Ҳар падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, он пеш аз ҳама ифодакунандаи талаботу манфиатҳои аъзоёни ҷомеа мебошад. Яке аз чунин ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа интихобот аст. Агар ба таърих ва раванди ташаккули интихобот таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки интихобот дар ҷомеа баробари сиёсат зуҳур намуда, то замони муосир чи дар ҷомеаҳои анъанавӣ ва чи дар ҷомеаҳои демократӣ дар шаклу навъҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Аммо интихобот ҳамчун раванд ва унсури муҳимми сиёсат маҳз дар ҷомеаҳои демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои асосии худро соҳиб гардидааст. Бояд зикр намуд, ки зарурати асосии ба вуҷуд омадани интихоботро дар ҷомеа маҳз созиш ва ризояти гурӯҳҳо ҳангоми ташкил намудани ҳокимият, пешгирии низоъҳо, тақсим ва ҳимояи манфиатҳо ташкил медод. Дар шароити муосир низ давлатҳои демократӣ интихоботро ҳамчун неруи муттаҳаррики пешбарандаи ҷомеа истифода менамоянд.
Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Аз ҳамин рӯ Конститутсияи ҷумҳурӣ, хусусан моддаи 1-и он Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намудааст. Инчунин, дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият нишон дода шудааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Яъне нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоягари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд. Интихобот ҳамчун унсури муҳимми ҷомеаи демократӣ дар таҷассуми иродаи шаҳрвандони мамлакат, ташаккул ва таҳкими системаи сиёсӣ ва амалӣ гардонидани ҳокимияти мардуми Тоҷикистон нақши бузург дорад.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки ташкил ва раванди интихоботро дар ҷумҳурӣ таҳким мебахшанд. Ба чунин санадҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санаду қонунҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дохил мешаванд. Таъкид кардан зарур аст, ки чунин санадҳо асосҳои сиёсию ҳуқуқии низоми ташкили интихобот дар ҷумҳуриро таҳким бахшида, раванди баргузории онро самаранок мегардонанд. Бояд қайд кард, ки раванди ташкил ва баргузории интихобот аз ҷомеа ва элитаи сиёсӣ фаъолнокӣ ва иштироки баланди сиёсиро талаб дорад, зеро иштироки васеи омма ва раъй додан ба номзади арзанда, ҳамчунин ташкили ҳокимият дар заминаи интихобот фаъолнокиро тақозо дорад.
Ҳамакнун, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои бунёдии ташкил ва баргузории интихоботи озоду демократӣ арзи ҳастӣ доранд. Ҷумҳурии мо дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худ дар давоми бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор ва баҳодурона гузошта истодааст. Дар ин муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон имконеро ба вуҷуд овардааст, ки тавонанд дар ташаккул ва амалигардонидани ҳокимияти худ аз он истифода намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад, зарурат, ташкил ва баргузории интихоботро, қабл аз ҳама, таъмини субот ва ҳамгироӣ, умумигардонии манфиатҳо, ташкил ва назорати ҳокимият, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва ғайраҳо ташкил медиҳанд. Интихобот ҳамчун падидаи муҳимми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вазифаҳоро иҷро менамояд, ки нақш ва аҳаммиятнокии он барои рушди давлати миллӣ ҳарчи бештар меафзояд. Дар шароити муосир вазифаҳои асосии интихоботро дар равандҳои сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зерин арзёбӣ намудан мумкин аст:
- Вазифаи намояндагӣ аз манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини
субот дар ҷомеа. Табиист, ки ҳар як шаҳрванд дорои талаботу манфиатҳои хос мебошад. Шаҳрвандон барои қонеъ намудани талаботи худ аз воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Яке аз чунин воситаҳои муҳим ва самарабахш интихобот аст. Вазифаи асосии интихобот дар ҷомеа ин намояндагӣ намудани манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳимоя намудани онҳо мебошад. Интихобот воситае мегардад, ки шаҳрвандон манфиатҳои худро дар симои номзади арзанда бо манфиатҳои миллӣ умумӣ гардонанд. Бояд қайд кард, ки ин ҳолат боиси пешгирии низоъ ва бархӯрди манфиатҳои шахсию гуруҳӣ дар ҷомеа мегардад. Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳ аст, ки чунин вазифаи интихобот барои мавҷудияти минбаъдаи давлату миллати мо хеле нақши бориз гузоштааст. Ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаҳои гурӯҳӣ ва бархурди манфиатҳои онҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатари нобудшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон дунболагирӣ менамуд, ваҷҳи ин гуфтаҳоянд. Дар чунин вазъи ноором ва сарнавиштсоз вакилони мардумӣ маҳз ба воситаи интихобот тавонистанд дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари арзандаи худро интихоб намоянд, ки тавонист кишварро аз ҳолати буҳронӣ раҳо намояд. Яъне дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон интихобот тавонистааст бо чунин вазифаи худ “намояндагӣ аз манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини субот дар ҷомеа”-нақши худро гузорад.
- Вазифаи ташкил, танзим ва назорати ҳокимият аз ҷониби халқ.
Дар давлати демократӣ сарчашмаи ягона ва асосии ҳокимият халқ ба ҳисоб меравад. Дар чунин ҳолат интихобот воситае мегардад, ки халқ метавонад, ҳокимиятро бо роҳи интихоб намудани номзадҳои мувофиқ ташкил намояд, ҳамзамон фаъолияти онҳоро назорат намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ метавонад ба таври озод (мувофиқи меъёрҳои қонунҳои мавҷуда) дар ташкили ҳокимият иштирок намояд.
- Вазифаи легитимияти (қонунигардонӣ) ҳокимият ва ташаккули
элитаи сиёсӣ. Чунин вазифаи интихобот дар ҷомеа шароитеро ба вуҷуд меорад, ки неруҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба таври қонунӣ ҳокимиятро ташкил намуда, аз рух додани ҳар гуна ҳолатҳои моҷарогароёна пешгирӣ намоянд. Ҳамзамон, ташаккул ва таҷдиди элитаи сиёсиро дар давлат таъмин созанд. Шаҳрвандон тавассути раъйи худ номзадро ба сафи элитаи сиёсӣ ворид менамоянд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ расман фаъолият менамоянд, ки онҳо ҳуқуқи пешниҳоди номзадҳои худро дар интихобот ба вакили Парламент ва номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
- Вазифаи иҷтимоикунонӣ ва фаъолгардонии сиёсии шахс. Чунин
вазифаи интихобот дар шахс ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки дарки равандҳои сиёсӣ ва мутобиқ гардидан ба онҳо аз ҷониби ӯ имконпазир гардад, ҳамчунин, шахс тавонад дар онҳо бевосита иштирок намояд. Фаъолнокии сиёсии шахс дар ҷомеа, махсусан, дар раванди интихобот бисёр муҳим аст, зеро дар раванди интихобот баъзан неруҳои гуногун кӯшиши фиреби оммаро пеша менамоянд. Агар интихобот ваҷҳи баланд гардидани фаъолнокии сиёсии шаҳрванд гардад, он вақт гуфтан мумкин аст, ки шаҳрванд дар интихоби номзади арзандаи худ хато накарда, суботи сиёсӣ ва рушди минбаъдаи давлати хешро поягузорӣ намудааст.
Умуман, интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ вазифаҳои гуногун дошта, он дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро мекунанд. Амалӣ гардидани чунин вазифаҳо боис мегардад, ки минбаъд дар ҷомеа суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди инфрасохторҳои муҳимми давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир бошад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад. Ин раванд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 оғоз гардид, ки мувофиқи он дар мамлакат 1 марти соли 2020 интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Дар чунин шароити ҳассос ва муҳим таъмин намудани фазои озоди баргузори интихобот ва назорат намудани он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ буда, дар ин самт аллакай аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад… Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд. Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд”.
Дар маҷмӯъ, аҳаммияти интихобот дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа хеле бузург аст. Аз ин рӯ шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби вакилон муайян созанд. Шаҳрвандон бояд огоҳ бошанд, ки бетарафӣ дар интихобот падидаи манфӣ аст ва чун интихобот воситаи муҳимми амалигардии ҳокимияти шаҳрвандон аст, пас дар ин раванд ҳар яки онҳо бояд фаъолнокии бештари сиёсӣ зоҳир намоянд.
Алиназар Ашӯров, мутахассиси Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон