Тоҷикистон дар остонаи интихоботи навбатии парламентӣ қарор дорад. Аз хосагиҳои ҳар маъракаи интихоботӣ ин аст, ки рӯҳияи таблиғу рақобат фазоро пур карда, интизор меравад, ки ҳар назаре бояд манфиатеро ифода кунад. Албатта, дар фазои интихоботӣ чунин интизор табиист. Аммо агар дуртар аз шӯру рақобати интихоботӣ, худи интихоботи ҷориро дар матни раванди сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ намоем, нуктаҳои хоссае ба назар мерасанд, ки ҷанбаҳои амиқтари онро рӯшан месозанд.
Интихоботи марҳалаи рушд: бо оромиши сиёсӣ, бе тазоди идеологӣ
Дар арзёбии интихоботи навбатии парлумонии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бояд дар назар гирифт, ки он дар марҳалаи сифатан нави рушди ҷомеа баргузор мешавад. Яъне Тоҷикистон марҳалаи эҳё ва барқарории давлатдориро асосан ҷамъбаст карда, ба марҳалаи одию ороми рушд қарор дорад, ки дар он моҳияти раванди сиёсӣ дигаргун аст. Ин воқеият рӯйи интихобот низ таъсири худро дорад.
Аз ин нигоҳ, нахустин вижагии интихоботи ҷорӣ набуди набардҳои қутбию идеологист. Ҳизбҳо, номзадҳо ва доираҳои сиёсӣ бо ҳам тазоди амиқи идеявӣ надошта, таълимоти ҳамдигар ё пояҳои арзишии давлатро ба баҳс намекашанд. Ҳизбҳои мактаббунёде чун ҲКТ ва ҲСДТ низ маҳз ҳамчун неруи технократӣ ва ислоҳталаби иҷтимоӣ вориди рақобат шудаанд. Ин ҳолат фазои интихоботро ҳам ором ва ҳам мушкилтар намудааст.
Ором аз ин назар, ки дигар дар интихобот худи масъалаи ҳифзи давлатдорию тағйири низоми арзишӣ матраҳ нест ва он баҳси ҳассосу бими хастагар дар рӯзнома қарор надорад. Мушкил аз ин назар, ки ин бор интихобкунанда бояд каме заҳмат кашад, то аз ин миён ҳизб ё барномаи беҳтареро ҷонибдорӣ намояд.
Илова бар ин, дар интихоботи ҷорӣ шиору даъватҳои популистӣ низ камтар садо медиҳанд; пафос ё рӯҳияи оммавию тантанавии “урра-патриотизм”-и он баланд нест, зеро масъалаҳои асосие, ки дар даҳсолаи пешин мавзӯи ҳассос буданду дар интихоботҳо фазо меофариданд, имрӯз ҳалли худро асосан ёфтаанд. Истиқлолият ҳаст, сулҳ ҳаст, ваҳдат ҳаст, субот ҳаст, амният ҳаст, обу нон ҳаст, низоъ нест, таҳдиди ошкор нест. Акнун навбати рушд аст! Ин аст, ки шиору даъватҳои оммавии пафосӣ дар ин фазо камтар садо медиҳанд. Шояд барои тамошогарону гузоришгарон ин оромиш дилгир намояд, аммо ин аз аломатҳои интихоботҳои осоиштаи ҷомеаҳои осоишта аст. Шояд дар ҳама ҷо.
Ба ҷойи ин, интихобот хусусияти технократӣ, ислоҳталабӣ, барномамеҳварӣ ва рӯ ба рушд гирифта, интихоби барномаҳои ҳизбу номзадҳо амалан дар доираи арзишҳои пазируфташудаи низоми давлатдорӣ сурат мегирад.
Аз барномаҳои амалгароёна то кафолати амалӣ шудан
Вазъияти навин кори ҳизбҳои сиёсиро низ дар ин интихобот мушкилтар сохтааст, зеро ҳизбу номзадҳо ногузиранд, ки ба ҷойи даъватҳои ҷолиби идеологию шиорҳои арзони популистӣ, барномаҳои мушаххаси фаъолияти худро барои панҷсолаи оянда пешниҳод созад. Ин аст, ки нитихоботи феълӣ ба саҳнаи рақобати барномаву роҳкорҳо табдил мешавад. Ҳар ҳизб на танҳо ҳадафу дурнамо, балки зарфияту имкониятҳои зеҳниву тахассуси худро низ ба арзёбии умум мегузорад.
Қиёс нишон медиҳад, ки дар ин интихобот барномаи аксари ҳизбу номзадҳо аз назари мазмун моҳияти ислоҳотию технократӣ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои “марҳалаи рушди устувор” равона шудаанд ва, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодӣ, саноатисозии кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, рушди зерсохторҳои иқтисодию иртиботӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ислоҳоти маорифу тандурустӣ, беҳбуди вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, такмили низоми андоз, ислоҳоти соҳаи бонкӣ, рушди туризму варзиш ва ғайра таъкид менамоянд. Дар ин миён тарҳҳое чун ташкили шуғли пурмаҳсул, фарогирии аҳолӣ бо таҳислоти миёнаи касбӣ, тақвияти омили инсонӣ, таъмини амнияти доруворӣ, рушди тибби инноватсионӣ, рушди иқтисодиёти рақамӣ, рушди саноати коркард дар минтақаҳо ва ғайра, ки ҳизбҳо онро ваъда медиҳанд, бо пайомадҳои иҷтимоии худ аҳаммияти хосса доранд. Дар чунин шароит, барномаҳои ҳизбҳо то ҳадде ба масъалаҳои мардуми одӣ наздик шудаанд, ки дар онҳо ҳатто дар боби манъи воридоти равғани палма, танзими иҷораи чарогоҳҳо, андозбандии чорвои хонагӣ, интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини хӯроки мактаббаччагон, боло бурдани суръати интернет, таъмини суғуртаи тиббии аҳолӣ, ҳалли масъалаи талбандагони хиёбонҳо, ислоҳи муносибат бо беморони рӯҳӣ, тарзи парвариш дар интернатҳо ва ғайра ташаббусу пешниҳодҳои резу мушаххас дида мешаванд.
Албатта, ҳамчун ҳизби масъулу идоракунанда, барномаи ҲХДТ бо фарогирӣ ва давлатмеҳварии худ фарқ мекунад, аммо дар он низ бахши рушди иқтисодию иҷтимоӣ ҷойгоҳи асосӣ гирифтааст. Барномаи интихоботии ҲДТ бошад, як нақшаи корбурдии ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоиро мемонад, ки бахшҳои он новобаста аз натиҷаҳои интихобот бояд истифода шаванд. Ин ҳолат метавонад ҳамқадамии ҳизбҳо бо ниёзҳои марҳалаи рушдро ифода кунад.
Сониян, зимни арзёбии барномаҳои рушдгарою иноватсионии ҳизбу номзадҳо, бояд масъалаи кафолати татбиқи онҳо низ ба назар бошад. Аз ин нигоҳ, дар миёни ҳизбҳои саҳнаи интихобот ҲХДТ бо таҷрибаи сиёсӣ, амалияи идорӣ ва зарфияти кадрии худ фарқ мекунад. Албатта, дар арзёбии имкониятҳои ин ҳизб коршиносон ба ҷойгоҳи шахсияти раиси он низ ишора мекунанд, ки хеле муҳим аст. Зеро табиист, ки нуфӯзи баланд ва шахсияти умумимиллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули муносибати мардум ба ин ҳизб таъсири махсуси худро мегузорад. Дар айни замон, бояд дар назар гирифт, ки доштани мақоми «ҳизбе зери роҳбарии Пешвои миллат» барои ҲХДТ на танҳо нуқтаи мусбат, балки масъулияти бузурге дар баробари ҷомеа ва дар татбиқи барномаҳо низ ба ҳисоб меравад.
Ва ниҳоят, барномаҳои ин интихобот нишон медиҳанд, ки ҳизбҳои сиёсӣ асосан марҳалаҳои ибтидоии ташаккулро пушти сар гузошта, аз сатҳи «маҳфилҳои сиёсӣ» ва «ҷамъитяҳои соҳавӣ» гузашта, ба ҳизбҳои сиёсии масъулиятпазир ва дорои барномаҳои амалгароёна табдил мешаванд. Худи ҳамин ҳолат яке аз нишонаҳои муҳимми фарорасии марҳалаи дигари рушди сиёсии ҷомеа мебошад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ – майдони нави таблиғоти интихоботӣ
Бо вуҷуди ин, фазои таблиғотии интихобот хеле гарм аст. Ҳоло хиёбонҳо то дари хонаҳои мардум пур аз аксу лавҳи таблиғотии номзадҳо шудаанд. Мулоқотҳо аз марказҳо ба маҳалҳо рафта, вохӯриҳои «рӯ ба рӯ» ҳамарӯза идома доранд. Мардум бо номзаду намояндагони ҳизбҳо ба саволу мунозираи фаъол мепардозанд.
Вижагии дигари ин интихобот густариши таблиғ дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоист. Ҳоло шабакаҳои тоҷикизабон саршор аз муаррифии ҳизбу барномаву номзадҳо ва гузориши мулоқоти онҳо гаштаанд. Чунин оммавӣ шудани таблиғоти шабакавӣ барои интихоботҳои Тоҷикистон бесобиқа аст. Ин навъи таблиғот дар шабакаҳо чанд хусусияти таъсиргузори худро дорад:
1.Он ба ягон роҳ маҳдуд карда намешавад. Масалан, ҳоло дар баробари барномаҳои давлатгарои ҲХДТ, таблиғоти васеи барномаҳои ислоҳталаби ҲДТ ва изҳороти шадиди интиқодии ҲСТД низ дар шабакаҳо дастраси умуманд.
2.Таблиғоти шабакавӣ метавонад то ҳар интихобкунанда расида, робитаи фардӣ эҷод кунад. Ин ҳолат ба ҳадде муҳим аст, ки масалан, яке аз рамзҳои пирӯзии Д.Трамп дар интихоботи ИМА ҳамин эҷоди «иртиботи фардӣ» бо раъйдиҳанда дониста мешавад.
3.Роҳандозии чунин таблиғот ба ҳазинаҳои калон ниёз надорад ва барои аксари ҳизбу номзадҳои камсармоя муносибу дастрас аст.
4.Дар чунин таблиғот мардум низ дар ҳама ҷою ҳама вақт ба «маъракаи интихоботӣ» дастрасӣ дорад.
Оё “иштироки васеи мардум“ ҳанӯз ифтихори интихоботист?
Бо вуҷуди ин, дар замони муосир набояд интизор дошт, ки иштироки мардум дар интихоботҳои парламентӣ бисёр васеъ бошад. Дар ҷомеаҳои осуда интихобот одатан моҳияти оммавии худро аз даст медиҳад. Ин як раванди глобалист, ки дар тамоми ҷаҳон мушоҳида мешавад. Масалан, фақат ҳудуди 30% аз аҳолии ИМА ба интихобот мераванд. Ё дар интихоботи ахири парлумонии Украина ва интихоботи порлумони Аврупо дар Словакия ҳудуди 20% аз овоздиҳандагон ширкат доштанд. Дирӯз эълон шуд, ки дар интихоботи парламентии Эрон дар ҳавзаи Теҳрон ҳамагӣ 25% ширкат кардаанд. Дар Афғонистони ҳамсоя бошад, бо дарёфти раъйи ҳудуди 3%-и аҳолӣ пирӯзӣ интихобот эълон шуд. Ин аст, ки ҳоло дар аксари интихоботҳои демократӣ касби овози аксари иштирокчиёни интихобот кофӣ дониста мешавад, на аксарияти шаҳрвандон ё овоздиҳандагон.
Яъне, дар ҷаҳони муосир интизори иштироки 80%-у 90% дар интихоботҳои парламентӣ як интизори гузашта аст. Ба касе пӯшида нест, ки дар “интихоботҳои демократӣ” ҳизбу номзадҳо барои то пойи қуттии овоз овардани интихобкунанда чӣ қадар талошу хароҷот мекунанд. Аммо, бо вуҷуди роиҷ набудани ҳавасмандгардонии моддии овоздиҳандаҳо, бо дарназардошти рӯҳияи мардум ва тарзҳои муассири сафарбарӣ, боз ҳам пешбинӣ мешавад, ки сатҳи иштироки аҳолӣ дар интихоботи Тоҷикистон яке аз баландтаринҳо дар сатҳи минтақа хоҳад буд.
Чӣ тавр “мухолифин“-и берунӣ интихоботро эътироф карданд?
Муносибати гурӯҳу ашхоси хориҷии мухолифи давлат ба интихобот низ ҷолиб буд. Аввалан, баррасии маҷмӯи маводи паҳншуда нишон медиҳад, ки дар оғоз ин гурӯҳҳо талош карданд бо таблиғи манфӣ худи интихоботро беэътибор сохта, мардумро аз иштирок дар он ноумед созанд. Зоҳиран, ҳисоби аввала ин буд, ки мардум интихоботро ҷиддӣ нагиранд ва нараванд. Чунин мавқеъгирӣ барои “оппозитсияи оштинопазири хориҷӣ” будан табиӣ менамуд.
Аммо идомаи вазъият нишон дод, ки бар хилофи интизори ҳамагон, маъракаи интихоботӣ хеле фаъол ва фарогир шуд. Аз ҷумла, ҳизбҳои сиёсии мухолифи ҳукумат, хусусан ҲДТ ва ҲСДТ ба ин маърака ба таври фаъол ворид гаштанд. Зоҳиран, ин ҳолати барояшон ғайриинтизор боиси тағйири муносибати афроди мухолифи хориҷӣ ба интихобот шуд. Ҳоло онҳо бо пахши изҳороти пайиҳам аз шаҳрвандон даъват доранд, ки “бо эҳсоси масъулият” дар интихобот иштирок карда, ба ҷонибдории ҲСДТ овоз диҳанд. Ин ҷо низ ҳолати ҷолибе пеш омад: бо ин мавқеъгирии худ, он шахсу гурӯҳҳои “мухолиф”-и хориҷбуда интихоботи ҷории парлумонии Тоҷикистонро расман эътироф намуданд. Новобаста аз он, ки ин амал огоҳона ва ё ноогоҳона сурат гирифта бошад, ин иқдоми онҳо пурра ба манфиати давлат ва интихобот анҷом шуд. Аз назари ҳуқуқӣ “эътироф”-и онҳо барои баргузории интихобот зарурате надошт, аммо аз назари сиёсӣ ин “ҳадяи интихоботӣ”-и онҳо буд.
Дар айни замон, ин эълони ҳимояти гурӯҳҳои “мухолиф”-и хориҷӣ худи ҲСДТ-ро дар остонаи интихобот дар вазъияти ногуворе қарор дод. Аз назари мақоми ҳуқуқии тарафҳо, ҲСДТ ҳизби сиёсии расмӣ буда, иштирокчии легитимии интихобот аст. Аммо эълони ҳамбастагӣ аз тарафи гурӯҳҳое, ки дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон мақоми ғайриқонунӣ ва мамнуъ доранд, дар зеҳни таҳлилгарон саволҳои зиёдеро ба вуҷуд меоварад. Пештар низ мавқеи таъкидӣ ва мушобеҳи онҳоро дар масъалаи “ворид шудани Тоҷикистон ба ЕАЭС” коршиносон ба баҳс кашида буданд. Бинобар ин, роҳбарияти ҲСДТ, ки аксаран ҳуқуқшиносони варзида ҳастанд, ҳатман ба ин падида баҳои ҳуқуқӣ дода, мавқеи худро нисбат ба ин вазъият равшан менамоянд, зеро дар ҳоле, ки худи воридшавии ҲСДТ ба ин интихобот як ҷасорат ва масъулиятшиносӣ мебошад, ин ҳимояти шубҳаовар метавонад на ба бурди ин ҳизб, балки ба мушкилаи интихоботии он табдил шавад.
Миёни неъмати субот ва лаззати интихобот
Агар интихоботи ҷориро аз беруни фазои рақобат, яъне бо назардошти хусусияти марҳалаи таърихии рушди давлати Тоҷикисон ва ҳассосияти ҳавзаи сиёсии ҷойгиршавии он арзёбӣ намоем, аҳаммияти он боз ҳам рӯшантар мешавад. Аз ин нигоҳ, худи дар фазои орому осуда баргузор шудани интихобот барои Тоҷикистон бешубҳа як падидаи арзишманд аст. Ин ҷо метавон ёдовар шуд, ки дар ҷаҳони муосир даҳҳо кишвар ҳанӯз имкони баргузории интихобот, хусусан, интихоботи осударо надорад. Ҷое низом интихоботӣ нест, ҷое истиқлолияти амал нест, ҷое вазъияти сиёсӣ тезутунд аст, ҷое авзои амниятӣ хароб аст. Бинобар ин, дар сатҳи давлатдорӣ ва дар матни раванди таърихии давлатсозӣ моҳиятан арзёбӣ кардани аҳаммияти ин интихобот низ зарур аст.
Ҳамчунин, интихоботи ҷориро метавон дар матни вазифа ва ниёзҳои бунёдие арзёбӣ намуд, ки ҳоло дар назди давлатдории Тоҷикистон қарор доранд. Имрӯз таваҷҷуҳи давлат бештар рӯйи авлавиятҳое чун таҳкими пояҳои давлатдорӣ, тақвияти ниҳодҳои давлатсоз, ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими суботу амният ва таъмини рушди устувор равона шудааст. Татбиқи арзишҳои олии либералию демократӣ, ки аҳаммияти онҳо ҳаргиз коста намешавад, заруратан пас аз вазифаҳои асосӣ қарор мегиранд. Албатта, ин на пайдарҳамии замонӣ, балки эътиборист, зеро таҳлилу таҷриба нишон медиҳанд, ки дар шароити мо ҳама гуна барҳам хӯрдани ин тавозун бесуботии фавриро дар пай хоҳад дошт. Ин аст, ки имрӯз неъмати доштани низоми устувору ҷомеаи босубот муҳимтар аз лазазти доштани интихоботи пуршӯр мебошад.
Талхтар аз ин, амалия собит кардааст, ки он назарияи машҳур, ки демократия ва либерализм худ суботро таъмин мекунанд, на ҳамеша исботи худро ёфтааст. Бинобар ин, вобаста ба вазъияти таърихӣ, гоҳо бояд аз ин сӯ ба он сӯ ҳаракат намуд. Масалан, ҷанубтар аз мо пуршуртарин ва озодтарин интихоботҳои ҷаҳон мегузаранд, аммо ҳаргиз ба рушду суботу амният мунтаҳӣ намешаванд. Ин ҳақиқати талхест, ки мо онро бояд воқеъбинона пазирем.
Дар натиҷа, риояти тавозуни ҳассос байни “ҳифзи субот” ва “татбиқи арзишҳои демократӣ” ва дар ин фазо, таъмин намудани “рушди устувор” на танҳо вазифаи ҳаётӣ, балки формулаи асосии рушди давлатдории Тоҷикистон дар ин марҳалаи таърихӣ мебошад. Дар ин раванд, субот ҷойгоҳи муайянкунанда гирифта, демократия низ ҳамчун арзиши бунёдӣ ва асли конститутсионӣ ҳаргиз аз рӯзномаи кор берун нарафта, марҳала ба марҳала татбиқ мешавад. Ин нукта аз сӯйи ҳизбҳои мухолиф низ дарк мешавад: ба таври мисол, ҲДТ, ки бо худи мафҳуми демократия ҳамномӣ дорад, дар эълони барномаи худ марҳалаи феълиро “давраи гузариш ба арзишҳои демократӣ” унвон кардааст.
Арзёбии хориҷии ин интихобот то куҷо муҳим аст?
То имрӯз даҳҳо кишвари хориҷию созмони байналмилалӣ нозирони худро ба интихоботи Тоҷикистон фиристодаанд. Ин муносибат нишон медиҳад, ки худи раванд аз назари ҷомеаи берунӣ муҳим ва қонунманд дониста мешавад. Аммо новобаста аз назари баъдии онҳо нисбати интихобот, дар ин боб низ ду нукта қобили таваҷҷуҳ аст:
Аввалан, мушоҳида мешавад, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз он ҳаросу ҳассосияте, ки пештар нисбат ба мавқеи “созмонҳои байналмилалӣ” дошт, батадриҷ раҳо мегардад. Он навтаҷрибагию осебпазирии давлат паси сар шуда, арзишҳои асосии давлатдорӣ, манфиатҳои асосии давлатӣ, авлавиятҳои асосии рушд ва самтҳои асосии ҳамкориҳои хориҷӣ муайян гаштаанд. Бинобар ин, ҳоло набояд чандон ҷиддӣ гирифт, ки назари ин ё он созмони хориҷӣ ё байналмилалӣ нисбат ба интихоби мо ё интихоботи мо чӣ бошад. Албатта, агар дар назари онҳо нуктаи созандае бошад, қобили қабул аст.
Сониян, дар даҳсолаҳои охир рӯшан шудааст, ки қисме аз ин ташкилотҳо ҳаргиз “созмони байналмилалӣ” набуда, дар асл муассисаҳои хусусии зери назари ин ё он давлат, хадамот ё бунёд ҳастанд, ки дар фаъолияти онҳо ҳатто ҳолати қаллобонаи суиистифода аз истилоҳи “байналмилалӣ” мушоҳида мешавад.
Аз тарафи дигар, ҳоло маълум аст, ки ҳатто ташкилотҳои ҷиддитаре низ бо вуҷуди номи “байналмилалӣ” ё “ҷаҳонӣ” доштанашон, амалан манфиатҳои кишвар ё доираҳои муайяни сиёсии байналмилалиро ифода мекунанд. Ин ҳақиқат акнун барои аксари кишварҳои дар ҳоли рушд рӯшан аст ва онҳо медонанд, ки кадом “созмони байналмилалӣ” аз куҷо идора мешавад, зери нуфузи кист ва дар хидмати кист. Чунин мавқеи вобаста ва муғризонаи ин “созмонҳои байналмилалӣ” акнун кишварҳои дар ҳоли рушдро нисбат ба мавқеи онҳо бетафовут карда, водор мекунад, ки зерсохторҳои байналмилалӣ ё “созмонҳои байналмилалӣ”-и худро созмон диҳанд ва ногузир аз он машруъият ёбанд.
Бинобар ин, дар воқеияти имрӯзи Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаи таъмини манфиатҳои миллӣ ва суботу амнияти кишвар, пеш аз ҳама, таъмини устувории низоми сиёсӣ (1), ҳифзи ваҳдати дохилӣ (2), рушди устувори иқтисодӣ (3) ва мавқеи шарикони стратегии кишвар (4) муҳимтар аст, на мавқеи “созмонҳои байналмилалӣ”. Дар дурнамо ин воқеият боз ҳам рӯшантар мегардад.
Чаро “арзёбии консервативӣ“ низ зарур аст?
Ҳамин тавр, агар интихоботи ҷории парлумонии Тоҷикистонро дар матни раванди сиёсии кишвар ва фазои минтақавӣ арзёбӣ намоем, бешубҳа он нишонгари идома ва таҳаввули осудаи ин раванд мебошад, ки худи ҳамин ҳолат барои кишварҳои дар ҳоли рушд бисёр муҳим аст. Хусусиятҳои ин интихобот фарорасии марҳалаи нави рушди ҷомеаро ифода мекунад, ки дар он таҳаввулот моҳияти сифатию эволютсионӣ дошта, барномаҳо моҳияти иноватсионии рӯ ба рушд мегиранд. Дар он қутбгирии идеологӣ ва ҳангомаи сиёсӣ камтар буда, зарфияти ҷомеа ва неруи ҷамъиятӣ асосан ба таъмини суботу ваҳдат ва ҳалли вазифаҳои марҳалаи рушд равона мегардад.
Ва ниҳоят, шояд дар ин шабурӯзи интихоботӣ ин навиштаи ором ҳамчун намунаи “таҳлили консервативӣ” ё муҳофизакоронаи вазъият арзёбӣ шавад. Аммо он берун аз фазои интихоботӣ ва бо такя ба аслҳое чун эътидол, тавозун, воқеънигарӣ, суботсозӣ ва давлатмеҳварӣ таҳия шудааст. Бо ин паём, ки набояд дар рақибати чидани меваи қудрат дарахти давлат бурида шавад. Яъне имрӯз масъулияти ҳар андешаманди миллӣ на танҳо саҳмгирӣ дар рақобатҳои ҷиноҳӣ ва ё пӯшиши расонавии рақобатҳои интихоботӣ, балки ҳамчунин, шинохт, арзёбӣ, самтбахшӣ ва ҳифзи худи раванд низ мебошад. Раванди таърихии ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, ки интихоботи ҷории парлумонӣ танҳо як лаҳзаи он аст.
Абдуллоҳи Раҳнамо,
сиёсатшинос