ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ДАР ДУЮМИН ФОРУМИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ”
Санаи 13 июни соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар дуюмин Форуми “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” баргузор гардид.
Форуми мазкур аз ҷониби Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва фонди Корея (Котиботи Форуми ҳамкории Корея – Осиёи Марказӣ) ташкил ва баргузор гардид. Дар Форум масоили суботи энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва логистика дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳадафи чорабинии мазкурро густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея ташкил намуд. Дар Форум роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Корея, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисод Рустамҷон Сайдуллои Қузратзода иштирок намуданд.
Ораз Муртазозода дар бахши дуюми ҳамоиш «Муқовимат ба мушкилоти иқлим, ноил шудан ба бетарафии карбон. Шакливазнамоии ESG ҳамчун самти рушди устувори минтақа» дар мавзуи «Тоҷикистон ва Корея: таъмини ҳамкории мутақобилан судманд» суханронӣ намуд.
Рустамҷон Сайдуллои Кузратзода дар бахши якуми ҳамоиш «Таъмини суботи энергетикӣ ва ошкор намудани иқтидори захираҳои муҳим дар Осиёи Марказӣ» дар мавзуи «Нақши захираҳои табиӣ ва инноватсионии Тоҷикистон дар ташаккули иқтисоди сабз» суханронӣ намуд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон