Ягон давлати дунё тибқи равандҳои табиӣ ва худ аз худ рушд намеёбад, муваффақ ва нерӯманд намешавад, балки истифодаи роҳу воситаҳои самараноки имкониятҳояш онро ба омили ифтихори шаҳрвандон ва як неруи босалоҳияти байналхалқӣ табдил медиҳанд. Дар ин роҳ ташаккул, тақивият ва тарӯиб намудани имиҷи мусбати давлат нақши ниҳоят бузургро иҷро мекунанд. Зеро дарки мусбати кишвар, ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ва ҳам аҳолии давлатҳои сайёра – ин на танҳо як масъалаи маънавӣ ва фарҳангист, балки манбаи бузурги рушд, заминаи ҳамкориҳои самарабахш, қавӣ шудани давлат ва асосҳои он мебошад.
Дар шароити муосир тақвияти имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, ҷустуҷӯи роҳҳо ва имкониятҳои он ҷузъи таркибии ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муҳтавои асосии сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад.
Тибқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар марҳилаи кунунӣ ва ояндаи наздик аз ҳафт самт иборат мебошад, ки яке аз ин самтҳо «тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд» маҳсуб меёбад.
Тақвияти имиҷи мусбати давлат, яъне чӣ? Ин пеш аз ҳама истифодаи технологияи маркетингии бузург барои баланд бардоштани эътибори сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии давлат аст. Дар марҳилаи кунунӣ зарур аст, ки механизмҳои гуногунро ба монанди технологияҳои сиёсӣ: маркетинг, имиҷиология ва PR (public relations,) барои тақвияти имиҷи сиёсати хориҷӣ ва ҳимояи сиёсати давлат аз тарӯиботи зиддидавлатӣ ба таври фаъол истифода бурда шаванд.
Ба ақидаи мо, зарурати ташаккули симои мусбати кишвар (беистисно) бо дарназардошти се ҳолати асосӣ ба вуҷуд меояд:
Аввалан, вақте ки кишвар имиҷи созгор худро надорад, ва ба ҷомеаи ҷаҳон ношинос аст. Дар чунин ҳолат ба имиҷи давлат аҳамият зоҳир намудан аз нуқтаи назари ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ва сармоягузорон муҳим мегардад. Дуюм, вақте давлат хусусиятҳоеро соҳиб аст, ки ниёз ба тақвият доранд, вале сокинони кишварҳои хориҷ дар бораи он кам медонанд, онро фақат касоне медонанд, ки бевосита ба омӯзишаш машӯуланд, вале омма дар борааш кам маълумот дорад. Пас аз ин ҷо бармеояд, ки ин хусусиятро тақвият дод ва онро барои омма шиносонид.
Сеюм, вақте зарурати мутобиқшавии давлат ба вуҷуд меояд ва иваз намудани як раванд, ҳолат ва воқеият ба навъи муосири он муҳим мегардад. Ин вазъ одатан ду сабаб дорад: ё давлат ба таӯйирот ниёз дорад, ё шароите, ки кишвар арзи ҳастӣ дорад, дигаргун шудааст.
Ҳамин тавр, давлат аз рӯйи табиатҳои сиёсию иҷтимоиш мураккаб буда, муайян намудани консепсияи имиҷи муносиб чандон кори осон нест. Аз ҷониби дигар, давлат бидуни имиҷи мусбат дер ё зуд эътибори худро ҳам миёни аҳолиаш ва ҳам миёни ҷомеаи ҷаҳон аз даст медиҳад. Барои ҳалли масъала барномаи мушаххаси давлатӣ зарур мебошад, ки иқтидори зеҳнию физикии субъектони гуногун – мақомоти давлатӣ, доираҳои илмию тадқиқотӣ, сохторҳои консалтингӣ, таҳлилгарон, пешоҳангони афкори ҷамъиятиро фаро бигирад.
Дар ин самт ҳадафмандона сохтани симои ҷолиби кишвар, ба давлат ва Ҳукумати мамлкат имкон медиҳад, ки барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояву сармоягузорон, бастани шартномаҳои фоидаовар, беҳтар сохтани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши даромад, имкониятҳои иловагиро соҳиб гардад.
Имиҷ ҳатман бояд мусбат ва ҳадафмандона бошад. Зеро мақоли «Имиҷи манфӣ – аз пинҳон мондан беҳтар аст» ба рушди давлат хос нест. Аз ҷониби дигар, набояд имиҷсозиро ҳамчун ниқоб барои пӯшондани норасоиҳои кишвар фаҳмид. Баръакс, имиҷ – зоҳир намудани неру ва қудрати ботинии кишвар аст, ки мусбат будани он шарти асосии муваффақият ва манфӣ буданаш асоси нокомии давлат мебошад.
Аксар вақт, барои эҷоди муносибатҳо имиҷи давлат назар ба хусусиятҳои объективии он муҳимтар аст. Дар ин самт гуфтае ҳаст: «Чаро ба ман чунин мекунӣ? – Барои он ки имиҷи ту чунин аст». Яъне тавре дида мешавад имиҷ шарти муносибат ба шумор меравад. Пас, имиҷсозӣ аз нуқтаи назари аҳамият на як самти алоҳида, балки як фазои фарогири тамоми соҳаҳои муносибати дохилидавлатӣ ва байналхалқӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд тақдирсоз будани омилҳои дохилӣ масъалаи баҳснопазир аст, вале ба ташаккул ва тағйири симои байналмилалии сиёсати давлат асосан омилҳои беруна (экзогенӣ) таъсир мерасонанд. Дар қатори омилҳои берунии имиҷи байналмилалии давлатҳо дар марҳалаи кунунӣ, стандартҳои ҷаҳонӣ, рейтингҳои солонаи ташкилотҳои байналмилалӣ, ки эътибори ҳуқуқии байналмилалӣ касб намудаанд, аҳамияти хоса доранд. Ин стандартҳо, ки ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ (дараҷа ва давомнокии умр, некӯаҳволӣ, сатҳи коррупсия, имкониятҳои тиҷорат) ва нишондиҳандаҳои сиёсӣ (рушди институтҳои демократӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсон) такя менамоянд, ҷолибияти сиёсати давлат (ва ё баръакси он)-ро барои ҷомеаи башар инъикос мекунанд. Яъне арзёбии нуфузу эътибори давлат то андозае раванди фародавлатӣ буда, ба институтҳои мустақили байналхалқӣ такя мекунад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намудан ба арзёбии байналмиллии сиёсати давлатӣ баҳри дарки ҳолати имиҷи кишвар хеле муҳим мебошад.
Дар ҳаёти сиёсии давлат имиҷ вазифаи худмуайянкунӣ, мутобиқнамоӣ, сотсиализатсия, интергартсия, коммуникатсия ва барномарезиро иҷро мекунад.
Ҳодиёни асосии имиҷи давлат дар хориҷ субъектони соҳаи байналахалқӣ: дипломатҳо, ходимони илм, аҳли варзиш, фарҳангу санъат, сайёҳӣ ва ӯайра мебошанд. Ба ҳайси объекти ташаккулдиҳандагони имиҷи кишвар фестивалҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, конфронсҳои илмӣ, сафарҳои ҳунарии санъаткорон ва ӯайра баромад мекунанд.
Яке аз самтҳои дигари ташаккул ва тақвияти симои сиёсати давлат ин эҷоди бренди кишвар ё таҳияи сиёсати брендӣ (брендинги давлатӣ) мебошад. Брендинги давлатӣ – як соҳаи дониш ва амалия мебошад, ки ҳадафи он андоза кардан, сохтан ва идора кардани имиҷи давлат аст. Раванди таҳия ва паҳн кардани бренди кишвар тавассути ВАО-и байналмилалӣ сурат гирифта, маҷмӯи тамғаи молии миллиро фаро мегирад: он на танҳо ном ё тарроҳии хосро тақозо мекунад, балки тамоми мушаххасоти давлатро ифода намуда, воситаи шинохти мо аз ҷониби давлатҳои истеъмолкунанда (ҷаҳони беруна) ҳоҳад гашт.
Дар арсаи байналхалқӣ чунин хусусиятҳои давлат ба монанди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), системаи сиёсӣ ё фарҳанг, имрӯзҳо ба навъи муайяни «маҳсулот» (бренди маркетингӣ) табдил ёфтаанд. Ҳангоми зикри номи давлат (бренди кишвар) фавран як силсилаи томи шинохти он кишвар ба вуҷуд меояд. Масалан, Ҷопон – бренди технологияи баландсифат аст, ки ба тамоми ҷаҳон насли нави технологияро пешниҳод мекунад. Фаронса – бренди мӯди баланд (тарроҳони мӯд) ва таъми ҷаззоб (шаробҳо, хушбӯйҳо) аст. Бонкҳое, ки ҳеҷ гоҳ дар таърих ӯорат нашудаанд, ба «визитная карточка»-и Швейтсария табдил ёфтаанд. Ҳатто ин кишварро аз рӯйи ин бренд «сейфи ҷаҳонӣ» низ меноманд. Нидерландияро ҳамчун кишвари аз лиҳози демократия рушдёфта ва дорои сатҳи баланди озодии шахсӣ эътироф мекунанд. Австрияро кишвари мусиқӣ меноманд ва ғайра. Ин тамӯаҳо шояд мазмуни софи сиёсӣ надоранд, аммо системаҳои сиёсии замони муосирро муваффақона муаррифӣ мекунанд. Маҷмӯи чунин арзишҳои давлат, ки аз ҷониби шаҳрвандонаш қадр гардидаву эҳтиёткорона ба мерос гузошта мешаванд ва воситаи шинохти ҷаҳонии кишварҳо мебошанд, метавонад ғояи миллиро дар ин давлат хеле пурқувват гардонанд, пешвои миллаташро муваффақ созанд ва амнияти миллиро таҳким бубахшанд.
Қобили зикр аст, ки категорияи «бренди миллӣ» ба туфайли коршиноси машҳури бритониёӣ дар соҳаи брендинг, дорандаи ҷоизаи Нобел дар иқтисодиёт С. Анголт дар соли 2009 ба гардиши илмӣ ворид шудааст. ӯ шаш унсур: содирот, идоракунӣ, фарҳанг, аҳолӣ, сайёҳӣ ва қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва сармоягузориро меъёрҳои арзёбии имиҷи давлат шуморидааст. Маҳз тавассути чунин як “шашгонаи тиллоӣ” -и Анголт имрӯзҳо нишондиҳандаҳои бренди миллӣ (Nation Brand Index) андозагирӣ карда мешаванд.
Таҳкурсии имиҷи давлатиро дар ҳама кишвари дунё асосҳои барномавӣ ва институтсионалии он: яъне мавҷудияти санадҳои консептуалӣ, барномавӣ ва қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешбурди симои мусбати сиёсати давлатии кишвар ва брендҳои давлатӣ ташкил медиҳанд. Маҳз дар доираи ин барномаҳои давлатӣ ташаккули симои мусбати сиёсӣ ва сармоягузорӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар шароити муосир усулҳои гуногуни инноватсионии имиҷсозӣ аз ҷониби кишварҳо истифода бурда мешаванд:
- баргузор намудани чорабиниҳои глобалии варзишӣ ва маъракаҳои марбут ба бозиҳои олимпӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён. Асосан чунин усул аз ҷониби Русия, Чин, Канада, Кореяи Ҷанубӣ васеъ истифода бурда мешавад;
- пеш гирифтани ташаббуси инноватсионӣ нисбат ба мушкилоти глобалӣ, алахусус дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (Финландия, Нидерландия);
- намоишҳои ҷаззоби фарҳангӣ ва санъат (Канада – Сирки офтоб Cirque du Soleil, Аморати Муттаҳидаи Араб – боғҳои дилхушӣ ва ғайра),
- дар ниҳоят, интихоби сарварони сиёсие, ки метавонанд муносибати оламиёнро бо кишвар таӯйир ва онро ба узви фаъоли ҷаҳонӣ табдил диҳад. Хушбахтона Тоҷикистон бо шахсияти сатҳи ҷаҳоние монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои бренди байналмилалӣ гаштааст, ки ба мақоми давлат дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири тақдирсоз расонидааст.
Ҳамин тавр, имиҷсозӣ як падидаи маъмули байналмилалӣ буда, бо дарназардошти аҳамияти беандоза доштанаш кишварҳо миллион ва миллиардҳо долларро солона харҷ менамоянд. Нишондиҳандаҳои моддӣ ҳамчун омили зарурии рушд ва таҳкими имиҷи давлат мебошанд.
Тибқи маълумоти созмони мустақили иқтисодии «BrandFinance», ки ҳамасола ҳаҷми сарфи маблаӯҳоро аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати нигоҳдории брендашон анҷом медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ҳамчун яке аз брендҳои қавитарин солҳои тӯлонӣ дар рӯйхати брендҳои «гарон» -и миллӣ пешсаф аст. Мувофиқи маълумоти созмони мазкур дар моҳи декабри соли 2016 Иёлоти Муттаҳида беш аз 20 миллиард долларро дар ин самт сарф кардааст. Чин бо харҷи 7 миллиард доллар дар ҷойи дуюм қарор мегирад. Пас аз он Олмон (тақрибан 4 миллиард доллар), харҷи Ҷопон ва Британияи Кабир мутаносибан 3 миллиард долларро дар бар мегирад. Мувофиқи тадқиқоти охирини ин созмон, ки дар соли 2020 нашр шуд 45,5 %-и маҷмуи иқтидори бренди ҷаҳонӣ ба ИМА рост меояд.
Аҷиб он аст, ки аз давлатҳои пасошӯравӣ дар ин руйхтаҳо қарор надоранд. Аз ин рӯ, батадриҷ дар шумули давлатҳои тадқиқишаванда ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба яке аз ҳадафҳои афзалиятноки рушди дурнамои дарозмуддат шинохта шавад.
Ҳамчун як ҷузъи системаи идоракунии давлатӣ, стратегияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии ташаккули имиҷи байналмилалии кишвар ҳатман бояд ҳамкориҳои ташкилотҳои гуногун ва сохторҳои давлатиро дар бар гирад. Имиҷсозии кишварро набояд ҳамчун раванди ҳукуматӣ қабул кард, зеро он мардумро аз ҳамкорӣ дур мекунад. Баракс аксари ташаббусҳо дар ин самт бояд ба мардум дода шавад ва дастгирӣ карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон омили бунёдиеро, ки барои имиҷсозӣ кӯмак менамояд, алакай соҳиб аст ва он доштани фазои амну ором мебошад. Амну оромӣ фазои асосӣ барои сохтани имиҷи мусбати давлат ба шумор меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тақвияти имиҷи давлат бояд дар заминаи интегратсияи нерӯи се қишри асосии кишвар: зиёиён – аҳли илм, журналистон ва сиёсатмадорон ба роҳ монда шавад. Дар чунин шакл муттаҳид намудани қувваи имиҷсози давлат, ба он хотир аст, ки дар сурати ӯайрифаъол будани яке аз ин қишрҳо ҳадафҳо ва мақсадҳои гузошташуда ба даст нахоҳанд омад. Ҳамоҳанг намудани амали якҷояи намояндагони тамоми соҳаҳои фаъолияти кишвар баҳри эҷоди симои беназир ва қавии кишвар яке аз вазифаҳои асосии давлат, технологияҳои маркетингӣ ва PR мебошад.
Имиҷ гуфта, фақат бо як ё ду масъалаи рушди Тоҷикистон набояд иктифо кард, бакли ба ҳар як ҷузъиёт бояд аҳамияти хоса зоҳир намуд. Хусусан, дар ин раванд бояд принсипи систематикӣ, меросият ва муттасилияти имиҷсозӣ бояд таъмин гардад.
Бо вуҷуди ин, набояд андеша кард, ки ҳеҷ коре барои сохтани имиҷи мусбати Тоҷикистон то ҳол анҷом дода нашудааст. Балки ин номгӯ хеле ва хеле зиёд мебошанд. Сар карда аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ то ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ба таври бевосита ва бавосита ба тақвияти имиҷи мусбати Тоҷикистон мусоидат кардаанд. Бо вуҷуди ин, имиҷсозӣ як барномаи кӯтоҳмуддати давлатӣ нест, он раванди беохир ва беҳудуд мебошад.
Вобаста ба хусусияти болозикр чанд ҷиҳатро ин ҷо метавон зикр намуд, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сиёсати байналхалқӣ кӯмак хоҳанд намуд.
Якум, ҳарчанд то имрӯз санадҳои бунёде мавҷуданд, ки ба таври мустақим ва бавсоита ба ташаккулёбии имиҷи Тоҷикистон дар сиёсати хориҷа мусоидат мекунанд, вале дар шароити кунунӣ муҳим ба назар мерасад, ки санади ба таври бевосита фарогирандаи соҳа: «Консепсияи тақвияти имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷа» барои давраи то соли 2030 таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода шаванд.
Дуюм, мувофиқӣ мақсад аст, ки чун таҷрибаи давлатҳои дигар дар ҳошияи солҳои наздик ташаббуси баргузор намудани яке аз бозиҳои олимпии сатҳи минтақавӣ дар Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шавад.
Омили варзиш дар сохтани имиҷи мусбат нақши баӯоят бузургро иҷро мекунад. Ҳатто дар замонаш Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷ.Кеннедӣ зикр намуда буд, ки танҳо ду ҷанба барои баланд бардоштани эътибори миллии Амрико муҳим аст – парвози бомуваффақият ба кайҳон ва медалҳои тиллои олимпӣ.
Сеюм, барои тарӯиби имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи ВАО-и хориҷӣ мувофиқӣ мақсад аст, ки (ҳадди ақал дар ибтидо) тури журналистони касбии ВАО-и кишварҳои собиқ Иттиходи Шӯравӣ ба Тоҷикистон ташкил карда шавад. Ин иқдом ҳавасманди ВАО- хориҷиро оид ба дарки воқеият ва баҳри пахши иттилооти мусбат дар бораи Тоҷикистон зиёд хоҳад намуд.
Чорум, бояд пайваста аз ҷониби институтҳои алоҳида дараҷаи имиҷи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳлил карда шавад. Чунин ба назар мерасад, ки барои арзёбии симои кунунии кишвар баррасии бештари натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ, гузоришҳои байналмилалӣ оид ба рейтинги кишварҳо, ки мувофиқи меъёрҳои гуногун тартиб дода шудаанд, маълумот дар бораи сатҳи сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар, ҷолибияти муассисаҳои таълимӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ҷолибияти Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ ва ғайра анҷом дода шаванд.
Панҷум, ҳатто дар доираи нақшаву стратегияҳои сатҳи маҳал минтақа, шаҳр ва вилоят ва як маҳалли хурди кишварро метавон ба бренди миллӣ табдил дод. Бисёр кишварҳои дунё имрӯз мавҷуданд, ки онҳоро аз рӯйи як шаҳр ва ё маҳалли ҷолибаш мешиносанд.
Шашум, барои муаррифии бештари Тоҷикистон ва сиёсати кишвар таъсиси шабакаи телевизионӣ бо забони русӣ-англисӣ (50% тоҷикӣ ва 50% русӣ ё англисӣ) муҳим мебошад ва ӯайра. Ин таҷриба алакай дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мавҷуд мебошад.
Ҳамин тавр, масъалаи ташаккули имиҷи мусбати кишвар мураккаб ва байнисоҳавӣ аст. Баррасии он ҳам аз нуқтаи назари маркетинги минтақавӣ, иқтисодӣ ва брендинг ва ҳам аз нуқтаи назари фанҳои гуманитарӣ: теорияи коммуникатсия, пиарология, имиҷология, журналистика муҳим аст. Танҳо дар ин сурат масъала ва аҳамияти он аз доираи фаҳмиши комилан маҳдуди иқтисодии худ ба падидаи арзишманди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил хоҳад ёфт ва Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат ба яке аз кишварҳои ҷаззобтарини ҷаҳон мубаддал хоҳад гашт.
Абдуҷабборов Маъруф
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷӣ