Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар дар соли 2019 бо мақсади амалишавии сиёсати давлатӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон фаъолият намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.
Дар соли ҳисоботӣ Марказ дар доираи нақшаҳои кории тасдиқшуда дар чунин самтҳо фаъолиятро ба роҳ монд:
1.Дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ
Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2019 таҳқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуда истодаанд:
- Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ барои соли 2019 дар доираи самтҳои мазкур таҳқиқот аз рӯйи 8 мавзӯъ сурат гирифт.
- Шӯрои илмӣ ва Шӯрои илмию методии Марказ
Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз он ҷумла 15 доктори илм ва 3 номзади илм фаъолият кард. Бо мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои илмии Марказ олимону мутахасисон аз дигар муассисаву ташкилотҳо низ дохил карда шуданд.
Шӯрои илмию методии Марказ аз 13 нафар иборат аст. Дар Шӯрои илмию методӣ натиҷаҳои корҳои илмӣ ва пажӯҳишии раёсатҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
3.Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ
Дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои дахлдор омода намуда, ирсол карданд. Аз онҳо 114 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1215 саҳифа буданд.
- Иштирок дар комиссия ва гурӯҳҳои корӣ
Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок намуданд.
- Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ
Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳовуддинов, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба роҳ монд.
Дар доираи ин ҳамкориҳо соли 2019 дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 20 нафар, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 24 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 9 нафар, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 3 нафар, Донишгоҳи (славянии) Русия–Тоҷикистон 5 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе 20 нафар, Донишкадаи идоракунии иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи федералии Қазони Федератсияи Русия 1 нафар, Академияи туризми Қирғизистон 1 нафар, дар маҷмӯъ, 106 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.
- Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ
Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Ҳамкории Байналмилалии Олмон, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро тавсеа бахшид.
Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.
- Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд
Дар соли 2019 Марказ 26 чорабинии илмию амалӣ, аз ҷумла, 11 конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, 12 мизи гирд, 1 брифинг, 1 семинари илмӣ, 1 симпозиуми миллӣ баргузор намуд.
Гузоришҳо аз чорабиниҳои илмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос ва дар Сомонаи интернетии Марказ гузошта шудаанд. Дар ин давра кормандони Марказ дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, бо 105 маърӯза суханронӣ карда, беш аз 530 мусоҳиба дар васоити ахбори омма ироа намуданд.
- Фаъолияти нашриявӣ
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” китобча дар ҳаҷми 46 саҳифа таҳия карда, нашр намуд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои “Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби Наврӯз” дар ҳаҷми 54 саҳифа, “Тафсири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ: моҳият ва самтҳои асосии он” (Душанбе: “Нашри Камол”, 2019, 168 саҳифа), “Маводи таблиғотӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар ҳаҷми 16 саҳифа ба табъ расонида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои истифодаи хизматӣ ирсол намуд.
Дар давоми соли 2019 монографияҳои сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ Абдураҳмон Қурбонов “Таҳаввули низоми маориф дар Тоҷикистон” (таҳлили иҷтимоӣ–фалсафӣ) (Душанбе: «Ирфон», 2019.–220 саҳ.), “Илм ва маориф” (тамоюл, мушкилот, дурнамо) (Душанбе: «Ирфон», 2019.–406 саҳ.), китоби сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Марказ Шаҳзода Қаюмова “Дастгирии давлатии соҳибкории саноатӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе: “Хирадмандон”, 2019, 160 саҳ.) нашр гардиданд.
Дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин китоби муштараки “Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ” таълиф гардида, дар ҳаҷми 392 саҳифа нашр шуд.
- Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар соли 2019 бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон робитаҳои хуби кориро роҳандозӣ намуд.
- 10. Дар самти баргузории таҳқиқоти сотсиологӣ
Дар давоми сол Марказ чунин таҳқиқоти сотсиологиро гузаронид:
–дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти сотсиологӣ дар мавзӯи “Омӯзиши афкори аҳолӣ доир ба сатҳи ҷинояткорӣ, сифати кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо он ва сатҳи бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои ҷиноӣ” анҷом ёфт. Таҳқиқот дар 32 шаҳру ноҳияи кишвар дар байни аҳолӣ ва коршиносон (мутахассисони соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ) гузаронида шуда, дар он 3007 нафар аҳолӣ ва 219 коршинос иштирок намуданд. Пурсиш дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ, Хатлон ва ВМКБ гузаронида шуд;
–таҳқиқоти сотсиологӣ дар мавзӯи “Муҳоҷирати ҷавонон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар” бо тариқи пурсишнома ва пурсиши онлайнӣ гузаронида шуд. Ин таҳқиқот дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Рашт доир гардид;
–дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020” таҳқиқоти сотсиологӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Рашт, Шаҳритӯс дар мавзӯи “Таҳлили илмии равандҳои тундгароӣ ва ифротгароӣ дар Тоҷикистон” гузаронида шуд. Таҳқиқоти мазкур дар байни коршиносон, кормандони идораҳои давлатӣ, омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, фаъолони ҷомеа ва аҳолӣ дар асоси мусоҳибаҳо доир гардид;
–таҳқиқоти сотсиологӣ дар мавзӯи “Омӯзиши вазъи соҳибкории истеҳсолӣ дар доираи корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо тариқи пурсиш (380 саволнома), таҳқиқоти сотсиологӣ таҳти унвони “Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо тариқи мусоҳибаҳои рӯбарӯ (330 саволнома) ва ғайра доир гардиданд.
- 11. Сомонаи интернетии Марказ ва маҷаллаи илмии “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”
Сомонаи Марказ (www.mts.tj) ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ, хабарҳои ҳамарӯза, гузоришҳо, суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои кормандони Марказ ҷой дода шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар сомона беш аз 672 мақола ва матолиби гуногуни илмӣ, хабару гузоришҳо дар бахшҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор гардид. Дар моҳи январи соли ҷорӣ сомонаи Марказ пурра таҷдид карда шуд, ки ҷавобгӯй ба талаботи замон мебошад.
Дар соли 2019 дар маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”, №1 (64)–24 мақолаи илмӣ, №2 (65)–19 мақолаи илмӣ, №3 (66)–22 мақолаи илмӣ, №4 (67)–31 мақолаи илмӣ ва №5 (66)–22 мақолаи илмӣ нашр гардид. Вариантҳои электронии мақолаҳои нашрияи мазкур дар шакли PDF дар бахши алоҳидаи сомонаи интернетии Марказ гузошта шуданд.
- 12. Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ
Дар соли 2019 роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд–Исфара (Чоркӯҳ), минтақаи Рашт– Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, ВМБК саҳми фаъол доштанд. Онҳо дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 44 маротиба дар мавзӯъҳои муҳим ва актуалӣ суханронӣ намуданд.
- Такмили ихтисоси кормандони Марказ
Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Чин савияи донишу малакаи худро такмил доданд.
Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон