ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР РАҲНАМУДҲОИ СТРАТЕГИИ МУОСИР

Имрӯз, санаи 25 июни соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба 28 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва аҳаммияти он дар раҳнамудҳои стратегии муосир» баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини якуми директори Марказ номзади илмҳои иқтисодӣ Муртазозода Ораз бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик ва муборакбод намуд.

Иброз гардид, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ, барои тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи таърихӣ ва сарнавиштсоз ба шумор меравад, ки ҳамасола ин санаи муҳим дар сартосари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Зеро расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои миллати мо осон ба даст наомадааст. Барои он, ки дар кишвар ваҳдату ягонагӣ барқарор ва ҷангу хунрезӣ қатъ гардад, музокирот ва гуфтушунидҳои тулонӣ ва дар вазъиятҳои гуногун беш аз чор сол давом кард. Ниҳоят 27 июни соли 1997 санади тақдирсози миллӣ – «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расида, сулҳу ваҳдат ва ягонагиву муттаҳидӣ дар Тоҷикистон барқарор шуд.

Сипас кормандони Марказ дар асоси далелҳои таърихӣ, дастовардҳои миллӣ ва бо такя ба сарчашмаҳои аввалияи инъикоси сулҳи тоҷикон маърузаҳои илмӣ ироа намуданд. Аз ҷумла, Шарифзода Саидҳомид Сафар – номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар мавзуи «Аз Хуҷанд то Хуҷанд: таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки дар марҳалаи аввали соҳибистиқлол гардидани кишвар, хатари аз байн рафтани давлати ҷавон ва пароканда гардидани миллати куҳанбунёди тоҷикро фарзандони содиқ ва ватандӯсти миллат дарк намуда, Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олиро баргузор ва заминаи бунёди сулҳ ва муттаҳидии мардумро бавуҷуд оварданд. Маҳз дар ин замина, Сарвари кишвар, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олӣ аз ҷониби вакилони мардумӣ интихоб гардид, барқарории сулҳу субот ва таъмини рушди минбаъдаи Тоҷикистонро ҳадафи аслии худ қарор дод, ки ин рисолат то кунун идома дорад.

Ҳамзамон, Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ – сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодӣ зимни маърӯзаи худ дар мавзуи «Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисоди миллӣ» иброз намуд, ки ваҳдати миллӣ рӯйдодест, ки бо гузашти 28 сол аҳаммияти он бештар эҳсос мешавад. Зеро маҳз бо шарофати ин дастоварди таърихӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи фардои дурахшони кишвар ва ба давлати мутараққӣ мубаддал гардонидани Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад.

Аз ҷумла, ҳаҷми ММД аз 1,8 млрд. сомонии соли 2000-ум ба 153,4 млрд. сомонӣ ва ё 85,2 маротиба дар соли 2024 афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ қариб 4 маротиба коҳиш дода шуд, яъне аз 83 фоизи соли 1999 то 31 фоиз дар соли 2015 ва дар соли 2024 то 20,4 фоиз коҳиш ёфт.

Дар идомаи ҳамоиш, миёни иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифта, паҳлуҳои гуногуни ин санаи таърихӣ ва нуктаҳои асосии маърузаҳои ироагардида мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, Бобоев Ҷурахон – сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавӣ ва Давлатов Рамазонӣ – котиби матбуотии Марказ андешаҳои худро роҷеъ ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои бузурги миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи халқ, инчунин, мавҷудияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ иброз намуданд.

Дар фарҷом, муовини якуми директори Марказ номзади илмҳои иқтисодӣ Муртазозода Ораз аз таҳлилу баррасиҳои ҷараёни ҳамоиш натиҷагирӣ намуда, ба ширкаткунандагон изҳори сипос намуд.

Мизи гирд дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоитии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон