Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла такмили низоми дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ. 26.12.2019
Дар натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳлили вазъи кунунии фаъолияти соҳибкорӣ маълум гардид, ки ҳоло сарфи назар аз ҷой доштани тамоюлҳои мусбат дар самти ташкилу пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолнокии он боз як зумра таҳдиду хатар ва масъалаҳои ҳалталабе, ки онҳоро поёнтар ба таври алоҳида зикр хоҳем кард мавҷуд мебошанд. Дар сурати ҳаллу фасл нагардидани онҳо эҳтимол мушкилоти фаъолнокии соҳибкорӣ ва рақобатпазирии он дар ояндаи дуру наздик метавонад боз ҳам ҳассостар гардад.
Вазъи баамаломада, дарёфт ва тарҳрезии моделҳои навини таъмини дурнамои рушди ин бахши муҳими иқтисодиётро дар давраҳои дарозмӯддат тақозо менамояд.
Дар доираи модели рушд сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ бояд барои боз ҳам фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, коҳишдиҳии осебпазирии иқтисодиёти кишвар ба таҳдидҳои эҳтимолии беруна, ҷустуҷӯ ва таҳияи механизмҳои самараноки таъмини рушди бахши хусусусию соҳибкорӣ, дастрасии устувор ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва шуғли пурмаҳсул равона гардад.
Сенарияи рушди фаъолияти соҳибкорӣ
Бо дарназардошти қабули муқаррароти дар боло зикргардида ва андешидани чораҳо барои дурнамои дарозмуҳлат сенарияи асосии рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва аз ин ҳисоб таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар пешбинӣ мегардад.
Дар раванди пешбинӣ гардидани сенарияи мазкур чунин фарзияҳо ба инобат гирифта шудаанд:
- ҳадафҳои мақсаднок ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ;
- истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда;
- имкониятҳои сармоягузорӣ.
Индикаторҳои асосии мақсадноки модел дар асоси нишондиҳандаҳои дурнамои Барномаҳои соҳавӣ ва маълумоти вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, инчунин, маълумоти маҷмӯаҳои омори расмӣ ҳисоб карда шудаанд.
Сенарияи пешбинигардида ба рушде асос меёбад, ки ба татбиқи самарноки вазъ ва афзалиятҳои барнома ва стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи милии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои давраи то соли 2020», баланд бардоштани сатҳи ҳавасманди ба ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, устуворгардонии муколамаи байни давлат бо бахши хусусӣ, таҳкими санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанди танзими фаъолияти соҳибкорӣ, минбаъд давом додани ислоҳоти самаранок оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, бартараф намудани монеаҳо, инчунин, иқтидорҳои мавҷудаи бахши воқеъии иқтисодиёт, нисбатан кам кардани сарбории андоз ва содагардонии он, такя мекунад.
Суръати миёнасолонаи рушд ё зиёдшавии шумораи субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ аз руи сенарияи мазкур дар маҷмӯъ 10 дарсадро, ташкил медиҳад.
Мутобиқи ин сенария афзоишёбии солонаи шумораи соҳибкорони инфиродии тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда ба ҳисоби миёна 11 дарсад соҳибкорони мақоми шахси ҳуқуқидошта 3 дарсад ва филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ 2 фоизро пешбинӣ менамояд.
Яке аз омилҳои асосии ноил шудан ба чунин суръати рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ин таҳия ва қабули «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав», таҳия ва қабули «Барномаи давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2021-2030», ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ва кам кардани сарбории андоз ба ҳисоб меравад.
Самарабахшии ин сенарияро мусбат ва муътадил метавон арзёбӣ намуд, зеро раванди таъсисёбии ҷойҳои нави кории иловагӣ дар ин давра тамоюли мусбиро ба худ касб намуда, то соли 2025 шумораи умумии таъсиси ҷойҳои корӣ, махсусан, аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда 408189 адад ва соҳибкорони мақоми шахси ҳуқуқидошта бошад, 178400 пешбини менамояд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2018 тақрибан аз 20 то 40 фоиз зиёд мебошанд.
Самарабахшии дигари сенарияи мазкур дар амалӣ гардидани нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии қонунгузории кишвар, аз ҷумла оид ба таъсиси на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ бо такя ба бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобида мешавад. Илова бар ин, ин нуқта дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» низ ҳамчун афзалияти асосӣ пешбини шудааст.
Дар таъмини рушди босуботи фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ, омилҳои зиёде метавонанд таъсиргузор бошанд, аммо асоси онро дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ, ташкил медиҳад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити кунунии рушди иқтисодиёт дарёфти қарз ҷиҳати инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ дар кулли бахшҳои асосии иқтисодиёт одатан ягона имконият барои ҷори намудани навовариҳо ва дар ин замина зиёд намудани активҳои гардон, мансуб меёбад.
Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки солҳои охир дар натиҷаи мусоид гардидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, инчунин, такмил ёфтани қонунгузории кишвар бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ ҳаҷми қарзгузориҳои низоми бонкӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мунтазам тамоюли зиёдшавӣ дошта, соли 2018-ум 1152321 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аммо, ин рақам ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, зеро талабот ба маблағҳои қарз аз ҷониби соҳибкорон зиёд буда, ҳатто низоми бонкии кишвар онро пурра қонеъ гардонида наметавонад. Илова бар ин, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанӯз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад.
Бинобар ин, сенарияи мазкур ҳамчунин мунтазам зиёд гардидани ҳаҷми қарзгузориҳои низоми бонкӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши воқеъии иқтисодиёт, махсусан соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатро пешбини менамояд.
Мувофиқи ин вариант тақрибан аз 1,2 то 2,5 маротиба афзоишёбии ҳаҷми қарзгузориҳо ва то 2 маротиба зиёд гардидани ҳаҷми қарзҳо ба ҳар як субъекти соҳибкорӣ дар назар дошта шудааст.
Самарабахшии вариати зикргардида оид ба мунтазам зиёдшавии ҳаҷми қарзгузориҳо ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусбат ҳисобида мешавад, чунки минбаъд давом додани ислоҳоти самаранок дар низоми бонкии кишвар ва таъсиси «Бонки сонатию содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар назар дорад.
Таҳдиду хатар ва мушкилоти асосӣ
Аз баски, инҷо сухан дар мавриди таҳияи Модели рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар меравад, пас ба таври мушаххас нишон додани мушкилоти мавҷудаи соҳа ба миён меояд. Бинобар ин, ҳоло мо масъалаҳои ҳалталабро дар алоҳидагӣ нишон хоҳем дод, аз ҷумла:
- нокифоя будани таъмини шароити фазои соҳибкорӣ,сарбории аз ҳад зиёди андозӣ ва душвориҳои маъмурикунонии андоз, сатҳи баланди монополизатсия, муҳофизати заифи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорон;
- соли 2019 мавқеъи байналмилалии Тоҷикистон аз руи ҳисобтҳои Бонки Ҷаҳонӣ “Doingbussines-2019 ҷойи 126-ро ишғол мекунад. Ин рақам аз паст будани рушди фаъолияти вазорату идораҳои дастгирикунандаи соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд, ки солҳои охир мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” аз лиҳози якчанд нишондиҳандаҳо беҳтар гардидааст, аммо корҳо дар самти осон намудани пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, сода кардани расмиёти қатъи фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан, субъектҳои соҳибкории хурд ва дастрасӣ ба қарз беҳбудиро тақозо менамояд;
- мунтазам зиёд гардидани барҳамхурии шумораи соҳибкорони мақоми шахси ҳуқуқидошта. Ин вазъ, агар аз як тараф ба таъмини рушди иқтисоди миллӣ монеа эҷод кунад, аз ҷониби дигар дар саноатикунонии босурати кишвар, ки ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, таъсири манфӣ мерасонад;
- ҷарима, тафтишҳои пайдарпай, талаби андоз пеш аз муҳлат ва дигар фишорҳои мақомот;
- дар сатҳи зарӯрӣ фаъолият накардани муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақаҳои кишвар;
- дар бахшҳои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шахсоне таъин гардидаанд, ки худ ба мафҳуми соҳибкорӣ, роҳҳои ҳавастманд гардонидани он, инчунин, қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳибкориро хуб намедонанд;
- дар сатҳи зарурӣ нагузаронидани семенарҳои омȳзишӣ доир ба баланд бардоштани фарҳанги соҳибкорӣ, савияи донишҳои иқтисодию молиявии соҳибкорон, таҳия бизнес-нақшаҳо, дастрасӣ ва истифодаи самараноки захираҳои қарзӣ-молиявӣ, дарёфти бозор, рақобатпазир будани фаъолият ва рафъи таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ;
- талаботи мураккаб оид ба гарави амвол, истифодаи нокифояи лизинги молиявӣ;
- дастрасии маҳдуди субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои бекорхобидаи корхонаҳо;
- маҳдуд будани дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ-молиявии имтиёзнок ва тӯлонӣ кашол ёфтани баррасии лоиҳаи пешниҳодгардида, аз ҷумла дар доираи қарзҳои имтиёзноки Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон» (МД ФДСҲҶТ);
- зиёд будани ҳаҷми гарав ва шумораи санадҳои лозима барои гирифтани қарз, инчунин,ба сифати гарав қабул нагардидани таҷҳизоту иншооти бунёдшаванда ва ҷой доштани омилҳои коррупсионӣ ҳангоми дарёфти қарз;
- баланд будани меъёри фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва кам будани муҳлати бозгардонии қарз ва ғайра.
Самтҳои афзалиятноки фаъолият
Бо дарназрдошти нақши муҳим доштани бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳалли масоилӣ иқтисодӣ-иҷтимоӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта,чунин самтҳои асосии фаъолиятдар марҳалаҳои миёна ва дарозмуддат муайян шудаанд:
- Андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ;
- Мусоидат дар самти кам намудани сарбории аз ҳад зиёди андозӣ ва душвориҳои маъмурикунонии андоз;
- Мусоидат оид ба таъмини кафолатнокии муҳофизати заифи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорон;
- Мусоидат дар ҳалли масъалаҳои ҷарима, тафтишҳои пайдарпай, талаби андоз пеш аз мӯҳлат ва дигар фишорҳои мақомот;
- Боз ҳам фаъол гардонидани муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақаҳои кишвар;
- Таъмини бахшҳои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мутахассисони соҳибтахассус;
- Таъмини назорат оиб ба амалӣ гардидани имтиёзу сабукиҳои ва дигар механизмҳои ҳавастмандгардониҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ пешбинигардида;
- Мусоидат ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои бекорхобидаи корхонаҳоба соҳибкорон;
- Баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва ҳосилнокии меҳнат дар фаъолияти соҳбкорие, ки дар соҳаҳои истеҳсоли, фаъолият мебаранд;
- Мусоидат доир ба дарёфти роҳҳои нави ташкил ва рушд додани фармоишҳои давлатии хариди мол, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташкили истеҳсолот ва фӯруши маҳсулот;
- Фаъол гардонидани ташкили семинарҳои омӯзишӣ дар робита ба баланд бардоштани фарҳанги соҳибкорӣ, савияи донишҳои иқтисодию молиявии соҳибкорон, таҳия бизнес-нақшаҳо, дастрасӣ ва истифодаи самараноки захираҳои қарзӣ-молиявӣ, дарёфти бозор, рақобатпазир будани фаъолият, рафъи таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ;
- Андешидани тадбирҳои судманд оид ба кам кардани ҳаҷми гарав ва шумораи санадҳои лозима барои гирифтани қарз инчунин ба сифати гарав қабул намудани таҷҳизоту иншооти бунёдшаванда;
- Таҳия ва қабули Кодекси андоз бо дар назардошти пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ дар таҳрири нав;
- Таҳия ва қабули «Барномаи давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2021-2030»;
- Ташкили «Бонки санотию содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии «Фонди Дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Натиҷаҳои чашмдошт
Интизор меравад, ки амалисозии тадбирҳои банақшагирифташуда дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба ноилшавии натиҷаҳои зерин замина мегузорад:
- то 1,4 маротиба зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ;
- афзоиш ёфтани ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли ММД;
- баланд гардидани мавқеъи байналмилалии Тоҷикистон аз руи ҳисобтҳои Бонки Ҷаҳонӣ «Doingbussines»;
- гузариши иқтисодиёти кишвар аз аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ;
- афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти воридотивазкунанда ва содиротӣ дар бахши воқеъии иқтисодиёт;
- беҳтар гардидани дастрасӣ ба захираҳои қарзию молиявӣ;
- то зиёда аз 1,3 маротиба зиёд гардидани таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби соҳибкорони тариқи патент ва шаҳодатнома, инчунин, соҳибкорони мақоми шахси ҳуқуқидошта вафилиалҳои шахсони ҳуқуқӣ;
- баланд гардидани маърифати молиявию иқтисодӣ ва ҳуқуқии соҳибкорон;
- ҷарима, тафтишҳои пайдарпай, талаби андоз пеш аз муҳлат ва дигар фишорҳои мақомот пурра аз байн бурда мешаванд;
- фаъолнокии муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақаҳои кишвар,таъмин мегардад;
- неруи кадрии зарурӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорони шаҳру ноҳияҳо таъмин мегардад;
- низоми боз ҳам соддакардашудаи андозӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ ҷорӣ мегардад;
- сарбории андоз аз ҳисоби қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав камтар мегардад.
Дар маҷмӯъ, ноил шудан ба натиҷаҳои чашмдошт ба он мусоидат мекунад, ки бахши воқеъии иқтисодиёти мамлакат замонавӣ, дорои дараҷаи баланди технология, самарабахш ва дорои рушди бемайлон гашта, қобилияти ҷорӣ намудани навовариҳои самарабахш, таҷдид ва таҷҳизонидани техникӣ мегардад ва минбаъд маҳсулоти рақобатпазири давраи навро бо таъсири ночиз ба муҳити зист истеҳсол намуда, ба душвориҳои шароити нави технологии давраи оянда омода мегардад.
Пешбинии дурнамои миёнасолонаи афзоишёбии субъектҳои соҳибкорӣ аз рӯйи намудҳои фаъолият,таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда ва соҳибкорони мақоми шахси ҳуқуқидошта, инчунин афзоишёбии ҳаҷми қарзгузориҳо ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатбарои давраи то соли 2025 дар ҷадвалҳои 1,2 ва 3 ҳамчун замима оварда шудааст.
Ҷадвали 1.
Ҷадвали зерин дурнамои миёнасолонаи афзоишёбии субъектҳои соҳибкориро аз руи намудҳои фаъолият барои давраи то соли 2025 чунин пешбини менамояд:
Ҷадвали 2.
Дурнамои миёнасолонаи таъсисӣ ҷойҳои нави корӣаз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тариқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда ва соҳибкорони мақоми шахси ҳуқуқидошта барои давраи то соли 2025, чунин пешбини мегардад:
Ҷадвали 3.
Дурнамои афзоишёбии ҳаҷми қарзгузориҳои ташкилотҳои қарзӣ ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ дар солҳои 2018-2025, млн. сомонӣ
Одинаев А.И.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ
ва инкишофи бахши хусусии МТС назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон