МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ АВРУПО ВА КОРҲОИ ХОРИҶИИ ФАРОНСА

7 июли соли 2025 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин ва роҳбари намояндагии Маркази таҳлил, пешгӯӣ ва стратегияи Аврупои континенталӣ дар Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Мари Парэ баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл иштирок намуданд.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар чорчӯби форматҳои мавҷуда, доираи васеи масоили м

 

арбут ба рушди иқтисоди сабз, тағйирёбии иқлим, амнияти минтақавӣ, инчунин равандҳои сиёсии минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо изҳори ҳавасмандии муштарак ба рушди минбаъдаи ҳамкории илмӣ-таҳлилӣ намуданд. Ба масъалаҳои таҳкими муколамаи коршиносӣ ва тавсеаи ҳамкории илмӣ миёни муассисаҳои марбутаи ҳарду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Мулоқот дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон