КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА БАХШИ ХУСУСӢ- ОМИЛИ МУҲИММИ НОИЛ ГАРДИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Рӯзи 18-уми июни соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ- омили муҳимми ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди хусусӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли дигар мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мебошад. Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, мутахассисони бонкӣ, олимони пажуҳишгоҳи илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанашон дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорию сармоягузориро дар санадҳои муҳимми стратегии мамлакат, аз ҷумла, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки ин далели возеҳу равшани аҳаммияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.

Ҳамин тавр, ҳоло дар назди кишвари мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ вазифаҳои асосӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ муайян карда шудаанд, ки дар заминаи он афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохил, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назардошта шудааст.

Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ диққати аввалиндараҷа, зоҳир карда шавад.
Мавсуф қайд намуд, ки, ки дар шароити имрӯза таъмини рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар баробари ҳалли дигар масъалаҳо аз бисёр ҷиҳат ба дастрасӣ ва таъмини субъектҳои соҳибкорӣ бо захираҳои қарзию моливии имтиёзнок вобаста мебошад. Тибқи оморӣ расмӣ соли 2024 ҳаҷми пешниҳоди қарз ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар 7,6 млрд сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли 2020 тақрибан ду баробар зиёд мебошад. Бо вуҷуди он, ки дар ин давра ҳаҷми пешниҳоди қарз беш аз 27,6 млрд сомониро ташкил намуда бошад, ҳам аммо ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва захираю имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Зикр кардан ба маврид аст, ки таъмини рушди босуботи фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ бевосита ба бастаи имтиёзу сабукиҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ алоқаман аст. Бинобар ин, таъмини сатҳи бархӯрдории субъектҳои соҳибкорӣ аз имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ ва қарзиву молиявии дар қонунгузории амалкунанда пешбинигардида, инчунин, таъмини бархӯрдории онҳо аз мораторияҳои эълонгардида ба санҷиши субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумот, ҳоло дар қонунгузории амалкунанда ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ беш аз 120 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо, пешбинӣ гардида, аз он 85 фоизашро имтиёзҳои фискалӣ ташкил медиҳад.
Дар заминаи ҷорӣ намудани механизмҳои гуногуни андозию гумрукӣ ва молияви баланд бардоштани сатҳи ҳавасмадии субъектҳои соҳибкории инфиродӣ ҷиҳати васеъ ва инкишоф додани доираи фаъолияти худ. Тибқи маълумот ҳоло тақрибан 89 дарсади субъектҳои соҳибкорӣ дар мамлакатро соҳибкони инфиродӣ ташкил медиҳанд.
Аз ин лиҳоз, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлилу арзёбии фазои соҳибкорӣ дар кишвар тасмим гирифт, ки конфронси илмӣ-амалиро дар мавзуи “Рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ- омили муҳимми ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намояд.

Сипас дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии МТС,н.и.и. Одиназода Амин Иброҳим дар мавзуи “Рушди соҳибкории истеҳсолӣ – омили муҳимми ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ”, директори Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон д.и.и.,профессор, Шарофзода Фарҳод Раззоқ дар мавзуи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити ташаккули иқтисодиёти сабз” муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.и. Ҷурахонзода Саодат Ҷурахон дар мавзуи “Нақши соҳибкорӣ дар рушди шуғли пурмаҳсул”, и.в. муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” Розиқов Муҳаммаднасим дар мавзуи “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Забирзода Некрӯй дар мавзуи “Таҳлили фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар ва роҳҳои беҳтар намудани он” ва дигар иштирокдорон тибқи барнома бо маърузаҳо суханронӣ карданд ва ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Ҳамоишро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода, ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, изҳори умед намуданд, ки нишасти илмии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон