Мушкилоти экологӣ ва ҳифзи табиат алҳол қисми ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлату давлатдорӣ гаштааст, чунки садаи ХХI ба таърихи инсоният аз як тараф бо рушди техникаву технологияи муосир ва аз ҷониби дигар бо зуҳуроти проблемаҳои экологӣ ворид гардид, ки бартарафсозии онҳо тафаккури нави эҷодиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, асри навро асри ҷомеаи иттилоотӣ ва тамаддуни ноосферӣ ном мебаранд. Далолат бар ин андеша он аст, ки мушкилоти экологӣ дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI яке аз сабабҳои асосии баҳсҳои геополитикӣ дар ҷаҳони муосир гаштааст.
Имрӯз масъалаҳои ҳифзи муҳити зист тамоми ҷанбаҳои ҳаётии инсонро фаро гирифта, ҳаллу фасли онҳо на танҳо дар доираи андешаҳои олимону мутахассисон, балки дар сатҳи кишварҳои олам низ мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд. Паёмадҳо ҷомеаи башариро водор менамоянд, ки доир ба ҳалли он бетараф набошанд. Зеро аз як тараф, афзоиши бемайлони аҳолӣ, аз дигар тараф, рақобат дар соҳаи иқтисодиёт боиси сар задани мушкилоти экологӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, афзоиши шумораи офатҳои табиӣ, нобудшавии гуногунии биологӣ, ҷамъшавии партовҳо, таназзулёбии замин ва ғайра гашта истодааст. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳити зист (СБМЗ) айни замон аз 1/4 ҳиссаи микроорганизмҳои хок дар кураи Замин нест шудаанд. Агар минбаъд ин тамоюл идома ёбад, баъд аз 40 – 50 сол, аллакай, 50 дарсади микроорганизмҳои хок, яъне аз 2/4 ҳиссаи он ба ҳадди нестӣ мерасад, ки ин ҳодисаи мудҳиштарини инқирозшавии муҳити зист ба ҳисоб меравад.
Аз таҳлилҳои аксҳои кайҳонии Маркази кайҳоншиносии NASA бармеояд, ки дар сатҳи замин зери таъсири омилҳои табииву техногенӣ дигаргуншавии босуръати муҳити зист ва заифшавии системаҳои экологӣ мушоҳида мегардад. Чунончи таъсири инсон ба муҳити зист дар асри ХХ ба он дараҷае расид, ки айни замон устувории биосфера зери таҳдид қарор дорад. Барои мисол, алҳол проблемаҳои маҳаллию минтақавӣ ба мушкилоти глобалӣ мубаддал гашта истодаанд. Заифшавии системаҳои экологӣ, инқирози олами набототу ҳайвонот, баландшавии ҳарорати глобалии сайёра, биёбоншавӣ ва ғайра мисоли равшан аст.
Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин омилҳоро хеле нозук эҳсос намуда, алҳол дар арсаи байналмилалӣ сиёсати экологиро ба ҳайси яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатдории тоҷикон ба роҳ мондаанд. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониашон чунин ибрози назар карданд: «Вазъи ҷаҳони босуръат тағйирёбанда, хатару таҳдидҳои муосир, проблемаҳои экологӣ, аз ҷумла тағирёбии иқлим, пайи ҳам такрор шудани офатҳои табиӣ ва амсоли инҳо ҳар яки моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем”.
Айни замон, ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро на танҳо бо қуллаҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, чашмаҳои мусаффо, ёдгориҳои таърихию табиати афсунгар, балки бо ташаббусҳои масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» мешиносанд.
Имрӯз моро зуҳуроти проблемаҳои глобалӣ водор менамояд, ки вобаста ба густаришёбии иқтисодиёт аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ арзишҳои соҳибистиқлолии кишварамонро бо диди экологӣ на танҳо арзёбӣ намоем, балки онҳоро вобаста ба замон тарғибу ташвиқ созем.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт беш аз 25 қонуни соҳавӣ қабул гардида, аксари онҳо вобаста ба замон такмилу тавзеҳ дода шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари мустақил ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи муҳити зист аз ҷумла, конвенсияҳоии СММ «Дар бораи ҳифзи қабати азон» (1996), «Дар бораи гуногунии биологӣ» (1997), «Дар бораи мубориза алайҳи биёбоншавӣ» (1997), «Дар бораи тағйирёбии иқлим» (1998), «Дар бораи заминҳои обию ботлоқӣ» (2000), «Доир ба нигаҳдории намудҳои кӯчандаи ҳайвоноти ваҳшӣ» (2000) ва конвенсияҳои Орхус «Дар бораи дастрасӣ доштан ба маълумот, иштироки аҳли ҷомеа: дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адлия дар масъалаҳои муҳити зист» (2001), Стокголм «Дар бораи ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» (2002), СИТЕСГ «Дар бораи харидуфурӯши намудҳои ёбоии олами набототу ҳайвоноте, ки зери хатари нестшавӣ қарор доранд» (2017), Базел «Оид ба назорати интиқоли байнисарҳадии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо» (2017) шомил шуд. Амалигардонии ин конвенсияҳо нақш ва мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таҷассум менамояд. Ба ибораи дигар гӯем, Тоҷикистон ба туфайли пайвастшавӣ ба ин конвенсияҳо сиёсати экологии хешро дар сатҳи байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд.
Пешвои миллат тавонистанд, ки миллату халқиятҳои гуногунро баҳри ҳалли ин мушкилот муттаҳид намоянд, аз тарафи дигар, арзишҳои фарҳанги экологии халқи тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ тарғиб кунанд. Шояд таъсири ҳамин омил буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои давлатию соҳавиро қабул намуд, ба монанди «Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019», «Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва давраи то соли 2010», «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2030» ва ғайра қабул гардид. Онҳо маҷмӯан, истифодаи оқилона ва ҳифзи манбаъҳои табиии кишварамонро таъмин менамоянд.
Бо назардошти ин бо итминон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати хешро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ амалӣ менамояд. Ин сиёсат, аз як тараф, баҳри ба эътидол овардани вазъияти экологӣ дар сатҳи миллӣ равона шуда бошад, аз ҷониби дигар роҳи манфиатноки зина ба зина ворид гардидан ба равандҳои глобалиро нишон медиҳад.
Ҳасан АСОЕВ,
корманди Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр: Ҷумҳурият