Робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат ва ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бо Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳои қарордошта дар назди давлатҳои минтақа зарурати густариш ва тақвияти робитаҳо бо Қазоқистонро муайян менамояд. Аз замони барқарории робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон бо ҳамкории мутақобилан судманд ва созанда тавсиф мешавад ва дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ, фарҳангӣ – башарӣ ва риштаҳои дигар бомуваффақият рушд меёбад. Ҳамкории наздик ва боэътимоди Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ҳусни тафоҳум ва манфиатҳои умумӣ асос ёфтааст. Рӯйдодҳои зерин барои густариши робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузоштанд:
- Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз поитахти Қазоқистон дар моҳи январи соли 1993. Дар ҷараёни ин боздид санади муҳим – “Аҳднома дар бораи заминаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” ба имзо расид, ки дар муқаддимаи он омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳадафҳо ва усулҳои Низомномаи СММ – ро ба инобат гирифта, зимни пайравӣ аз Аҳдномаи ниҳоии Хелсинки САҲА ва дигар санадҳои бунёдӣ доир ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Осиё, афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибат байни давлатҳоро эътироф карда, азми қатъӣ доранд, ки робитаҳои байнидавлатии худро дар асоси ҳусни тафоҳум, адолат ва баробарӣ бунёд намуда, ба таҳкими сулҳ ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Осиё талош карда, чунин мешуморанд, ки таҳкими робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки решаи таърихии чандин асра дорад ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии халқҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад”. Ин матлаб шаклгирии муносибатҳои минбаъдаи ду кишварро равшан ифода менамояд;
- Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Назарбоев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2000. Аз рӯи натиҷаи ин боздид як силсила санадҳои иборат аз 8 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расиданд, ки марҳилаи навро дар ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф боз карданд;
- Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015. Боздиди мазкур дар таърихи робитаҳои байни ду давлат аҳамияти фавқулодда дошта, дар рафти он “Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” ба имзо расид. Аҳдномаи мазкур робитаҳои байнидавлатиро ба сатҳи сифатан нав бардошта, имкониятҳои навро барои таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар фароҳам сохт;
- 14 марти соли 2018 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт ва дар ҷараёни он 12 санади нав имзо шуданд, ки робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро дар соҳаи гуногун танзим менамоянд, аз ҷумла “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия”, “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қазоқистон” ва ғайра.
Ҳамзамон, ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд рушд ёфт. Бояд таъкид кард, ки ҳамкории минбаъда бояд ба самти муносибатҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак равона гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар марҳилаи нав дар самтҳои гуногун ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд, ки бахшҳои иқтисод ва маориф дар мақола мавриди таҳлил қарор мегиранд. Ҳамкории иқтисодӣ соҳаи нисбатан натиҷабахш ва босамари ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Қазоқистон дар самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодӣ, шарики боэътимоди Тоҷикистон мебошад.
Дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон аз рӯи се самти асосӣ рушд ёфта истодааст: аввалан, амалисозии тарҳҳои байнидавлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла, таъсиси механизмҳои сармоядорӣ ва молиявӣ; сониян, сармоягузорӣ ва тарҳҳои вобаста ба бизнеси бузурги хусусӣ; севвум, муомилоти тиҷоратӣ ва гардиши умумии амвол байни ду кишвар.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон инҳо мебошанд: саноати истихроҷи маъдан, металлургияи ранга, бахши мошинсозӣ, комплекси агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук ва ғайра.
Имрӯз дар бозори Тоҷикистон намояндагиҳои ширкатҳои қазоқӣ, монанди ҶСП «Halyk bank», РММ Teksan Kazakhstan Invest (маҳсулоти рушноидиҳанда ва барқию техникӣ), дилерҳо оид ба фурӯши маҳсулоти қазоқистонӣ: ширкати «Alina» (махлутҳои хушки сохтмонӣ ва маҳсулоти локу ранг), корхонаи Пеноплэкси Қазоқистон (маҳсулоти сохтмонӣ), корхонаи «ЗЕРДЕ Керамика», ширкатҳои бузург «Galaksi» (соҳаи алюминийи вобаста ба корҳои сохтмонӣ), холдинги «ЦЕСНА» (орд) ва ғайра фаъолият мекунанд. Сармоядорони қазоқӣ дар сармоягузории ҶСП «Оби Зулол» (об ва нӯшокиҳои ташнашикан), ҶММ «Ширкати гандум» (гандум ва маҳсулоти ордӣ), ҶММ «Суғд пак» (тавлиди халтачаҳои пропиленӣ) иштирок мекунанд. Ҳамкории ҶС «Локомотив кұрастыру зауыты» бо Муассисаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои ворид намудани тепловозҳои маркаи ТЭ33А «Evolution» ба Тоҷикистон равнақ меёбад. Чунин ҳамкории наздики ширкатҳо ва корхонаҳо ба рушди тиҷорат дар тамоми сатҳҳо мусоидат мекунад, ки ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Ҳамасола ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Қазоқистон – Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, саноат, об ва кишоварзӣ, илм ва маориф, фарҳанг, муҳоҷират ва ғайра мавриди баррасӣқарор мегиранд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф соҳаи муҳими ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад, зеро Қазоқистон дар ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, аз нигоҳи сифати таълимот дар минтақа яке аз пешсафон мебошад. Махсусан, таҷрибаи Қазоқистон дар соҳаи техникӣ ҷолиб аст. Имрӯз Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисоси дорои маълумоти техникӣ ниёз дорад. Сифатҳои зерини низоми маорифи Қазоқистон барои ҷавонони кишварҳои минтақа ҷалбкунанда мебошанд:
- шаффофият, чун унсури муҳими рушди маориф ва илм, шароити мусоидро барои ҳамгироӣ ба фазои байналмилалӣ фароҳам меоварад;
- замонавӣ будани низоми маориф дар асоси таҷрибаи ташкилотҳои таълимии хориҷӣ ва бо назардошти методикаи муосири таълим фаъолият мекунад;
- умумият, мавҷудияти таърихи муштарак ва заминаи ҳаммонанди фарҳангӣ – динӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиши донишҷӯён мусоидат мекунад;
- таҷрибаи бой дар соҳаи техникӣ;
- дастрасии таҳсилот.
Қобили зикр аст, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф тамоми имконоти мавҷударо фаро намегирад, ҳамчунин шумораи грантҳо ва бурсияҳо тамоми алоқамандони дарёфти таълим дар Қазоқистонро қонеъ намесозад. Бинобар ин, зиёд кардани шумораи грантҳо ва бурсияҳо бо мақсади густариши муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Казоқистон дар соҳаи маориф шарти муҳим мебошад.
Дар ниҳоят, бояд қайд намуд, ки омӯзиши муносибатҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳирии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҷассуми ҳамкории муассир ва самарабахш дар соҳаҳои гуногун мебошад, ки ба манфиатҳои миллии харду кишвар мутобиқанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки таърихи бойи ҳамкорӣ доранд, бояд бо дастовардҳои имрӯза қонеъ нашуда, суръати ҳамкориро дар соҳаҳои аграрӣ, ҳарбиву амниятӣ, экологӣ, саноат ва ғайра афзун намоянд.
Муҳаммад Ф.Б,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон