Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ироа мегардад, барномаи мукаммали тарҳрезигардидаро дар самти рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар муайян месозад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии расидан ба ҳадафҳои стратегии миллии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустаъқим тадбирҳои мушаххас роамалӣ менамояд [2].
Дастгирии рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории саноатӣ ҳамчун самти пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ ва омили ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ чун ҳамешагӣ дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо туфайли сиёсати дарҳои кушода, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, соҳибкорони дохиливу хориҷии кишвар имконият пайдо намудаанд, ки тавассути чорабиниҳои гуногун бо сармоягузорони хориҷӣ робита пайдо карда, лоиҳаҳои мақсаднокро амалӣ созанд.
Зимни Паёми ироагардида таъкид гардид, ки айни ҳол дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 32,4 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст[3].
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун дарвозаи тиллои Тоҷикистон дар баробари дигар минтақаҳои кишвар таҳти таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Роҳбарияти Олии мамлакат қарор дошта, рушди тамоми соҳаҳои он сол то сол таъмин мегардад. Айни ҳол дар ВМКБ, дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 237,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба давраи соли 2018-ум (бо нархи мукоисавӣ) 9,3 фоиз зиёд гардид.
Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ВМКБ 237,9 млн. сомониро ташкил дода, аз расми 1. дидан мумкин, ки ҳиссаи саноати истихроҷ 38 фоиз (90,6 млн. сономӣ), саноати коркард 22 фоиз (52,6 млн. сомонӣ) ва истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ 40 фоизро (94,2 млн. сономӣ) ташкил медиҳад [1 с.13].
Расми 1. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019(%) [1].
Дар соли 2019 ҳаҷми истҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 503,2 млн. сомониро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 52,9 фоиз (266,6 млн. сомонӣ) ва чорводорӣ ба 47,1 фоиз баробар гардид.
Расми 2. Ҳиссаи соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ВМКБ [3].
Барои беҳтар намудани вазъи иқтисодиёти ВМКБ дар соли 2019 сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 249,2 млн. сомонӣ истифода карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраисоли 2018 49,6 фоизро (бо нархи муқоисавӣ) ташкил медиҳад.
Ҷадвали 1.
Сармоягузорӣ ва сармояи асосӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар соли 2019 (млн. сомонӣ) [1, с. 6]
Сармоягузорӣ ва сармояи асосӣ | Бо ҳисоби фоиз нисбат ба соли 2018 | |||
2019 | 2018 | 2019 | 2018 | |
ВМКБ | 249,2 | 505,6 | 100 | 100 |
Дарвоз | 18,5 | 17,8 | 7,4 | 3,5 |
Ванҷ | 16,0 | 29,9 | 6,4 | 5,9 |
Рушон | 32,3 | 27,8 | 13,0 | 5,5 |
Шуғнон | 25,4 | 20,2 | 10,2 | 4,0 |
Роштқалъа | 12,8 | 13,4 | 5,1 | 2,7 |
Ишкошим | 17,1 | 12,1 | 6,9 | 2,4 |
Мурғоб | 4,2 | 186,2 | 1,7 | 36,8 |
ш.Хоруғ | 122,9 | 198,2 | 49,3 | 39,2 |
Воридшавии сармоягузориҳо дар соли 2019 ба ноҳияи Дарвоз 18494,5 ҳазор сомонӣ ё 7,4 фоиз, ноҳияи Ванҷ 16004,2 ҳазор сомонӣ ё 6,4 фоиз, ноҳияи Рушон 32272,6 ҳазор сомонӣ ё 13,0 фоиз, ноҳияи Шуғнон 25355,7 ҳазор сомонӣ ё 10,2 фоиз, ноҳияи Роштқалъа 12852,5 ҳазор сомонӣ ё 5,1 фоиз, ноҳияи Ишкошим 17126,9 ҳазор сомонӣ ё 6,9 фоиз, ноҳияи Мурғоб 4220,6 ҳазор сомонӣ ё 1,7 фоиз ва шаҳри Хоруғ 122943,4 ҳазор сомонӣ ё 49,3 фоиз мансуб аст, ки ин мабалғҳои ҷудогардида барои таъмини фаъолияти иқтисодии вилоят равон гардидаанд (расми 3).
Расми 3. Сармоягузорӣ ва сармояи асосӣ аз рӯйи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар ВМКБ дар соли 2019 [5].
Аз расми 3. дидан мумкин аст, ки барои рушди вазъи иҷтимоӣ -иқтисодии ВМКБ, сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёту алоқа 4,6 млн. сомонӣ, маориф 34,2 млн. сомонӣ, барқ 12,9 млн. сомонӣ ва ба дигар соҳаҳо 197,5 млн. сомонӣ равонагардида, дар умум 249,2 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бо дар назардошти нишондиҳандаи сармоягузорӣ дар соли 2019 бояд қайд намуд, ки соли 2018 ҳаҷми сармоягузорӣ 505,6 ва нисбати соли 2019 51,7 фоиз (256,4 млн. сомонӣ) кам мебошад [6].
Қайд кардан ба маврид аст, ки маҷмӯи сармояҳои ҷалбгардида дар доираи лоиҳаҳои татбиқшаванда маҳз дар натиҷаи тадбирҳои амалӣ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар самти таъмин намудани пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ва тақкими ҳамкории судманд бо шарикони рушд мунтазам афзоиш меёбад. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳил мустаҳкамкунӣ 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқшуда истодааст, ки маблағи то имрӯз аз худшудаи онҳо беш аз 124,8 миллион сомониро (12,95 млн. доллари ИМА) ташкил медиҳад[3].
Ба ҳолати 1 декабри соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон лоиҳаҳои зерини давлатии сармоягузории амалӣ гардида истодааст [5]:
- Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин замина бобати ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ пайваста тадбирҳо амалӣ мегарданд. Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо (марҳалаи 4)”бо маблағи 895,21 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғи вилоят мавриди амал қарор дорад, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизотҳо ва лавозимоти таълимии зарурӣ, таъмиру аз навбарқароркунии синфхонаҳои таълимӣ ва сохтмони биноҳои таълимӣ дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ нигаронида шудааст. Бо дар назардошти татбиқи лоиҳаи мазкур шароити таълиму тадрис беҳтару хубтар гардида, дар ин замина мушкилоти соҳа бобати таъсиси ҷойи нишаст, фарогирии хонандагон ба таълим, муҳайё гардидани шароитҳои зарурӣ дар муассисаҳои таълимӣ то андозае бартараф мегарданд.
- Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш” бо маблағи 112,74 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияҳои Ванҷ ва Шуғнони вилоят мавриди амал қарор дорад. Дар доираи лоиҳаи мазкур барои омӯзиш ва ба таҳсили касбҳои техникӣ ҷалб намудани сокинони вилоят, дар зинаи миёнаи касбӣ тарбия ва ба шуғл фаро гирифтани шахсони бекор, ба роҳ мондани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ шароитҳо муҳайё гардида, бо мақсади таъмини корхонаҳои саноатии вилоят бо мутахассисони касбии техникӣ равона гардидааст.Бо дар назардошти иқлими вилоят аксар корхонаҳои саноатӣ тариқи мавсимӣ фаъолият дошта, сокинон бо истифода аз таҷрибаи корӣ аз уҳдаи корҳои ба зиммадошта мебароянд, вале онҳо дорои маълумоти касбӣ нестанд. Ҳамзамон, корхона ба онҳо дар давраи фаъолият эҳтиёҷ дорад, вале бо назардошти ҳамчун мутахассисони касбӣ дорои санадҳои тасдиқкунанда ва сертификат надоштан онҳоро ба кор таъмин карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз лоиҳаи мазкур метавонад дар бартараф намудани мушкилотҳои болозикр мусоидат намояд.
- Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ – бо харҷи 541,7 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияи Шуғнон мавриди амал қарор дорад.
- Лоиҳаи “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути ҷангалпарварии устувор дар ҳавзаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон” бо маблағи 1727,40 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Ишкошим ва Роштқалъаи вилоят мавриди амал қарор дорад. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар ноҳия корҳо дар самти мутобиқкунонии ҷангалзор ба тағйирёбии иқлим тавассути зиёд намудани майдонҳои ҷангал пеш аз шинонидани намудҳои маҳаллии дарахтон ва ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ, рушди ниҳолхонаҳо, тақвият додани потенсиали касбӣ ва моддӣ-техникии хоҷагии ҷангал, таъмиру барқарорсозии иншоотҳо, ташкил намудани маркази тухми парварии соҳаи хоҷагии ҷангал, инчунин ҷалби васеи аҳолии маҳаллӣ ба идоракунии муштараки ҷангал амалӣ гардида истодааст.
- Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» бо маблағи 2078,8 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъаи вилоят мавриди амал қарор дорад. Мақсади лоиҳаи мазкур обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида, ба заминҳои кишоварзӣ ворид намудани онҳо ва таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби техникӣ мебошад.
- Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Тоҷикистон” бо маблағи 3751,00 ҳазор доллари ИМА шаҳри Хоруғ мавриди амал қарор дорад. Дар доираи лоиҳаи мазкур таъмир ва барқарорсозии пойгоҳҳои системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ амалӣ мегардад.
- Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» бо маблағи 438,83 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияи Ишкошими вилоят мавриди амал қарор дорад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии ноҳия, муҷаҳҳазгардони бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатии амалкунанда бо таъҷизоти тиббии инноватсионӣ ва сохтмони бунгоҳҳои саломатии замонавӣ ба роҳ монда мешаванд.
- Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ”бо маблағи 38,16 ҳазор доллари ИМА дар шаҳри Хоруғи вилоят мавриди амал қарор дорад. Лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки бо амалӣ гардидани моделҳои нави таҳсилот дар раванди таълими муассисаҳои олӣ ва ба роҳ мондани равандхои таълим дар сатҳи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ амалӣ шуда, ба ин васила донишу малакаи касбии сокинони вилоят баланд бардошта шавад.
- Лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣбо маблағи 35,41 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи вилоят мавриди амал қарор дорад. Дар доираи амалисозии Лоиҳаи мазкур барои сохторҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои болозикршароитҳои беҳтару хубтар фароҳам гардида, дар рушди вилоят саҳми назарррас мегузоранд.
- Лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди офатҳои табиӣ” бо маблағи 204,08 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоби вилоят мавриди амал қарор дода мешавад. Дар доираи иҷрои Лоиҳаи мазкур дар назар дошта шудааст, ки дар ноҳияҳои номбурда 18 адад пулҳои мошингузар бунёд карда мешаванд.
- Лоиҳаи «Таҳдиди роҳи автомобилгарди Кулоб – Қалъаи Хумб қитъаҳои А ва Ф » – бо маблағи 3,13 млн. доллари ИМА дар ноҳияи Дарвоз мавриди амал қарор дорад. Дар мавриди татбиқи Лоиҳаи мазкур барои сокинони ноҳия ва ба шарвандони хориҷӣ, сайёҳон, ки аз роҳи Дарвоз истифода мебаранд, рафту омад осон мегардад.
- Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ” – дар вилоят аз худкунии маблағҳо оғоз нашудааст. Лоиҳаи мазкур дар шаҳри Хоруғ мавриди амал қарор дода мешавад;
- Лоиҳаи “Беҳтар намудани шабакаҳои обтаъминкунӣ дар шаҳри Хоруғ” – дар вилоят аз худкунии маблағҳо оғоз нашудааст. Лоиҳаи мазкур дар шаҳри Хоруғ мавриди амал қарор дорад.
Дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хосаи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ бо шарикони ҳамкор суҳбат дар шакли “to be to”дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доир гардид, ки ҳадаф аз баргузории он муҳайё намудани шароитҳои мусоид бобати инъикоси имкониятҳои сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ, имтиёзҳои муқарраргардида дар вилоят, ҷалби сармоягузорон бобати рушди минбаъдаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва имкониятҳои соҳибкорони саноатӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар мебошад. Татбиқи ҳадафмандонаи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ВМКБ низ заминаҳои мусоидро фароҳам орад.
Бо дар назардошти эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоем, ки ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои сармогузорӣ дар ин самт бобати рушд бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ вусъат ва ҳамзамон, барои дарёфти роҳҳои сармоягузорӣ бобати таъсиси коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар заминаи дастгирии давлатии соҳибкории саноатӣ дар ВМКБ афзалият дода шавад.
АДАБИЁТ
1.Вазъи иҷтимоиюиқтисодииҶумҳурииТоҷикистон, январ-декабри соли 2019//Агентии омори назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон/ Душанбе– 2020. 309 саҳ.
2.Маълумотҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.Маълумотҳои Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.
4.Маводҳои Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.
5.Маводҳои таҳлилию ҳисоботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон. 6.МаводҳоиМарказитадқиқотистратегииназдиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон
7.Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26.12.2019 [манбаиэлектронӣ] URL:www.president.tj.
ҚАЮМОВА ШАХЗОДА ТАҒАЕВНА,
номзади илмҳои иқтисодӣ, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЮСУФБЕКОВА КАМИЛА ШАКАРБЕКОВНА,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон