Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир мегардад, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд. Ин ҳодисаҳои мудҳиш возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Дар ин бобат, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Русия суханронӣ намуда, чунин иброз намудаанд: “Имрӯз рушди воситаҳои муосири иттилоот имкон медиҳад, ки аз дуртарин нуқтаи сайёра афкори шаҳрвандони ин ё он давлат таҳти таъсири воқеӣ қарор дода шавад. Чунин вазъ тақозо мекунад, ки мо ба масъалаҳои ҳувият ва худшиносиву худогоҳии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи бештар дода, кишвари худро аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ ҳифз намоем”. Сухани Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имрӯза буда, махсусан, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ шомил менамояд. Тоҷикистонро давлати ҷавонон номбурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу таҳқиқ бошанд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифташуда, маънояш тарс ва ваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд.
Калимаи «экстремизм» аз калимаи франсузии «extremizme» гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои тундравона, ва як маънои дигараш аз ҳад гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Экстремизм ва терроризм ин ду мафҳуми ба ҳам мазмунан наздик мебошанд. Дар ҳақиқат, терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншооти маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Ба ибораи дигар, оқибати экстремизм – терроризм аст, вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳар ду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохушу нанговар доранд. Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалиёти терористиву экстремистӣ ба қайд гирифта шудаанд. Мисол, чанде аз аъзои яке аз гурӯҳҳои созмони террористии ба ном исломӣ (ДИИШ) ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон заданд.
Гурӯҳҳои террористон ва экстремистон ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён расонидан мехоҳанд ва аксари нақшаҳояшон амалӣ мешаванд. Дар сомонаҳои интернетӣ сайтҳое ҳастанд, ки махсус ба ташвиқи ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст. , Ин тариқ сайтҳо ба ҷомеаи мо хатар эҷод менамоянд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ ва фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон найранг ва замирашон пур аз фиребу нифоқ аст. Онҳо ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азизамон хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.
Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Воқеан, амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терористӣ-эксремистӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сурат мегирад.
Шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм – фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо мувофиқи таҳавулотҳои замони имрӯза мебошад. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли наврас ва ҷавонон тарзи ҳайёти солим бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки наврасону ҷавонон аз вақти холӣ дуруст истифода карданро ёд гиранд. Мо, ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдата миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар бояд бошем.
Дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан, дар охири солҳои 70 – ум ва аввали солҳои 80 уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Махсусан баъди сукути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофияи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, ба хислатҳои диниву сиёсии онҳо дуруст баҳо дода метавонем.
Ҳамчунин, аз тариқи омӯзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Мо бояд дар раванди омӯзиши таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро муайян карда тавонем, ки кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст. Ҳамчунин, натиҷаҳое, ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матраҳ кардани усулҳои илмиву амалии муносибат бо чунин падидаҳо ва ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кумак мерасонанд.
Барои гирифтани пеши роҳи шомилшавии шаҳрвандон алалхусус, ҷавонон, ба гурӯҳҳои терористӣ экстремистӣ мо бояд дар ниҳоди ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул диҳем. Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд ва ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд. Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ифодагари мақом ва таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарият ба ин табақаи ҷомеа аст.
Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад, зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Давлатов Умед ,
сардори Раёсати тадқиқи масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Акбаршои Олимхон,
мутахассиси Раёсати тадқиқи масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон