Дар яке аз суханрониҳои худ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш вазъи кунунии ҷаҳони муосирро таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки чор мушкили апокалиптикӣ ё ҷаҳонсӯз имрӯз ба муносибатҳои байналмилалии кишварҳо таҳдид мекунанд, ки инҳоянд:
- ташаннуҷи сатҳи болотарини вазъи геостратегӣ;
- нобоварии глобалӣ ба сохторҳои сиёсӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ;
- гармшавии глобалии иқлим;
- ҷанбаҳои торику манфии Интернет.
Дар ҳақиқат ҳам, имрӯз мо тағйироти куллиро дар муносибати байни давлатҳои абарқудрат бо ҳамдигар, инчунин, бо гӯруҳи давлатҳо, минтақаҳо ё кишварҳои алоҳида ва байни давлатҳои ҷудогона мушоҳида мекунем ё худ шоҳиди равандҳое ҳастем, ки ба ин муносибатҳо таъсири назаррас гузошта, аксари кулли онҳоро дар доираи ҳамон чор мушкили номбурда ҷой додан имкон дорад. Ҳамаи ин тақозо мекунад, ки давлатҳои муосир сиёсати дохилию хориҷии худро бо дарназардошти ин масъалаҳо ва дигар мушкилоти глобалӣ роҳандозӣ намуда, барои пайомадҳои манфие, ки онҳо метавонанд ба бор оваранд, омодагии қаблӣ дошта бошанд.
Ташаннуҷи сатҳи болотарини вазъи геостратегии ҷаҳони муосир дар мисоли муносибатҳои аз ҳам фарқкунандаи давлатҳо ва роҳбарияти онҳо ба таърихи инсоният ва сиёсати ду қарни охир хеле бараъло зуҳур мекунад. Бозбинии низоме, ки дар ҷаҳон баъди натиҷаҳои ҷанги ҷаҳонии дуюм ҳукмфармо гардид, яке аз чунин мисолҳо шуда метавонад. Беҳуда нест, ки Федератсияи Русия масъалагузорӣ намудааст, ки вобаста ба чунин вазъ ҳатман ҳамоиши панҷ узви доимии Созмони Милали Муттаҳид доир карда шавад ва чунонки маълум аст, ин давлатҳо (Британия, ИМА, Русия, Фаронса ва Чин) ҳамон кишварҳое ҳастанд, ки дар ҳалли мушкилоти Ҷанги ҷаҳонии дуюм, ки аз хотимаи он имсол 75 сол пур мешавад, нақши ҳалкунандаро иҷро карда буданд. Ҳодисаҳои даҳсолаҳои охир дар Сурия, Ироқ, Яман, Либия, Афғонистон, Венесуэла, Украина ва минтақаҳои дигари олам низ аз мушкилоти геостратегӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ҳодисаи навтарин– “муомилаи аср” аз ҷониби Амрико ва Исроил дар роҳи ҳалли қазияи Фаластин ҳам ба мушкилоти дар ин сатҳ мавҷудбуда метавонад таъсири бузурге расонад.
Мушкилоти дуюми апокалиптикӣ, ки Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид таъкид намудааст, нобоварии глобалӣ ба сохторҳои сиёсӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ ба мушкилоти якуми зикршуда робитаи қавие дорад. Чунонки маълум аст, мутахассисону коршиносон даставвал ҳам оид ба паёмадҳои мусбат ва ҳам манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ сухан мегуфтанд, вале солҳои охир бештар танҳо ба ҷанбаҳои манфии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳукмфармоии яккақутбӣ, пештозии корпоратсияҳои фаромиллӣ дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти иқтисодӣ, рушди иттиҳодияҳои байнидавлатӣ дар самти ҳалли эгоистии мушкилоти тиҷорат ва робитаҳои иқтисодӣ ва падидаҳои дигари амсоли он боис гардиданд, ки ҳатто давлати абарқудрате чун ИМА бар зидди ҷаҳонишавӣ бархоста, эълом намудааст, ки “Оянда дар дасти ватанпарастон аст, на глобалистҳо”. Аз ҷониби дигар, дар ин раванд нуфузи созмонҳои зиёди байналмилалӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо сар карда то ташкилоти минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳои зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир хеле паст рафт. Дахолат ба баъзе мушкилоти минтақавӣ аз ҷониби давлатҳои абарқудрат бе дастгирии ҳуқуқии СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ, инчунин ба эътибор нагирифтани ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои зиёди байнидавлатӣ ва минтақавӣ ва ба ин соҳаҳо татбиқ намудани қонунҳои миллии баъзе кишварҳо нақши сохторҳои сиёсии байналмилалиро хеле коҳиш дод.
Дар маҷмӯъ, мисолҳои дар боло зикршуда гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки дар ҷаҳони муосир вазъи геостратегӣ хеле муташанниҷ буда, сохторҳои сиёсии байналмилалии эътирофшуда дар сурати сар задани мушкилот метавонанд дар ҳалли онҳо оҷиз бошанд. Бо сабабҳои зикргардида ҳар як давлатро зарур аст, ки сиёсати дохилию хориҷии худро вобаста ба ин мушкилот бозбинӣ намояд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бояд дар ин самт аз имконоти дохилӣ ва муносибатҳои минтақавию байналмилалии худ барои истодгарӣ кардан дар рӯ ба рӯи чунин мушкилоти глобалии замони муосир ҳамаҷониба омода бошад. Хушбахтона, дар санадҳои барномавии кишвари мо дар робита ба ин масъалаҳо нақшаҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд. Яке аз чунин санадҳои муҳим Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 мебошад, ки дар он вобаста ба вазъи геостратегии ҷаҳони муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ дастурҳои мушаххас дар самти муайянсозии принсипҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд. Ин тадбирҳо чунин самтҳоро дар бар мегиранд, ки ҳамагӣ ҷавоб ба чолишҳои замони муосиранд:
–омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ташаккул ва рушди мунтазами ҳушёриву зиракии сиёсии ҳайати шахсии онҳо, инчунин муносибати ҷиддӣ ба ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ;
–идомаи сиёсати “дарҳои боз”, ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ;
– таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи иқдомот доир ба раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон;
– идомаи татбиқи амалии Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, тавсеаи бештари робитаву ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ.
Доир ба мушкилоти сеюм – гармшавии глобалии иқлим дар сайёра сухан карда, бояд таъкид намуд, ки ин равандро на ҳама кишварҳо, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва коршиносону мутахассисон якранга баҳогузорӣ мекунанд. Агар баъзе гармшавии глобалии иқлимро пурра ҳамчун падидаи дорои оқибатҳои нохуш барои сайёраи мо эътироф намоянд, баъзеи дигар онро ҳамчун як найранги глобалии баъзе ҷонибҳои манфиатдор меҳисобанд. Кофист аз он ёдовар шавем, ки муносибат ба навраси фаъол дар соҳаи мушкилоти экологӣ аз Шветсия – Гретта Тунберг аз ҷониби коршиносон ва ҳатто намояндагони расмии кишварҳои олам ба таври мухталиф сурат гирифта, баъзе ӯро ҳамчун шахсияти фаъол ва баъзе ҳамчун шахсияти итттилои комил оид ба масъала надошта баҳогузорӣ кардаанд. Дар ҳар сурат, муносибат ба мушкилоти доғи глобалии замони муосир дар соҳаи экология пуртаззод бошад ҳам, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муносибат ба ин масъаларо дар асоси вазъи дохилии худи кишвар дар самти экологию ҳифзи табиат мушаххас намояд.
Дар бораи вазъи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, бояд ду ҷанбаи асосии ин масъаларо ба эътибор гирем: аввалан, ҷанбаи мусбати он дар самти саҳми кишвари мо дар тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз”; сониян, ҷанбаи манфии масъала, ки аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях дар кишвари мо дар чил соли охир об шуда, пурра аз байн рафтааст. Ин мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар санади барномавии кишвари мо – Паёми фавқуззикри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 инъикоси пурраи худро ёфтаанд.
Чунонки дар Паёми мазкур зикр гардидааст, имрӯз дар Тоҷикистон ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар миқёси минтақа камтарин мебошад. Сабабгори чунин вазъи мусоид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика ба ҳисоб рафта, баъд аз пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҷумҳурии мо ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” дар ҷаҳон шомил мегардад. Ҳамаи ин аз саҳми хеле назарраси Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти гармшавии глобалии иқлим дар сайёра гувоҳӣ медиҳад.
Вобаста ба мушкилоти Тоҷикистон дар ин самт – обшавии пиряхҳо қобили зикр аст, ки дар миқёси олам пиряхҳоро ба ду навъ – пиряхҳои дар сатҳи замин қарордошта ва пиряхҳои кӯҳӣ тақсим мекунанд. Навъи аввал, ки асосан Антарктида ва Гренландияро дарбар мегирад, мушкилоти ба худ хос дорад ва навъи дуюм, ки пиряхҳои куҳӣ, аз ҷумла воқеъ дар кишвари моро фаро мегирад, бо мушкилоти хосси худ аз навъи аввал фарқ дорад. Дар қаламрави Тоҷикистон 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 дарсади ҳудуди умумии кишварро ташкил мекунад. Чунонки болотар ҳам таъкид гардид, аллакай беш аз ҳазор адад аз ин пиряхҳо об шуда, пурра аз байн рафтааст. Вобаста ба ҳалли ин мушкилот ва масъалаҳои дигари ба экология вобаста Пешвои миллат дар Паёми худ чунин дастурҳоро ироа намуданд:
–андешидани тадбирҳо якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ дар самти ташкил намудани экспедитсияҳо бо мақсади омӯзиши вазъи пиряхҳо;
–пешгирии пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзӣ, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ, шӯршавии заминҳо, инчунин истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ва амсоли он.
Қобили зикр аст, ки дар таърихи 28 январи соли 2020 дар шаҳри Берлини Олмон Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Осиёи Марказии сабз” бо иштироки давлатҳои Осииёи Миёна, инчунин, Афғонистон, Олмон ва намояндагони Итттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ низ вобаста ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон дар мубориза алайҳи гармшавии глобалии иқлим дар сайёра тадбирҳои мушаххас андешида шуда, саҳми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба таври мусбат арзёбӣ гардид. Ҳамаи ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҷумҳурии мо вобаста ба ҳалли мушкилоти гармшавии глобалии иқлим, ки онро Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш мушкилоти апокалиптикӣ ё ҷаҳонсӯз эътироф намудааст, омодагии пурра дошта, сиёсати дурустро дар роҳи ҳалли мусбати масъала роҳандозӣ менамояд
Ва ниҳоят, мушкилоти дигаре, ки имрӯз характери умумиҷаҳонӣ гирифтааст, ба ҷанбаҳои торику манфии Интернет дахл дорад. Ба ин махсусияти Интернет падидаҳои гуногунро мансуб медонанд. Аз ҷумлаи онҳо “Шабакаи торик” (Darknet) аст, ки дар он майдонҳои зиёде барои амалҳои ғайриқонунӣ, чун фурӯши аслиҳа ва маводи мухаддир, мубодилаи барномаҳои хакерӣ, порнография ва дигар тиҷоратҳои берун аз доираи қонун мавҷуд буда, тиҷорат дар онҳо асосан тавассути биткоин сурат мегирад. Як мушкили муҳимтарини Интернетро кишварҳои зиёд дар он мебинанд, ки он ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ба интихобот ва равандҳои дигари сиёсӣ дар кишварҳои муайян аз ҷониби кишварҳои дигари ғараздор дар солҳои охир хеле васеъ истифода мегардад. Ҳуҷумҳои хакерӣ ба сомона ва саҳифаҳои интернетӣ, дуздиҳои амволи ғайринақдӣ, назоратнашаванда будани сомонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо ва як қатор замимаҳои дигари электронӣ, бо қонунгузории миллӣ танзим нагаштани фаъолияти сомонаҳои иҷтимоии фаромиллӣ ва амсоли он низ имрӯз ба як омиле мубаддал гаштаанд, ки метавонанд ҷанбаҳои мусбати Интернетро ба куллӣ фурӯ баранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар замони муосир ҳам ҷанбаҳои мусбат ва ҳам манфию торики Интернетро пайваста эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдор тадбирҳои зиёде амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 вобаста ба истифодаи ҷанбаҳои мусбати шабакаи ҷаҳонии Интернет иҷрои чунин чорабиниҳоро ҳатмӣ ҳисобиданд:
–портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, тамоми корхонаҳои саноатӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд;
–Вазорати саноат ва технологияҳои нав маълумоти дахлдорро бо зикри номи корхона, номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва дигар иттилооти зарурӣ мунтазам ба нашр расонад.
Дар баробари ин, барои кишвари мо дар самти муқовимат бо ҷанбаҳои манфии Интернет беш аз ҳама пешгирии тарғибу ташвиқи ифротгароӣ ба тариқи электронӣ мубрам аст. Маҳз ба ҳамин ишора намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар Паёми мазкурашон қайд намуданд: “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Ба ақидаи коршиносон “фатвоҳои интернетии ифротӣ” ва сафи чунин “муфтиён”-и шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд буда, ин амалҳои онҳо ба амнияти миллӣ халалҳои зиёде ворид месозанд. Дар баробари ин, чунин “фатвоҳо” танҳо сабабгори болоравии хурофот гардида, сатҳи тафаккури мардум, хусусан наврасону ҷавононро то миқёсҳои асримиёнагӣ паст мекунанд. Бо ҳамин сабаб ба эътибор гирифтани ин ҷанбаи манфии Интернет дар даҳсолаҳои охир дар кишвари мо хеле мубрам ба назар мерасад.
Дар маҷмӯъ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз фурсате фаро расидааст, ки мушкилоти зиёди муносибат бо Интернет тавассути такмили қонунгузорӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҳаллу фасл карда шаванд. Ба қонунгузорӣ дар соҳаҳои мубориза бо экстремизму терроризм илова кардани талабот нисбат ба фаъолият дар Интернет, таҳияи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мустақил дар ин самт, такмили қонунгузорӣ дар самти матбуоот ва иттилоот бо дарназардошти масъалаҳои олами маҷозӣ ва шабакаҳои интернетӣ, ворид сохтани тағйиру иловаҳои дахлдор ба кодексҳои гуногун оид ба масъулияти истифодаи ғайриқонунии имконоти шабакаҳои электронӣ, инчунин роҳандозии татбиқи санадҳои байналмилалӣ вобаста ба ҷомеаи иттилоотӣ ва ғайра метавонанд дар ҳалли мушкилоти глобалии таъсири ҷанбаҳои торику манфии Интернет ба ҷомеаи муосир нақши созандаро иҷро намоянд.
Дар охир бори дигар таъкид месозем, ки мушкилоти апокалиптикӣ ё ҷаҳонсӯз, чун ташаннуҷи вазъи геостратегӣ, нобоварӣ ба сохторҳои сиёсӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, гармшавии глобалии иқлим ва ҷанбаҳои торику манфии Интернет имрӯз ба ҷузви ҷудонашавандаи воқеияти ҷаҳони муосир табдил ёфта, ба равандҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишварҳо метавонанд таъсири манфӣ расонанд.
Аз ин рӯ, омодагӣ барои муқовимат нишон додан ба ин падидаҳои номатлуб бояд ҳангоми тарҳрезии барномаи фаъолияти ниҳодҳои гуногуни давлатӣ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистони тозаистиқлол ҳатман ба эътибор гирифта шаванд. Зимни ин амал дар ҷумҳурии мо бояд ба ҳалли мушкилоти амнияти давлатӣ ва миллӣ, таъмини манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо аз тамоми падидаҳои номатлуби глобалӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Хуршед Зиёӣ
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон