Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин, мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин Ватани обод намоему, дар ободтар гаштани он саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихи ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткоронаи трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа, саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Тайи 27 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд, ки имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбанд.
Гарчанде Артиши Миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як давраи басо душвору ҳассос барои кишвар таъсис дода шуда бошад, тӯли муддати каме беш аз ду даҳсола тавонист, бо дастгириҳои пайваставу ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як артиши мукаммали дорои беҳтарин шароитҳои хизматӣ, сипари боэътимоди ҳар як тоҷику тоҷикистони мубаддал ёфтааст. Қобили қайд аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмарди бонангу ор буда, ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоламон аз сарбозону афсарон матонату ҷасорат, зиракии сиёсӣ ва дар ки баланди ватандустиро тақозо мекунад. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, Қувваҳои Мусаллаҳи хешро бунёд намуданд.
Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбии сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандозии 201-ум ҷойгир буд. Мутаассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлони гардидани ин муноқиша гардад. Мо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ва бо шукргузорӣ ва сулҳу суботи устувор 29-умин солгарди таъсисёбии Ватани азизамонро мекунем.
Мақсади асосии марҳилаи аввали ташкили Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зидди давлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд. Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қушунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиқи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд. Давраи сеюми ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон оғоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд. Бо шомил гардидани силоҳбадастони собиқ мухолифини тоҷик сохтори ташкилию штатӣ тағйир ёфт. Айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ гузаронидани ислоҳоти ҳарбӣ идома меёбад. Намуди нави Қувваҳои Мусаллаҳ – қувваҳои зудамал бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ мутаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри тағирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд. Бояд зикр намуд, ки солҳои аввали таъсисёбии Артиши Миллӣ, мо ба мушкилоти нарасидани кадрҳои ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуда будем. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи кишварамон таълим мегирифтанд.
Дар мудати 29-соли соҳибистиқлолӣ, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки кадрҳои баландихтисосӣ низомиро дар хориҷи кишвар аз он ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Фаронса, Канада, Олмон, Амрико тайёр намоянд. Дар ин ҷабҳа саҳми Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург мебошад.
Ҳамзамон, дар Вазорати мудофиа усулҳои камхарҷу пурсамари таълимӣ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани малакаи ҷангӣ ва обутоби ҷисмонии аскарон амалӣ мегардад. Дар назди ҳар як қисми ҳарбӣ марказҳои таълимӣ, майдончаҳои машқӣ ташкил карда шудаанд, ки ба омодагии ҷангии қушунҳо ва самарабахшии машқҳои таълимию машғулиятҳо мусоидат менамоянд. Натиҷаи омӯзиш дар семинару курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси афсарон, ки ҳар сол дар дохил ва хориҷи кишвар барои такмили донишҳои назариявию амалӣ мегузаранд, қаноатбахшанд. Ин тадбирҳо дар бахши тайёрии мутахассисони ҳарбӣ ва такмили таҷрибаи афсарон минбаъд низ идома меёбад. Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, самти асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи қаҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Точикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки баҳри ҳифзи марзу буми худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест, ба найрангҳои сиёсатхоҳону авбошон гирифтор нахоҳад шуд, ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболо аст ва доимо сулҳу амониро тараннум хоҳад кард.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ҳамкасбони азизро ба рӯзи Артиши Миллӣ табрику таҳният гуфта, тамоми орзуҳои некро барои хонадонашон таманно менамоям.
Ибодат Собирова,
мутахассиси пешбари Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон