Инсоният ҳамчун мавҷудоти соҳибтафаккур ва офарандаи тамаддун, дар замони муосир ба дастовардҳое ноил гардид, ки зиндагии онро комилан дигаргун намуд. Таърих гувоҳ аст, ки инсоният аз замони пайдоиши худ ҳамеша дар пайи офаридани тамаддун ва рушди ақлҳо буда, ба воситаи он кӯшиш намудааст, то талаботу манфиатҳои хешро қонеъ намояд. Талош барои рушди ақл ва бунёди тамаддун ба он оварда расонид, ки ҷомеаи башарӣ ба кашфи интернет мушарраф гардида, иртиботи худро бо муҳити атроф ва кайҳон дар саросари ҷаҳон ба таври густурда барқарор ва рушд диҳад. Дар воқеъ пайдоиши интернет ва наслҳои гуногуни он имконеро ба вуҷуд овард, ки бисёре аз муаммоҳои ҳаёти ҷомеа ҳал ва бартарф гардад. Дар баробари ҷаҳони воқеӣ, дар заминаи рушди босуръати интернет дунёи дигаре падид омад, ки онро «фазои маҷозӣ» ном мебаранд. Ҳамакнун одамон тавассути техника ва технологияҳои компютерӣ ба василаи интернет вориди фазои маҷозӣ гардида, муносибату муоширатро ба роҳ мемонанд, инчунин, дар бораи ҳар гуна раванду ҳодисоти ҷаҳон иттилоъ дарёфт ва ниёзҳои худро бароварда мекунанд. Шабакаҳои интернетӣ ё худ фазои маҷозӣ ҳолатеро ташаккул доданд, ки ҷаҳон бо он ҳама бузургӣ дар шароити муосир ҳамон деҳкадаи хурдеро мемонанд, ки аз вуқуи як ҳодисаи кучак ба зуди тамоми сокинони сайёра бохабар мегарданд.
Вобаста ба нақши рӯзафзуни падидаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳимме, ки имрӯз дар доираи консепсияи амнияти миллӣ ва консепсияи амнияти иттилоотӣ диққати бештари муҳаққиқони соҳаро ба худ ҷалб намудааст, рушди босураъти фазои маҷозӣ ва чигунагии таъсироти он ба амнияти миллӣ мебошад. Маълум аст, ки ин падида дар оғози асри XXI батадриҷ ташаккул ёфта, тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифт. Имрӯз дар системаи сиёсии ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки шаҳрвандонаш корбари фазои маҷозӣ набошанд. Ҳоло дар ҷаҳон як қатор шабакаҳои иҷтимоие, ба монанди Facebook, Youtube, Instagram, Twitter, Telegram, imo, Google,Viber, Одноклассники, ВКонтакте ва ғайра ба вуҷуд омадаанд, ки ҳамарӯза ба онҳо одамони бисёре ворид гардида, бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд. Мувофиқи омори Internet World Stats (IWS) дар соли 2019 беш аз 4,5 миллиард сокини сайёра истифодабарандаи шабакаи интернет мебошанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2018 дар ҳоли афзоиш аст, зеро тибқи омори IWS истифодабарандагони интернет дар соли 2018-ум 4,2 миллиард нафарро дар саросари ҷаҳон ташкил медоданд. Аз ин бармеояд, ки шабакаи интернет тадриҷан ба тамоми соҳаҳои ҳаёти башарият ворид гардида истодааст. Чунин ҳолат сабаб гардидааст, ки давлатҳо дар раванди таъмини амнияти миллии хеш оид ба киберфазо ё худ фазои маҷозӣ масъалагузорӣ намоянд. Махсусан, масъалаи имконот, таҳдид, қудрат, ҳуҷум ва ҳимояи фазои маҷозӣ барои давлатҳо рӯзмарра гардида, онҳоро водор намудааст, ки муносибати махсусро дар ин замина ба роҳ монанд.
Дар шароити муосир таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои истиқлоли сиёсии хеш аст, масъалаи калидӣ ба ҳисоб меравад. Рушди босуръати интернет ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, зуҳури ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мушкилоте мебошанд, ки соҳибандешаи ватаниро водор менамоянд то атрофи хатару таҳдидҳои онҳо ба амнияти миллӣ ва ояндаи давлату миллати хеш аз нигоҳи илмӣ ва воқеоти амалӣ ибрози назар кунад.
Чунон ки дар боло қайд намудем, яке аз масъалаҳои муҳим, рушди босуръати интернет ва ташаккули фазои маҷозӣ ва таъсироти он ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муносибати системавӣ ба ин падида имкон медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни онро таҳлил намоем ва таъсири онро ба амнияти миллӣ мушаххас созем. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки фазои маҷозӣ ё худ интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро бо дарназардошти имконот, қудрат, таҳдид, ҳуҷум ва ҳимоя мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем:
Масъалаи имконот. Воқеан пайдоиши интернет ва ташаккули фазои маҷозӣ дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсоният дигаргуниҳои ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Дастрасӣ ба иттилоот ба воситаи интернет дар фазо ва вақти ягона, беҳтар намудани сатҳи ҷаҳонбинии шахс, сотсиализатсияи сиёсии шахс, ба вуҷуд омадани ҳар гуна хизматрасониҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз муҳимтарин имконоти фазои маҷозӣ мебошад. Дар шароити ҳозира, ки раванди технологизатсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа вусъат меёбад, бешак, нақши интернет дар ташаккули бештари муносибатҳо эҳсос карда мешавад. Масалан, компютерикунонии мактабҳо ва беморхонаҳо, шаклгирии системаҳои бонкӣ ва соҳибкорӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳатто рушди ҳукумати электронӣ мавҷудияти интернетро тақозо менамояд. Ҳамчунин, технологияҳои иттилоотии замони муосир имкон фароҳам овардаанд, ки маълумоти заруриро дар бораи мавҷудоти олами табиат ва кайҳон дастраси муроҷиаткунанда намоянд.
Ҳамакнун, ҳар як инсон имкон дорад, ки ба воситаи фазои маҷозӣ ба ҳар гӯшаи олам иртибот ва муошират барқарор намояд. Маълумоти дилхоҳ ва мухталифро дар бораи предмет ва объектҳои гуногун ба даст орад. Ҳамаи ин, аз ҷумлаи имконоти интренет ва зуҳури фазои маҷозӣ дар ҳаёти башарият мебошад.
Масъалаи қудрат. Имрӯз аз гузашта сарчашма мегирад. Воқеаҳои гузаштаи ҷаҳон ва ҳодисоти имрӯза дар минтақаҳои гуногуни сайёра ба мо беҳтарин далелҳоеро нишон медиҳанд, ки давлатҳо ва созмонҳои гуногун, интернет ва фазои маҷозиро ҳамчун қудрат ва неруи нарм дар роҳи амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои хеш дар минтақаҳои гуногуни олам истифода намудаанду менамоянд. Дар воқеъ, интернет ва фазои маҷозӣ дар шароити муосир ҳамчун дастгоҳи сиёсӣ гардидааст.
Муҳаққиқ ва сиёсатшиноси тоҷик С. Ятимов дар китоби худ «Илм ва амният» оид ба хусусиятҳои иттилоот андешаронӣ намуда, ҷойгоҳи онро дар ҳаёти инсоният чунин арзёбӣ намудааст: «Дар тамоми соҳа информатсия ҷузъи ҳаётан муҳимми фаъолият ба ҳисоб меравад. Ҳарф сари маълумоти ба талаботи иҷтимоӣ посухгӯянда аст. Ҳангоми истифодаи истилоҳи “информатсия” (“маълумот”, на “хабар”), маҳз ҳамин талабот ба инобат гирифта мешавад».
Ҳамакунун, таъкид кардан зарур аст, дунё ба сӯйи ҷаҳонишавӣ ҳаракат дорад ва соҳибандешаи ватанӣ нақши иттилоотро дар ҳаёти инсонӣ бамаврид ва огоҳона арзёбӣ намудааст. Чун дар ҷаҳони муосир ҳамоне, ки иттилооти бештар дорад, қудрат ва тавоноии идораи ҷаҳонро дорад.
Дар шароити ҳозира фазои маҷозӣ барои бештари давлатҳо ҳамчун қудрат баромад мекунанд. Яке онро воситаи муаррифии имконоти давлати худ (фарҳанг, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ғайра) ва дигаре василаи таъсир расонидан ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат истифода менамояд. Агар фазои маҷозӣ барои муаррифии имкон ва қудрати давлатҳо баромад кунад, дар баробари ин, технологияҳои интернетӣ метавонад воситаи қудрат ва «неруи нарм» дар расонидани таъсир ва ноором сохтани вазъи давлати муайян нақш бозад. Барои хонандаи огоҳ ва соҳибандеша ишора намудани ҳодисаҳои «Баҳори араб» ва «Моҷароҳои Либия» кифоя аст, ки давлатҳо ва созмонҳои муайян интернетро ҳамчун қудрат барои ноором сохтани вазъи сиёсии давлат ва амалигардонидани манфиатҳои геостратегиву геополитикии худ истифода намудаанд. Имрӯз низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки фазои маҷозӣ ва технологияҳои интернетӣ ҳамчун қудрат аз ҷониби давлат ва созмонҳои алоҳида истифода мегардад.
Масъалаи таҳдид ва ҳуҷум. Бояд зикр кард, ки фазои маҷозӣ дар баробари имкон ва қудрати худ дар шароити муосир барои давлатҳо ҳамчун таҳдид ва ҳуҷум низ баромад мекунад. Тавре маълум аст, инсоният дар ҷаҳони ҳозира ба падидаҳои номатлубе, ба монанди ифротгароӣ ва терроризм мувоҷеҳ гардидааст. Ҳамчунин, дар баробари ин инсоният дар раванди ҷаҳонишавӣ ё худ ҷаҳоникунонӣ қарор дорад. Аз ҳамин лиҳоз ба маврид аст, ки масъалаи таҳдиди фазои маҷозиро ба давлатҳои миллӣ аз ду нуқтаи назар арзёбӣ намоем:
Якум, истифода гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва ба ин васила ҷалби қишрҳои муайян ба радифҳои худ боис гардидааст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои баъзе давлатҳо ҳамчун таҳдид эътироф карда шаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ омили асосии пайвастани гуруҳҳои гуногун, хусусан, ҷавонон ба радифи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ гардидаанд. Масъалаи пайвастани ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад, ки барои пешгирии чунин раванд андешидани тадбирҳои огоҳона бамаврид ва саривақтӣ аст.
Дуюм, фазои маҷозӣ марзҳоро намешиносад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо барои давлатҳое, ки фарҳангу одат ва арзишҳои ахлоқии миллии худро доранд, шабакаҳои иҷтимоӣ омиле мегарданд, ки ба ин арзишҳо ҳар гуна таҳдидҳо ба вуҷуд оянд. Агар ҷомеаҳои соҳибтамаддун ва дорои ахлоқи бузурги миллӣ дар асрҳои гузашта, ин арзишоти бузурги худро тавассути марзҳои заминӣ аз ҳар гуна таҳдидҳо эмин нигоҳ медоштанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки дар шароити муосир фазои маҷозӣ ба ин гуна арзишҳо ҳамчун таҳдид шинохта мешавад. Аввалан, табиист, ки давлатҳои абарқудрат кӯшиши паҳн ва густариш додани фарҳанги моддии худро дар ҷаҳон намуда, ҳамзамон, даъвои эътирофи чунин «фарҳанги навин»-ро тарғиб намуда истодаанд. Баъдан, воқеияти ҷамъиятии замони муосир нишон дода истодааст, ки чӣ гуна баъзе аз ҷавонон ба чунин фарҳангҳо рӯ оварда истодаанд?!
Масъалаи ҳимоя. Дар системаи омӯзиши фазои маҷозӣ ва муайяннамоии таъсироти он ба амнияти миллӣ масъалаи ҳимоя намудан аз хатарҳои имконпазири шабакаҳои иҷтимоӣ барои давлат хеле муҳим аст. Стратегияи ҳимоя намудан бояд дар асоси таҳлили имкон, қудрат, таҳдид ва ҳуҷуми фазои маҷозӣ сурат гирад. Он гоҳ чунин муносибат метавонад самаранок гардад.
Дарвоқеъ, вазъи олами муосир мураккаб ва пурихтилоф аст. Дар чунин раванд барои давлати миллӣ, махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун давлати миллӣ, соҳибтамаддун ва воҳид рушд намуда истодааст, масъалаи ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ҳадафи усулӣ ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки таъсири манфии фазои маҷозӣ ба одамон бештар дар давлатҳои дар ҳоли рушд эҳсос карда мешавад, чунки дар давлатҳои рушдёфта одамон гирифтори мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиву нестанд. Давлат ҳолатеро ба вуҷуд овардааст, ки шаҳрвадони он бо касби ҷойҳои кори мувофиқ ва дастмузди баланд масъалаҳои асосии зиндагиро ҳал намудаанд. Дар давлатҳои дар ҳоли рушд, ки масъалаҳои ҳанӯз ҳал нагардида боқӣ мондаанд, неруҳои гуногун ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори одамон таъсир расонида, барои амалигардонии мақсадҳои ниҳоӣ онҳоро ҳамчун силоҳ истифода менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз, шабакаҳои иҷтимоӣ барои чунин давлатҳои миллӣ бештар чун таҳдид ба ҳисоб меравад.
То кунун Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат як қатор тадбирҳои огоҳонаро дар амал татбиқ намудааст, ки дар роҳи пешгирии ҳар гуна хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти миллӣ мусоидат намудааст. Махсусан, тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намудани фаъолияти сомонаҳои як қатор ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ихвон-ул-муслимин», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва ғайра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин тадбирҳо дар роҳи мубориза бо чунин гурӯҳҳои экстермистиву террористии замони муосир мебошад.
Дар шароити муосир дар самти таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ, беш аз пеш чораҳои огоҳона ва самаранок андешадан зарур аст.
Ниҳоятан, ба манфиати кор аст, ки дар раванди технологизатсияи ҳаёти инсоният ва рушди фазои маҷозӣ ба хотири таъмини субот дар ҷомеа, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, густариши ахлоқи миллӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тадбирҳо дар самти истифодаи фазои маҷозӣ андешида шаванд. Махсусан, бо меъёрҳои мувофиқ назорат намудани фазои маҷозӣ, ташкил намудани семинарҳои омӯзишӣ дар самти истифодаи оқилонаи фазои маҷозӣ, саривақт ва ба таври мушаххас ва огоҳона аз ҷониби мутахассисон посух гардонидан ба ғояҳои ифротие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, қатъ гардонидани сомонаҳои хусусияти экстремистӣ, террористӣ ва сомонаҳое, ки таҳдид ба арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳанги миллии мо доранд ва ғайра ба манфиати таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат мебошад.
Алиназар Ашуров,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон