Рӯзи 30 январи соли 2020 ҷаласаи Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиши илмиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуд.
Сипас тибқи рӯзнома дар ҷаласаи макзкур чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд:
- Ҳайати нави Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Нақшаи кории Шӯрои илмии Марказ барои нимсолаи якуми соли 2020.
- Барномаву нақшаҳои кории раёсатҳои Марказ.
- Ҳайати Шӯрои илмию методии Марказ.
- Ҷадвали кории Шӯрои илмию методии Марказ.
- Нақшаи чорабиниҳои Марказ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ахбор доир ба нақшаи кории Шӯрои олимони ҷавони Марказ.
Аъзоёни Шӯрои илмии Марказ доир ба бурду бохти фаъолияти илмию тадқиқотии Марказ дар соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020 фикру андешаҳои муфид ва арзишманд иброз намуданд.
Ҷаласаи Шӯрои илмиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовини директори Марказ Парвиз Муҳаммадзода, роҳбари Дастгоҳи Марказ Наҳтулло Назаров, котиби илмии Марказ Рухшона Одилова ҷамъбасту натиҷагирӣ карданд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон