НАТИҶАГИРИИ ИТТИЛООТИЮ ТАҲЛИЛӢ АЗ ГУЗОРИШИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ ҒИЗО

Вобаста ба шароити ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ин роҳ таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул, хусусан, мавриди зиёд гардидани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши аҳолӣ, масъулияти бештарро барои таъмини самаранокӣ ва истифодаи мақсадноки захираю имкониятҳо бо дарназардошти тағйирёбии босуръати иқлим талаб менамояд.

Бинобар сабаби муҳим будани масъалаи мазкур, Роҳбарияти олии кишвар барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, хусусан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, доираи заминҳои кишоварзиро зиёд намуда, барои дар давоми як сол гирифтани се ё чор ҳосил тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Вобаста ба таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 млрд. сомонии соли 2019–ум ба 73 млрд. сомонӣ дар соли 2024–ум баробар гардидааст, яъне дар давоми панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1,9 баробар зиёд гардидааст, аммо тавре дар гузориши муфассали Созмони Ҷаҳонии Ғизо, санаи 20 марти соли 2025 гуфта шудааст, соли 2024 беш аз 295,3 миллион нафар аҳолии ҷаҳон аз 53 кишвар бо сатҳи баланди ноамнии озуқаворӣ мувоҷеҳ шудаанд.

Аз рӯйи натиҷаи таҳлилҳои Созмони Ҷаҳонии Ғизо дар соли 2024-ум бештар нарасидани ғизо ба минтақаҳои Ғазза, Судон, Яман ва Маллӣ, ки бештар азият ба гуруснагӣ доштанд, дида мешавад. Омилҳои асосӣ, сар задани муноқишаҳои сиёсӣ ва тағйирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин вазъият ба он оварда мерасонад, ки аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоӣ дастрасӣ пайдо карда наметавонанд ва дар маҷмуъ, ба норасоии обӣ ошомиданӣ рӯ ба рӯ гардида, боиси хуруҷи бемориҳои сироятӣ мегардад.

Ҳамзамон, оқибатҳои даҳшатбори тағйирёбии иқлим ва сар задани муноқишаҳои сиёсӣ ба коҳиш ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ оварда мерасонад. Ҳоло мушкилоти дигаре низ ба чашм расида истодааст, ки ин ҳам бошад, кам шудани маблағгузории башардӯстона мебошад, ки боиси норасоиҳои ғизо мегардад, зеро ин маблағгузориҳо ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ кумак мерасонанд. Гуруснагиҳое, ки дар минтақаҳои номбурда дар асри XXI мушоҳида мегардад пайомадҳояш оқибатҳои фоҷиаовареро метавонад ба дигар кишварҳо расонад.

Хотирнишон бояд сохт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои қудратманд барои бартараф кардани ин мушкилот, барномаҳои судманд таҳия намуда, дар ҳамбастагӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, чораҳои дахлдор андешида истодаанд. Ҳамзамон, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба амнияти озуқаворӣ дар ин росто, метавон тиҷорати шаффофро тақвият бахшида, имкониятҳои зиёдеро метавон фароҳам овард.

Айни ҳол зарур аст, ки низоми тиҷорати одилона, шаффоф ва устувори маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири ҳифзи саломатӣ ва таъмини амнияти озуқавории шаҳрвандони кишварҳои ноором, тақвият дода шавад. Бояд гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2024 барномаеро қабул кард, ки мубориза бар зидди гуруснагиро тақвият бахшида, системаи устувори ғизоро таҳия намуд.

Одатан, раванди босуръати тағйирёбии иқлим ба кишварҳое таъсир мерасонад, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД онҳо бештар мебошад, ё ин ки ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ эҳтиёҷи бештар дорад. Барои кишварҳое, ки саҳми ин ду нишодиҳанда дар иқтисодиёти миллияшон зиёд аст, дар соли 2025 диққати ҷиддӣ додан лозим меояд. Чунки аз рӯйи маълумот танҳо дар соли 2024 тахминан 37,7 миллион кӯдакони то панҷ сола ба норасои шадиди ғизо дар 53 кишваре, ки таҳқиқот гузаронида шуда буд, мувоҷеҳ гардиданд. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба чунин гурӯҳе, ки эҳтимолияти кам будани ғизо, аз ҷумла, ғизои солим дуруст истеъмол накардани кӯдакон дар баъзе аз радабандиҳо дохил гардидааст.

Бо дарназардошти ин, таҳлилҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим меояд, ки барои соли 2025 ва таъмини амнияти озуқавории кишвар чораандешӣ намоем. Чунки дар шароити имрӯз омилҳои таъсиррасон тағйирёбии иқлим ва хатарҳои табиӣ, маҳдудияти об дар соҳаи кишоварзӣ, омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Ғизо дар 53 кишвари, ки ба таҳқиқот фаро гирифта шудааст камғизоӣ ва ё истифодаи ғизои нодуруст дар байни кӯдакони то панҷ сола мавҷуд мебошад, ки ин ба камвазнӣ ва ё бад гардидани саломатии онҳо оварада мерасонад. Бояд таъкид намуд, ки дар соли 2025 низ аз эътидол зиёд гарм шудани ҳаво дарназар аст, ки мушкилоти кишоварзиро боз ҳам шадидтар менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои шароити ниҳоят мусоид барои парвариши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Навобаста аз тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳои беруна, саҳми соҳаи кишоварзӣ дар ММД зиёда аз 24 дарсадро ташкил медиҳад. Дастрасии ғизо ба шаҳрвандони кишвар, новобаста аз дараҷаи даромаднокии аҳолӣ, дар дилхоҳ маврид ба таври пурра мавҷуд мебошад. Аммо мушкилоти асосӣ дар раванди ҳаракати мол то ба истеъмолкунанда пайдо мегардад. Ин мушкилот боис мегардад, ки аз кишоварз то ба истеъмолкунанда расонидани мол танҳо хароҷоти логистикӣ аз 40 то 60 дарсади арзиши аслии маҳсулотро баланд мегардонад.

Мушкилоти дигар вобаста ба маҳсулоти озуқаворӣ, ки бевосита ба соҳаи кишоварзӣ вобаста аст, ин бештар талаф ёфтани маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мебошад. Аз сабаби гарм будани иқлими Тоҷикистон, маҳсулоти ҷамъоваригардида зуд талаф меёбад. Ҳатто то ҷамъоварӣ ё харидор пайдо гардидан, маҳсулот дар саҳро вайрон мегардад.

Албатта, барои нигоҳ доштани маҳсулот то давраи муайян барои баланд гардидани нархи он барои ба фурӯш баровардан то як андоза, сардхона лозим мебошад. Ҳангоми суҳбат бо соҳибкорони минтақаҳои кишвар маълум гардид, ки онҳо омода ҳастанд то сардхонаҳоро созанд, аммо хараҷоти барқ барои яхдонҳо гарон буда, он арзиши маҳсулотро якчанд маротиба зиёд менамояд ва дар натиҷа, талабот барои харидорӣ намудани моли дар сардхонабуда кам мегардад.

Бояд қайд намуд, ки новобаста аз он, ки дар соли 2025 истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ нисбат ба се моҳи соли 2024–ум  11,8 дарсад афзоиш ёфта бошад ҳам, эҳтимолиятҳои пайдо гардидани мушкилот дар ин соҳа ҷой дошта метавонад. Барои ба буҳрони пурраи озуқаворӣ мувоҷеҳ нагардидан, якчанд тавсияи коршиносони хориҷӣ ва дохилиро зарур мешуморем.

  1. Зиёд кардани сармоягузориҳои дохилӣ ва берунӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва дар ин раванд афзоиш додани кумакҳо ба аҳолии осебпазир, хусусан дар минтақаҳои дурдаст:
  2. Афзоиш додани лоиҳаҳои “сабз” барои сохтани сардхонаҳо тариқи панелҳои офтобӣ, махсусан, дар ноҳияҳои кишоварзии вилояти Хатлон:
  3. Беҳтар гардонидани инфрасохтор ва захираҳои об дар соҳаи кишоварзӣ. Бо сабабҳои тағйирёбии иқлим талабот ба об барои рустаниҳо низ як баробар афзоиш ёфта дар соҳаи кишоварзӣ инфрасохтори дурусти обрасониро таъмин бояд намуд:
  4. Зиёд намудани ҳаҷми воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили гӯшт, гандум, равған дар соли ҷорӣ:
  5. Чораандешӣ намудан ва омодагии ҷиддӣ ба ҳолатҳои фавқулода, аз қабили сӯхтор ҳуҷуми малахҳо, хушкшавии зироатҳои полезӣ ва ғайра:
  6. Беҳтар намудани фаъолияти каналҳои тиҷоратии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, то деҳқонон тавонанд манфиати бештар ба даст дароварда, ҳавасманд гарданд.

 

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода, н.и.и.,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон