Бо вуҷуди такомулоти азиме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол касб кард, бо дарназардошти ваҳдати сартосарӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум, воқеӣ шудани армонҳои миллӣ, имрӯз масъалаҳои печидае рӯ ба рӯий мардуми кишвар шудаанд, ки басо хатарнок ва мушкилҳал низ мебошанд. Терроризм ва экстремизм аз зумраи ҳамин гуна хатарҳое ҳастанд, ки мазмуну муҳтавои байналмилалӣ доранд ва ин падидаҳо ҳатто ба кишварҳои пешрафтаи дунё таҳдид мекунанд.
Муҳаққиқони ин мавзӯъ се омили асосии ҷалби ҷавононро ба ин гурӯҳҳо баён кардаанд, ки инҳо омилҳои равонӣ, идеологӣ ва стратегӣ ҳастанд. Ба ақидаи мо, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро мепайванданд, заъфи равонӣ доранд ва маҳз ҳолати равонии онҳо, ки поя бар сабабҳои инфиродӣ дорад, сабаби интихоби сарнавишташон мегардад.
Омили дуюм ва хеле муассир омили идеологист, ки ҳадафҳои сиёсии гурӯҳҳои муайянро мушаххас мекунад. Агар барои гурӯҳе фалсафаи сиёсӣ аҳамият пайдо кунад, барои гурӯҳи дуюм – таълимоти динист. Аммо ин на таълимоти асили динӣ, балки шакли таҳрифшудаи он аст, ки мояи онро гӯё ҳақ будани зӯроварӣ ва куштор ташкил медиҳад. Ниҳоятан, омили сеюм – омили стратегӣ ба шумор меравад, ки маҷмӯи ҳама гуна омилҳои дигар буда, воситаҳои мусолиҳатомези ба даст овардани ҳадафҳои сиёсиро умуман қабул надорад.
Аз ин омилҳо, фикр мекунам, барои воқеияти Тоҷикистон омили равонӣ асосӣ ба шумор меравад, зеро аксари ҷавононе, ки гумроҳ шудаанд, гумкардагони мазмуну моҳияти ҳаёт ё ба қавли дигар, хориҷ аз фазлу ҳунару донишанд. Барои онҳо дин танҳо ҳамчун ниқоб ва рӯйпӯши мафкуравӣ хизмат мекунад. Мубаллиғон, махсусан тавассути воситаҳои электронии ахбор, сомонаҳои мухталифи иғвобарангез чунон ҷавононро мағзшӯӣ мекунанд, ки дар андак муддат онҳо асири ақидаи ғалат шуда, онҳоеро, ки муқобили афкорашон қарор доранд, дарҳол ба куфр муттаҳам месозанд. Баъди такфир барои онҳо рехтани хуни мусалмонони дигар, оташзании хонадони онҳо ва ғулом кардану ба тороҷ бурдани амволи дигарон гӯё дуруст шумурда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт чораҳои заруриро андешида истодааст.
Мақомоти қонунгузори мамлакат тибқи Конститутсия, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта муваззаф гардонидааст. Қобили қайд аст, ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии ҶумҳурииТоҷикистон 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул гардид, ки дар он мақсади қабули қонун, мафҳуми терроризм, фаъолияти террористӣ, субъектҳои бевоситаи бо терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.
Дар баробари ин, 8-уми декабри соли 2013 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда ва масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди экстремизм дарҷ гардидаанд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва бо мақсади пешгирии ақидаҳои фанатикӣ дар байни аҳолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва маҳкумшудагон ба равияҳои террористию экстремистии динию сиёсӣ, фаъолияти тахрибкоронаи онҳо дар дохили кишвар ва инчунин вобаста ба корҳои тарбиявӣ, алалхусус, ошкору пешгирӣ намудани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ–террористӣ дошта ва паҳнкунандагони ғояҳои ифротгароёнаи онҳо вохӯрию мулоқот бо иштироки донишҷӯён, хонандагон, фаъолони ҷомеа ва дуруст баҳогузорӣ намудани хатари падидаҳои доғи ҷаҳони муосир, ба монанди терроризм, экстремизм ва мубориза бар зидди онҳо баргузор карда мешаванд.
Ҳамин тавр, мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки фарҳанги динию миллиамонро баланд бардорем. Ба ҷомеа, алалхусус ҷавононамон, фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯркӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Барои бартараф кардани хатари ифротгароӣ таҳкими низоми таълиму тарбия ва мактабу маориф хеле муҳим мебошад. Вазъияти мураккаби ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҳap як фарди ҷомеа, хусусан ҷавонон, бояд соҳиби дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Омӯзгорон ва мутасаддиёни шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки якҷоя фаъолият намуда, дар зеҳну шуури ҷавонон бартарияти соҳиби касбу ҳунар буданро талқин намоянд.
Дар кори пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз амалҳои номатлуб баробари мактабу маориф нақши оила, ВАО ва ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятию давлатӣ низ дар таълиму тарбияи насли наврас бағоят бузург аст. Ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва интернет самаранок истифода бурдан тақозои давру замон аст. Зиёд кардани пахши барномаҳои махсуси тарбиявӣ-идеологӣ ва шарҳи масоили мубрами вазъияти минтақа ва ҷаҳон дар шабакаҳои телевизиону радио ҷаҳонбинии ҷавононро васеъ намуда, дарки дурусти хатарҳоро осон мегардонад.
Ба андешаи мо, омили муҳими эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз афтодан ба доми тори анкабутии макру фиреби ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудан ва ба кору фаъолияти бунёдкорию созанда ҷалб кардани онҳост. Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба пешгирӣ намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд:
– ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷойи он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда;
– ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ -фарҳангии ҷомеа;
– баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
– ба ҷойи кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон;
– баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон;
– таъсис додани марказҳои ёрии равоншиносӣ ба ҷавононе, ки ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд;
– ҳамкории мунтазами волидайн бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандони онҳо таълим мегиранд;
– баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Барои ҳалли ин масъала равона кардани неру ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ, мубориза хоҳанд бурд.
Исроил Файзов
коршиноси масоили амнияти минтақавии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон