Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Марказ) вобаста ба тасдиқи сохтори нави Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифат ва фаъолият дар таъмини иттилоотию таҳлилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Марказ дар заминаи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст, ки он дар навбати худ аз Институти илмию тадқиқотии иқтисод ва тарзҳои иқтисодию математикии банақшагирӣ бо маркази ҳисоббарии Госплани ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1971 мутобиқи Қарори Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба илм ва техника аз 13 апрели соли 1971 ташкил карда шуда буд, аз нав сохта шудааст.Аз 18 апрели соли 2003 бо Фармони Президенти ҶТ Тартиб ва сохтори нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Мутобиқи ин Тартиб Марказ созмони давлатии иттилоотию таҳлилӣ буда, бевосита ба Президенти ҶТ тобеъ мебошад.
Дар фаъолияти худ Марказ Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳо, Қарорҳо ва Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарии хеш мегирад.Номгӯи мавзӯъҳои корҳои илимю тадқиқотии Марказ аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ (башарӣ) ва иҷтимоии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.Натиҷаҳои тадқиқоти Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фиристода мешавад. Ҳисобот оид ба итмоми корҳои илмию тадқиқотӣ дар Маркази миллии патентию иттилоотии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда мешаванд.Дар Марказ Шӯрои илмӣ, Шӯрои илмию методӣ ва Шӯрои илмию нашриётӣ амал мекунанд. Ба ҳайати Шӯро роҳбарон, олимони варзида ва кормандони Марказ, ҳамчунин олимони варзида ва кормандони Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Дар Марказ ба таври доимӣ донишомӯзони мактабҳои олӣ таҷриба меомӯзанд, ки бештари онҳо баъдан кормандони Марказ мегарданд.Марказ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, хазинаҳои гуногун ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он робитаҳои зиёди илмӣ дорад.