Ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, нависандаи забардасту сардафтари адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ, ки 142 сол пур мешавад, бахшида мешавад.
Мутобиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар ҳаёти халқи тоҷик таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии амиқ ба вуҷуд омаданд, ки дар осори устод Садриддин Айнӣ, аз ҷумла романи «Дохунда» инъикос ёфтаанд.
Таҳлили романи «Дохунда» – нишон медиҳад, ки устод С. Айнӣ ҳамчун муаррих ва нависандаи забардаст на танҳо манзараҳои рангоранги ҳаёти иҷтимоӣ – сиёсӣ, фарҳангӣ ва меҳнату муборизаи халқи тоҷикро дар романи мазкур ба шакли бадеӣ таҷассум кардаанд, ҳамчунин онҳоро воқеъбинона, бо ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дар саргузашти ашхоси воқеӣ тасвир намудаанд.
Ин ҷо моро асосан қисмати чоруму панҷуми роман, ки дар он ҳаракати босмачигарӣ, дуздиву ғоратгарӣ ва зулму ситами беандозаи онҳо нисбат ба халқи меҳнаткаш бо далелҳои воқеӣ ба таври муфассал тасвир ёфтааст, ҷалб месозад. Зеро мо дар нақлу тасвири воқеаҳои фоҷеабори охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX, ки дар романи “Дохунда” баён ёфтааст, манзараҳои ҳузнангезеро мебинем, ки бозтоби онҳоро баъди қариб як қарн дар фаъолияти ифротгароёнаву террористии як қатор ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – сиёсии замони муосир, бахусус дар симои ТЭТ ҲНИ баръало мушоҳида менамоем.
Романи “Дохунда” ҳамчун сарчашмаи таърихӣ нишон медиҳад, ки агар ҳаракати босмачигарӣ дар муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ ва давлати навтаъсиси миллии тоҷикон сурат гирифта бошад, амалҳои бадкирдоронаи ТЭТ ҲНИ аввал бар зидди давлати Шӯравӣ ва баъди истиқлолияти давлатӣ ба муқобили давлати дунявии Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳур ёфтааст.
Аз ҷумла, ҳодисаҳои фоҷеабори дар қисми чорум ва панҷуми роман тасвирёфта аз бозтоби амалҳои зиддиинсонии босмачиён дар фаъолияти ТЭТ ҲНИ баръало шаҳодат медиҳад. Устод Айнӣ дар боби чорум ва зерқисми 9, ки «Халтаи пургўшу бинӣ» ном дорад, чунин навиштааст: «Иброҳимбег, Эшони Султон, Давлатмандбӣ, Абдулқайюмбӣ, Тўғайсариғ, Барот Эшикоқобошӣ ва соири қўрбошиён ва сардорони босмачӣ бо даста ва навкарони худ дар шаҳри Кўлоб сарҷамъ шуданд; пас аз он ки миёни худ аҳду паймон баста ҳамаи қўрбошиён Иброҳимбегро ба сари худ калон бардоштанд, калонон дар як хона нишаста маҷлиси ҳарбӣ барпо карданд;…» (саҳ. 333. Иқтибосҳо аз китоби Садриддин Айни. Куллиёт. Ҷилди 2. – Сталинобод, 1960 оварда шудаанд) – Дар маҷлис Иброҳимбег қайд мекунад, ки… аз тарафи ҷаноби олӣ ҳам хабарҳои хуш расида истодааст;…ҷаноби олӣ ва сафири Инглис дар Афғонистон оид ба дастрас намудани яроқ корро ба тарзе қарор додаанд, ки пас аз ин мо аз ҷиҳати яроқ ҳеҷ тангӣ намекашем; хоҳ аз роҳи Хонобод бошад ва хоҳ аз роҳи Бадахшон ба мо ҳаргуна яроқ расида меистад.
Нақли устод Айнӣ дар ин порчаи роман аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳаракати босмачигарӣ дар ҳудуди Афғонистон аз ҷониби кишварҳои манфиатдор бо омода кардани дастаҳои мусаллаҳ дастгирӣ карда мешуд. Дар навбати худ, ТЭТ ҲНИ низ то сар задани даргириҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз моҳи апрели соли 1992 зиёда аз 150 нафар ҷавонони маҳорати ҷангӣ доштаро, бо фармони бевоситаи С.А.Нурӣ дар Афғонистон ва дигар давлатҳои манфиатдор усулҳои ҷангиданро омўзонда, сипас бо силоҳ мусаллаҳ намуда, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Ёдрас бояд кард, ки ҳаракати босмачигарӣ ҳамчун падидаи экстремистӣ аввал дар шакли дастаҳои хурди роҳзанӣ зуҳур гардида, дар охир дар шакли гурўҳҳои муташаккили сиёсии зиддишўравӣ ва зиддимиллӣ зуҳур кардааст. ҲНИ низ дар ибтидо ҳамчун гурўҳи хурди махфии зиддишӯравӣ ва зиддимиллӣ таъсис ёфта, то ба дараҷаи ташкилоти махсуси экстремистии террористии байналмилалӣ мубаддал гашт. Дар баробари тағйирёбии вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа, тарзу усулҳои муборизаи ТЭТ ҲНИ низ тағйир меёфтанд, ки аз бозтоби раванди таъсису ташаккулёбии ҳаракати босмачигарӣ дар фаъолияти он дарак медиҳанд.
Дар қисми номбурдаи “Дохунда” манзараи амалу фаъолияти аъзоёни ҳаракати босмачигарӣ чунин омадааст: Пас аз ин Иброҳим ба рўйхат кардани касони ба амал шоён даромад: ҳар кас барои даромадан ба ин рўйхат корҳои худаш анҷомидаро баён кардан гирифт:
– Ман фалон қишлоқро оташ сар додам. (саҳ. 333)
– Ман як дўзандаро, ки ба ҷадидон ва болшевикон либосҳои ҳарбӣ дўхта медод, куштам».(саҳ. 333)
– Ман фалон касеро, ки мехост ба аскарони сурх озуқа фурўшад, аз гўшаш ба дарахт парчин кардам.(саҳ. 333)
Дар ин маҷлис танҳо як нафар чизе намегуфт ва аз корҳои кардаи худ ҳисобот намедод.
Иброҳимбег ба он одам нигоҳ карда гуфт:
– Ту чаро чизе намегўӣ, магар дар ин маъракаҳо коре накардаӣ? Он шахс як халтаи карбоси пурчизи даҳанбастаро, ки дар зонуяш буд, ба Иброҳимбег нишон дода: – ҳар коре, ки ман карда бошам, ба даруни ин халта аст, – гуфт – ҳар вақт ки ҷаноби олӣ омаданд, ба худашон пешкаш мекунам».
Дар натиҷаи боисрор пурсидани иштирокчиёни маҷлис, он шахс даҳони халтаро кушода нишон дод, ки дар даруни он гўшу биниҳои буридаи одамӣ буд ва гуфт:
– «Ҳар кадоми ин гўшу биниҳо гўшу бинии ҷадид, болшевик ва хайрхоҳони онҳост, ки ба нияти устувор кардани давлати олӣ буридаам ва баъд аз ин ҳам ҳар қадар гўшу бинӣ, ки дар ин роҳ бибурам, ҷамъ мекунам…» (саҳ. 334-335).
Акнун рў меорем ба далелҳое, ки ҳаммонандии фаъолияти террористии ТЭТ ҲНИ-ро бо амалҳои босмачиён собит месозад.
Моҳи апрели соли 1992, вақте ки ТЭТ ҲНИ тибқи нақшаи хоҷагони хориҷияш марҳалаи мусаллаҳсозии ҷангиёни худро дар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз кард, фаъолияти хешро аз гаравгонгирии мардум, таъсиси зиндонҳо, шиканҷахонаҳо ва қатлгоҳҳо оғоз намуд. Зиндони марказии ТЭТ ҲНИ дар бинои ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш ҷойгир буд. Солҳои 1991-1992 наҳзатиҳо дар ин зиндон садҳо нафарро нигоҳ дошта, бе ягон муҳокима шиканҷа дода, қатл мекарданд. Вақте ин ноҳия аз дасти наҳзатиҳо озод шуд, дар таҳхонаи ин ҳаммом садҳо узви буридаи инсон ва даҳҳо ҷасад ба ҷой монда буд, ки касе намедонист, ба кӣ тааллуқ доранд.
Омўзиш ва таҳлили таърихи ҳаракати босмачигарӣ нишон медиҳад, ки дар сафи он зархаридони хориҷӣ ба монанди Анварпошшо ва Салимпошшо бо лашкаронаш бар зидди Давлати Шӯравӣ, зидди миллати тоҷик, ки нав давлати миллии худро таъсис дода буданд, ҷангидаанд.
Бояд гуфт, ки гурўҳҳои босмачиён дар ҳайати ҳаракати зиддишўравӣ ва зиддимиллӣ қувваи асосӣ ва пешбаранда ба ҳисоб мерафтанд, чунон ки имрўз аъзо ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ низ худро дар ҳамин симо ошкор сохтанд. Ба ҳамон тавре ки босмачиён тадриҷан ҷойи намояндагони зубдагони маҳаллӣ – рўҳониён, доираҳои тоҷирону сарватмандон ва зиёиёни маҳаллиро иваз карда, дар ин ҳаракат мақоми хос касб карда буданд, ТЭТ ҲНИ низ дар атрофи худ рўҳониён ва ашхоси худкомаро ҷамъ оварда, ба як ҳаракати зиддимиллӣ табдил ёфта буд. Агар босмачиён ҳаракати озодихоҳии халқи тоҷикро барои бунёди давлати миллӣ ба ҳаракати зиддимиллӣ табдил доданӣ шуда бошанд, ТЭТ ҲНИ низ мавҷудияти давлати миллии тоҷиконро дар солҳои 90-уми асри ХХ зери хатар гузошта, манфиатҳои онро мехост ба хоҷагони бурунмарзии худ фурўшад ва ҳатто эътиқоди динии мардуми Тоҷикистонро ба манфиати ҳамин хоҷагон тағйир диҳад.
Чуноне ки аз таҳлили маводҳои ҷамъомада бармеояд, дар сафи ҷангиёни ТЭТ ҲНИ хориҷиёни зархариди афғон, арабу ҳинд, чечену покистонӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ба муқобили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҷангиданд. Аҷнабиёни зиёд (гурўҳи мусаллаҳи Хоҷаев Ҷумъабойи Намангонӣ, террористи байналмилалӣ – Хаттаб, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳоҷӣ Ҷамшед – набераи Иброҳимбеги босмачӣ, Абў Бабаи Ҳиндустонӣ ва дигарон) дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ бевосита ширкат варзидаанд.
Маълум аст, ки соли 1923 роҳбари гурўҳи босмачиёни водии Қаротегин Фузайл Махсум Ғармро давлати мустақил эълон карда буд (Ғарми «мустақил» (саҳ. 393-394). Дар натиҷаи ҷангҳои далеронаи аскарони сурх ва фидоиёни маҳаллӣ давлати «мустақил»-и Фузайл Махсум шикаст дода шуда, босмачиҳо ба тарафи Сағирдашту Дарвоз ва Ванҷ гурехтаву пароканда шуданд ва аксари онҳо несту нобуд гардида, қисме аз онҳо ба Афғонистон фирор мекунанд. Ҳамин тақдир соли 1992 ба ТЭТ ҲНИ низ насиб гардид.
Моҳи январи соли 1993, вақте минтақаи Рашти Тоҷикистон муваққатан зери назорати ҲНИ афтод, онҳо дар ин минтақа зуд давлатчаи худро бо номи «Ҷумҳурии исломии Ғарм» (ҶИҒ) ташкил намуда, дар он қоидаҳои исломиро аз нигоҳи фаҳмиши ифротии наҳзатӣ ҷорӣ карданд. Аз тарафи ҲНИ узви раёсати олии ҳизб Саъдидини Рустам «президент»-и ин «давлати исломӣ» ва қумандони хунхори ТЭТ ҲНИ Ризвон Садиров «вазири мудофиаи ҶИҒ» эълон шуданд. Аввалин фармонҳои ин давлати худхондаи ТЭТ ҲНИ ба ин гуна буданд: «аз хона набаромадани занон», «аз чор ангушт кам набудани риши мардон», «ба мактаб нарафтани духтарон», «аз ҳар хона ба лашкари наҳзат додани ду муҷоҳид», «ба ихтиёри ҷангандаҳои ҲНИ супоридани захираҳои озуқавории мардум, аз ҷумла орд, асал, чорво, картошка, себ ва ғайра», «манъ будани мусиқӣ дар тўйҳо» ва ғайра.
Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки наҳзатиҳо дар Ғарм як режими зулму ситам ва ғорати мардумро бо номи «давлати исломӣ» ба роҳ монда буданд. Хушбахтона, ин сохтори сиёҳи наҳзатиён дер тўл накашиду баҳори соли 1993 аз тарафи неруҳои давлатӣ пароканда карда шуд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба Афғонистон гурехта, муносибати золимонаи худро дар нисбати гурезаҳои тоҷик татбиқ намуданд.
Ҳанӯз ҷонибдорони ҳаракати босмачигарӣ ва наҳзати исломии Тоҷикистон масъалаҳоро чунин шарҳу тафсир медиҳанд, ки гӯё босмачиён ва наҳзатиён бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ барои барқарор ё бунёд кардани давлати миллии тоҷикон мубориза бурда бошанд. Дар асл бошад, онҳо мехоҳанд бо ин усул мардуми ноогоҳро ба иштибоҳ баранд, то ки симои аслии худро, ки аз дину мазҳаб ва миллатфурўшӣ ва мақсади асосиашон сохтани “давлати исломӣ” иборат мебошад, аз мардум пинҳон доранд.
Дар ин росто мебояд зикр кард, ки агар ҳаракати босмачигарӣ қувваи муташаккили ҳарбии ҳокимону синфҳои сарнагуншуда бо мақсади аз нав барқарор кардани ҳокимияти амирии манғития ва амалӣ намудани манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрати Ғарб дар Осиёи Миёна буд, ТЭТ ҲНИ низ имрўз ифодагари манфиатҳои геосиёсии ҳамин давлатҳои зикршуда дар Тоҷикистон мебошад, ки ҲНИ-ро бевосита ба ҳаракати босмачигарӣ мепайвандад. Беҳуда нест, ки сарварони ТЭТ ҲНИ, ба мисли М.Кабирӣ, М.Ҳаит, Ҳ.Сайфуллозода, «фақеҳи терроризм»-и наҳзатӣ Саидюнуси Истаравшанӣ ҳаракати босмачигариро ҳамчун ҳаракати миллӣ – озодихоҳии тоҷикон ба муқобили Ҳокимияти Шўравӣ муаррифӣ менамоянд.
Қисми панҷуми романи “Дохунда” бо фасли «Каждуми таги бўрё» оғоз мешавад. Садриддин Айнӣ дар он амалҳои мору каждумро ибратомўзона тасвир кардааст. Нависанда моҳияти муборизаи халқи меҳнаткашро бар зидди душманони худ аз забони қаҳрамони асосии роман – Дохунда чунин баён мекунад: «мо босмачиёнро, ки монанди мор ба назар намоён буданд, нест кардем, аммо он гурўҳ ва синфе, ки босмачиён намояндагони онҳо буданд, ҳанўз ҳастанд, монанди каждуми таги бўрё бе он ки ба назари мо худро рўйрост нишон диҳанд, заҳр мезананд, барои ҳар гуна пешрафти мо монеъ мешаванд. Мо бояд ин каждумони таги бўрёро тамоман нест кунем…» (саҳ. 426).
Қобили зикр аст, ки аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун кардани ҲНИ, пеш аз ҳама, ҷавобгўйи манфиатҳои халқи одӣ ва давлатдории тоҷикон аст. Мусаллам аст, ки ҳар як ҳизб ё ташкилоти динии аз роҳи табаддулоти давлатӣ ба сари ҳокимият омада мафкураи динии худро ба идеологияи ҳукмрон табдил медиҳад ва чунин мафкура арзишҳои демократӣ, муқаддасоти миллиро на танҳо намепазирад, ҳатто мавҷудияти онҳоро зери хатар мегузорад. Намунаи барҷастаи он фаъолияти «Толибон» дар Афғонистон ва ба ном «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия мебошад, ки мардумро ба асорати асримиёнагӣ гирифтор карда, таъриху маданияти аҳамияти умумибашарӣ доштаи онҳоро поймол намуданд.
Романи «Дохунда» – и устод Садриддин Айнӣ сабақ медиҳад, ки морбачаву каждумбачагони таги бўрё дар симои аъзоёни пинҳонии ТЭТ ҲНИ ҳанӯз фаъолият доранд ва аз онҳо ҳушёр будан зарур аст, то ки ҳодисаҳои мудҳиши таърихи гузашта ба сари мардуми созандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол такрор наёбанд.
Дар ин росто, овардани суханони Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бамаврид мебошад:
Бикуш оташи хурд пеш аз газанд,
Ки гетӣ бисўзад ҷу гардад баланд
Бинобар ин, омўзишу тарғиби ғояҳои романи мазкур имрўз дар бедории миллӣ ва муайян сохтани тақдири давлати миллии тоҷикон аҳамияти хос дорад ва он бояд яке аз китобҳои рўидастии тоҷикистониён бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон нуктаеро зикр карданд, ки он бояд ба хотири оромии кишвар ва амнияти миллат ҳамеша дар назари мо қарор дошта бошад: “Кишвари мо дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандагии миллат ба воқеияти талху даҳшатнок табдил ёфта буд. Вале мардуми шарифи Тоҷикистон бо саъю талоши ватандўстонаву фидокорона ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлати ҷавони худ ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.”
Ин гуфтаи Пешвои миллат, аз як тараф, ба мо аз таърихи талхи начандон дури мамлакат хабар диҳад, аз тарафи дигар, он ҳушдорест барои ҳамватанон, ки набояд иштибоҳеро, ки як бор моро сарсону бехонумон кард, такрор намоем. Гузашта аз ин, мо бояд ба воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-ум баҳои илмӣ диҳем ва аз онҳо хулосаҳои дуруст барорем.
номзади илмҳои таърих,
коршиноси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон