Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки таъминкунандаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, ичтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ба ибораи дигар, интихобот – ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа, бахусус ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон бавуҷудомадаро ба таври осоишта дар доираи қонунҳои қабулгардидаи амалкунанда ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин карда тавонад.
Дар шароити имрӯза, ҳар як ҷомеаи демократӣ танҳо тавассути интихобот иштироки шаҳрвандонро дар ташаккули давлатдорӣ, устувории волоияти қонун ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шаҳрвандро кафолат дода метавонад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, тамоми пояҳои давлатдориро аз тариқи раъйпурсӣ ва интихобот эҳё, барқарор ва устувор намудааст. Маҳз самараи ҳамин раванд буд, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафтгонаи беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои пешрафта шомил гаштааст.
Соли 2020 барои мардуми шарифи кишвари мо соли бисёр муҳим ва сарнавиштсоз мебошад. Маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода барои мо ин баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад, ки моро ба давраи сифатан нави рушди ҷомеа ворид менамояд. Аз ин лиҳоз, тамоми ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ ва дар маҷмуъ тамоми мардуми ватандӯсти кишварро лозим аст, то дар ин маъракаи муҳим фаъолона иштирок намоянд.
Аксари аҳолии давлати ҷавон ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки беш аз 50 дарсади ҷомеаи моро фаро гирифтаанд. Таваҷҷуҳу эътимод ба неруи ҷавонон яке аз масъалаҳои асосиест, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз давраи аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба он аҳамияти махсус зоҳир намуда, онро дар сархати пешбурди фаъолият қарор додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриҳо ва баромадҳои худ аз ин нерӯи азими созанда сухан мегӯянд ва ояндаи давлату миллатро ба ин қишри ҷомеа пайваст медонанд. Ҷавонони бо нангу номуси мо низ бояд аз ин боварии Пешвои худ ифтихор намуда, дар пешрафти ҳамарӯзаи давлати худ фаъол бошанд.
Қобили таваҷҷуҳ ва сарфарозист, ки дар асоси мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо эҳсос мешавад, ки дар интихоботи имсола барои вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷавонони донишманди касбу кори гуногун мубориза мебаранд. Ин барои мардуми шарафманди Тоҷикистон як фоли нек буда, умедвории моро ба ояндаи дурахшон, осмони софу беғубори ватан ва рушди босуботи иқтисодиву ичтимоӣ устувортар менамояд. Метавонем бо боварии комил иброз дорем, ки ҳарчи бештар ҷавонони соҳибтаҷриба бо нерӯи тавоно, фикру андешаҳои тоза ва нигоҳи замонавӣ дар вазифаҳои масъулиятнок роҳ ёбанд, расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва вазифаҳои дар пеш гузошта воқеитар мегардад.
Тавре, ки дар боло қайд намудем, интихоботи имсола на танҳо интихобот ба Парлумон ва вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллӣ, балки саҳифаи тозаи гузаштан ба марҳилаи нави рушди босубот, созандагӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки дар рушду пешрафти кишварамон нақши муассир мебозанд ва таъминкунандаи зиндагии шоиставу арзандаи мардуми кишвар мебошад.
Дар ҳаёти сиёсии кишварамон тамоми шаҳрвандон метавонанд ба ҳайси вакилони мардумӣ, ё ин ки аз тариқи намояндагони худ дар Парлумон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ фаъол бошанд. Ин ҳуқуқро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд кушоду возеҳ ва озод пешниҳод намудааст. Чунончи дар моддаи 27-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд”. Ин ғоя барои тамоми давлатҳое, ки бунёди ҷомеаи демократиро пеш гирифтаанд, яъне ҳуқуқи ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шудан, яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад.
Боз як хусусияти хоси интихоботи имсола дар он мебошад, ки бонувони кишвар дар он фаъолтар шуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва вазифаҳои масъулиятнок дар умури давлатдорӣ диққати махсус медиҳанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Пешвои миллат бори дигар таъкид шуд, ки дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат иштироки фаъолонаи занон таъмин карда шавад.
Бояд ёдовар шавем, ки дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз 63 ҷой дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, 12 ҷой ба занон расида, аз 32 ҷой дар Маҷлиси миллӣ 6 курсӣ ба занон таълуқ дошт, ки мутаносибан 19% ва 18,7% – ро ташкил карда буд. Дар ҳамин замина, чунонки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуданд, аз 229 номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, 75 нафарашро (33%) занон ташкил медиҳанд.Ин нишондиҳандаи хеле умедбахш аст.
Ҳамаи ин гувоҳӣ медиҳад, ки зан-модари тоҷик як неруи бузурги созанда, тарбиятгари насли наврас, пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва мемонад. Бонувони тоҷик аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҳама вазъият, барои мустаҳкам намудани давлатдории тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд. Чунин тавваҷуҳ ва ғамхориҳо аз ҷониби Пешвои муаззам, на танҳо подош ба хизматҳои шоистаи занони Тоҷикистон, балки руҳбаланд намудани онҳо дар фаъолияти касбӣ дар вазифаҳои масъулиятнок мебошад. Аз ин неруи созанда бояд барои рушди давлататдории миллӣ истифода намуда, нагузорем дигар ҳеҷ гоҳ модари тоҷик дар ғаму андӯҳ бошад.
Ба ҳамин хотир интихоботи дар пеш истода бояд бо иштироки фаъоли тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон шафоф, дар фазои идона ва ҳусни тафоҳум ва ба хотири ояндаи дурахшони ватани маҳбубамон анҷом ёбад.
Давлатов У.А.
Сардори раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳавӣ