Дар маҷмўъ, бо татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар аркони истиқлол сол ба сол қавитар гардида, нуфуз ва манзалати миллати тоҷик ва давлати тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт боло меравад.
Мавзўе, ки мехоҳем матраҳ созем, масъалаи таҷрибаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ва дурнамои рушди он дар Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ умуман мураккаб буда, дар баъзе мавридҳо ҳатто дорои хусусияти пуртазод низ ҳастанд. Давлат дорои тавоноии бузурги моддиву молӣ ва низоми муташаккилу идораи ҷомеа буда, манфиатҳои умумии ҷомеаро ифода менамояд ва дар навбати худ масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиро ба созиш меоварад.
Дар маҷмўъ, ҳамкорӣ миёни давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандони тамоми кишвар мебошад, ки бо қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад. Фароҳам сохтани шароити мусоид ба шаҳрвандон барои ширкат дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии солим, ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ, баррасӣ ва арзёбии муҳимтарин барномаҳои давлатии инкишоф дар ҷараёни таҳия ва татбиқи онҳо, иштироки бевосита дар барномаҳои иҷтимоии давлат, ки ба инкишофи устувори ҷомеа нигаронида шудаанд, аз ҷумлаи чунин ҳамкориҳо буда метавонанд.
Санади олии ҳуқуқии давлат – Конститутсия мебошад, ки дар он масъалаи муносибати давлат нисбат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххас гардида, барои таъсис, танзим ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузошта, механизми ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатиро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин менамояд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти аркони асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ равшану возеҳ дарҷ гардидааст.
Унсури аввалин ва умдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ — дастрасии халқ ба ҳокимияти давлатӣ мебошад. Моддаи 6-и Конститутсия халқи Тоҷикистонро соҳибихтиёр ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, таҳкурсии ҷомеаи озоди худрушдкунандаро дар шаклгирии ҳокимияти давлатӣ гузоштааст.
Рукни дуюми ҷомеаи шарҳвандӣ — инсони озод ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд аст, ки моддаи 5-и Конститутсия ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, дар моддаи 14 мақсаду мазмуни қонунҳо ва фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон инъикос гардидааст.
Ва ниҳоят, рукни сеюми ҷомеаи шаҳрвандӣ гуногунандешии сиёсӣ ва таъмини фазои озоди мафкуравӣ мебошад, ки дар моддаи 8 инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ баён шудааст.1
Илова ба ин, давлати Тоҷикистон барои бемамониат фаъолият намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ қонунҳои конститутсионӣ, аз ҷумла «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро қабул кард.
Ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ феълан дар ҷомеа мавриди амал қарор доранд, ки барои озодона ва дар асосҳои демократӣ фаъолият намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар имкониятҳои васеи ҳуқуқӣ ва амалиро фароҳам овардаанд.
Раванди пайдоиш, шаклгирӣ ва таҳаввули ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле мураккаб, доманадор, гуногунҷабҳа ва тўлонӣ буда, ба шароити сиёсию иқтисодӣ, ақлию рўҳӣ ва ахлоқии одамон, инчунин ба суннатҳои устувори таърихию фарҳангии ҳар як халқу миллат вобаста ба хосиятҳои миллияшон фарқкунанда мебошад.
Ҳар як халқу миллат ва давлат дар ҷомеаи инсонӣ ҷоеро ишғол намуда, сохти сиёсию иҷтимоиро мепазирад, ки он ба хусусиятҳои миллиаш мутобиқат дошта бошад. Бинобар ин, бунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалае мебошад, ки барои Тоҷикистони муосир аҳамияти хос дорад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таърихи пайдоиши Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳамчун ниҳоди муттаҳидкунандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити ташаккули равандҳои мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар, танзимкунандаи муносибати давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккулдиҳандаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хусусиятҳои хоси миллии худро дорад
Раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он асосан ба давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид суханоне доранд, ки чунин аст: «Ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад”2
Бояд гуфт, ки масъалаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста дар зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошта, ҳанўз соли 2002 зимни суханронияшон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ масъалаҳои марбут ба мафуми «ҷомеаи шаҳрванди»-ро ба таври мукаммал тавзеҳ доданд.
«Ҷомеаи шаҳрвандӣ” ин иттиҳоди фардҳои соҳибистиқлолу озодандеш мебошад, ки ҳуқуқҳои муайян доранд ва ин ҳуқуқҳояшонро ҳифз карда метавонанд. Шартҳои мавҷудияти ин ҷомеа чандон зиёд нестанд:
Якум, моликияти хусусӣ, ҳамчун кафолати амалӣ гардидани озодии иқтисодӣ ва умуман, ҳамчун асоси озодӣ ва мустақилияти инсон.
Дуюм, демократияи сиёсӣ, ҳамчун амали татбиқи озодии сиёсӣ.
Сеюм, навъи муайяни маданият, ки онро баъзан маданияти демократӣ ҳам меноманд ва он дар заминаи эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои на танҳо худ, балки дигар одамон низ ба вуҷуд меояд.
Чорум, оромӣ ва субот дар ҷомеа ҳамчун асоси татбиқи ҳамаи шарт ва омилҳои дигар.3
Бояд гуфт, ки созмон додани Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓози саҳифаи тозае дар роҳи ба вуҷуд овардан ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Меҳвари фаъолияти серпаҳлӯи Шўрои ҷамъиятиро, пеш аз ҳама намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Муҳимтарин хусусиятҳои миллии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд:
Дар кишварҳои ҷаҳони муосир фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро Конститусия ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим медароранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба ѓайр аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ (Конститусия, Қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва ѓ.), бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти алоҳидае бо номи Шӯрои ҷамъиятӣ созмон дода шудааст, ки ҳадафи он ташаккули ҷомеаи одилона ва озодии шаҳрвандӣ дар кишвар ва мусоидат ба таҳкими истиқлолият рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Хусусияти хоси дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар аз он иборат аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар ҷумҳурӣ” (1 декабри соли 1999, №2) дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис гардиданд ва айни замон бомуваффақият фаъолият доранд. Ин Фармон санади муҳими ҳуқуқие мебошад, ки фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятиро дар сатҳи маҳалҳо ба танзим медарорад.4 Тибқи нақшаи корӣ ҳамасола Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёр якҷо бо шӯроҳои ҷамъиятии ВМКБ, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар масъалаҳои мубрами рӯз мегузаронад. Ин ҷаласаҳо ба мо имкон медиҳад, ки оид ба масъалаҳои мавҷуда, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар сатҳи маҳал шинос шавем ва онро ба роҳбарият пешниҳод намоем.
Ин хусусиятҳои вижа ва фарқкунандаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар сохторҳо ба монанди ин ташкилот дар ҷомеаи ҷаҳони муосир мебошад.
Тибқи Низомнома Шўрои ҷамъиятӣ шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки барои муколамаи доимии қувваҳои гуногуни сиёсии ҷамъиятӣ, баҳри ба даст овардани тавозуни манфиату ақидаҳо, таъмини гуногунандешии ғоявӣ ва бисёрҳизбӣ, рушди тафаккури нав, ошкорбаёнӣ, маданияти баҳсу мунозира ва ташаккули фарҳанги сиёсӣ-ҳуқуқӣ шароити мусоидро фарҳам меоварад.5
Масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро ба рӯзномаи кори Шўрои ҷамъиятӣ ворид карда, онҳоро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода ва барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа, диду нигоҳ ва пешниҳодҳои мушаххаси ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, иттиҳодияву иттифоқҳо ва созмонҳои ѓайриҳукуматӣ ва ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол медорем.
Аз ҷумла, дар доираи «Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” то имрўз дар шаҳри Душанбе ва як қатор шаҳру ноҳияҳо вобаста ба рушди саноатикунонии минтақаҳо бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ҷаласаҳо баргузор кардем ва самтҳои рушди онҳоро нишон додем.
Падидаи наве, ки солҳои охир дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ намуд, монторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат бармеоянд. Бо ин мақсад дар сохтори Шӯрои ҷамъиятӣ комиссияи босалоҳият аз ҳисоби аъзои Шӯро таъсис ёфтааст. Комиссияи мазкур вазъи иҷрои дастуру супоришҳоеро, ки аз паёмҳои Роҳбари давлат бармеоянд, таҳлил менамояд ва аз номи Шӯро пешниҳодҳои мушаххасро ба Президенти кишвар манзур месозад.
Дар баробари ин, тарғиби ҳамаҷонибаи моҳият ва аҳамияти ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, рӯзноманигорон, кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигари ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба роҳ мемонад.
Мавзӯи «Нақши интихобот дар таҳким ва густариши демократия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол” дар рӯзномаи Шӯрои ҷамъиятӣ яке аз корҳои доимӣ ба ҳисоб рафта, дар мавориди зарурӣ бо ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ ва давлатӣ гузоришҳо таҳия мекунад.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари ниҳодҳои давлатӣ дар раванди амалисозии чор ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар иштирок ва саҳм мегузоранд.
Тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, таъмини амнияти давлатӣ, ташвиқи Ваҳдати миллӣ ва Ризоияти ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ мебошад ва дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирии экстремизм ва терроризм ва эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракату равияҳои тундраву бегона аз ҷумлаи корҳои муҳими Шӯрои ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин замина, ниҳоди мо ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат, гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар кишвар як силсила корҳои муайянро ба анҷом расонидааст.
Ҳамкории ҳарчи бештари Шӯрои ҷамъиятӣ бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия ва ташвиқи пешгирии он дар ҷомеа, инчунин ҳидояти шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба арзишҳои миллӣ, аз қабили шукру қаноатпешагӣ ва ҳалолкориву меҳнатдӯстӣ идома меёбад.
Шӯрои ҷамъиятӣ якҷо бо дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғибу ташвиқи нақши ҷавонон ва занон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми шоиста дорад. Дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар ва муаррифии арзандаи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ корҳои таблиѓотиро ба роҳ мондааст.
Дар заминаи мубориза бар зидди воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии тоҷикон, хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо ҷалби мутахсасисони соҳавӣ семинару мизҳои мудаввар баргузор менамояд.
Инчунин, масъалаҳои соҳибкасб кардани аҳолӣ, ихтисосу ҳунарҳои нав, рушди соҳибкории хурду миёна, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври мунтазам дар ҷаласаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва муҳтавои ҷаласаҳо, маърӯзаҳои коршиносон дар Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп мерасад.
Баррасии лоиҳаҳои стратегияҳо, барномаҳо ва қонунҳои нав самти дигари фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, тибқи нақшаи кори Шӯрои ҷамъиятӣ дар давоми соли ҷорӣ дар ҷаласаҳои Шӯро лоиҳаҳои зерин мавриди баррасии ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор медиҳем:
– Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”;
– «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (барои солҳои 2020-2040) ҳамчун омили муҳими тавсеаи тафаккури техникии насли наврас дар кишвар;
– Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” .
Оид ба масъалаи дурнамои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки ба Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти «назорати ҷамъиятӣ” дода шавад. Бо ин мақсад зарур мешуморем, ки қонуни махсус «Дар бораи асосҳои назорати ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон” қабул карда шавад ва Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор карда шавад, ки ҳар сол ахбороти таҳлилиро «Оид ба вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” омода ва ба роҳбарият пешниҳод намояд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳкурсии боэътимод, мустаҳкаму устувор ва асосҳои ҳуқуқии бунёду ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шудааст, ки дар айни замон ниҳодҳои он дар ҳолати рушд ва инкишоф қарор доранд.
Илова бар ин, дар кишвар бо ибтикори Пешвои миллат созмони алоҳидае бо номи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки мақсади асосии он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар буда, зиёда аз 23 сол аст, ки дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Ин аст, ки таъсис, шаклгирӣ ва таҳаввули ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, заминаҳои устувори мустаҳкаму пуриқтидори ҳуқуқии он дар Конститутсия ва дигар қонунҳои кишвар танзим мегардад ва барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар тамоми шароити заруриро фароҳам меоварад.
Нуралӣ САИДОВ,
Котиби ҳамоҳангсози
Шӯрои ҷамъиятии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа
Адабиёт
- Рустам Шоҳмурод Конституция ва ҷомеаи шаҳрвадӣ Рузномаи «Ҷумҳурият” 28.10.2016 №: 215(26669) (захираи электронӣ): https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=26669 (санаи муроҷиат: 18.06.2020)
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Машварати корӣ бо аъзои Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27-уми январи соли 2017 – Бюллетени Шўрои ҷамъиятӣ. Нашри махсус (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ).- Душанбе, 2017.- №1(19).- 166 с.;
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷашнии бахшида ба 15 солагии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 марти соли 2011//Нерўи муттаҳидкунандаи миллат.- Душанбе, 2011.- С.10-113
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ- сиёсӣ дар ҷумҳурӣ аз 1 декабри соли 1999, №2) (захираи электронӣ): http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?rgn=30594#A3PX0R7IXG (санаи муроҷиат: 12.06.2020)
- Низомномаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 2018.- 30 с.
Бознашр: АМИТ “Ховар”