Дар шароити муносибатҳои бозорӣ, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо қонуният ва принсипҳои он пеш меравад, бахши хусусӣ яке аз ҷузъҳои асосии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Чӣ тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 қайд карда шуд, «Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд».
Ҷадвали 1. Афзоиши ММД таи солҳои 2015-2019
Чӣ тавре аз ҷадвали 1. дида мешавад, ММД тӯли солҳои 2015-2019 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст.
Давлат барои дастгирии бахши хусусӣ ва ҳавасманд намудани рушди он чораҳои муайянро дар самти такмили қонунгузорӣ, эълони моратория барои санҷишҳо, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо андешидааст. Аз ҷумла дар Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд».
Бо вуҷуди ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои тақвият бахшидан ба дастгирии бахши хусусӣ ва ҳавасманд намудани рушди он аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барад. Самти минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар ин бахш бояд ташкили низоми ягонаи ҳуқуқӣ барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо гардад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда масъалагузориҳои мушаххас намудааст: «Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем»
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ як сол қабл, яъне дар соли 2018 ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат пешниҳод шуда буд. Дар амалӣ намудани ин ҳадаф нақши бахши хусусӣ муҳим буда, истифода намудани имкониятҳои он ба манфиати кор мебошад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат ва Бонки миллии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои беҳтар намудани фазои корӣ ва иқлими сармоягузорӣ, баланд намудани эътимоднокии низоми бонкӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар Паёми сарвари давлат омадааст, ки «ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад».
Вобаста ба ин, дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар ба Ҳукумат ва парламенти кишвар дастур доданд, ки ҳангоми баррасӣ ва такмили қонунгузорӣ, махсусан, зимни таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин масъалаҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Иллова бар ин дар ин самт Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои андешидани чораҳои нав барои пешниҳоди имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ, ҷоннок намудани кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун ҳудудҳои дорои низоми махсуси иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил ва гузаронидани намоиш ва ярмаркаҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат, таҳияи маълумотномаҳо барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ ва ҳам барои сармоягузорони дохилӣ метавонанд ба ҷоннок намудани фаъолияти бахши хусусӣ, ҷалби он ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 таъсир расонанд.
Нақши низоми бонкӣ дар ҷалби пасандозҳои тамоми бахшҳои иқтисодиёт ва дар навбати худ бо маблағҳои қарзӣ таъмин намудани он бағоят муҳим аст.
Аз ин рӯ дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат ба масъалаи ҷалби сармоягузориҳои бахши хусусӣ ба иқтисодиёт дахл карда, қайд намуд, ки «тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад». Дар масъалаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла сармоягузории хусусӣ нақши низоми бонкии мамлакат муҳим мебошад. Яке аз сарчашмаҳои сармоягузории бахшҳои иқтисодиёт ҷалби маблағҳои озод дар намуди пасандозҳо мебошад, ки таи солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Ҷадвали 2. Пасандозҳо ва бақияи сандуқи қарзии бонкҳои мамлакат (млн. сомонӣ)
Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар қайд намуданд, ки «Низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад». Инчунин Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Амонатбонк” аз тарафи Президенти кишвар ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он чораҳои таъхирнопазир андешадан, дастуру супоришҳо гирифтанд.
Вобаста ба ин Бонки миллии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои баланд бардоштани боварии бахшҳои иқтисодиёт ба низоми бонкӣ, ҷолиб ва дастрас намудани хизматрасониҳои бонкӣ, ташкили бонкҳои нав, зиёд намудани шабакаи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми минтақаҳо ва барои дастрас ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба субъектони хоҷагидор, аз он ҷумла бахши хусусӣ чораандешӣ намояд.
Ҳамзамон, дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҳарчи хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” масъалагузорӣ намуда илова бар ин дар заминаи он таъсис додани бонк ва ҳамасола барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат дастур супоришҳо доданд.
Тоҳирхон Баротов,
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва
рушди бахши хусусӣ