ИТТИЛОИЯ

Санаи 20 майи соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стретегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) конфронси байналмилалӣ (дар шакли омехта: ҳузурӣ ва маҷозӣ) таҳти унвони: «Таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми ҳамкориҳои С5+1: мушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад.

Дар чорабинӣ иштироки коршиносон аз марказҳои зеҳнӣ, намояндагони ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ғайраҳо дар назар аст.

Оғози конфронс: 09:00 дар МТС;

Макон: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, ошёнаи 4.

Дар рафти конференсия таҳлилу баррасии масъалаҳои зерин дар назар аст:

  1. Тамоюли таҳаввули ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ;
  2. Имконоти рушди ҳамкорӣ дар қолаби «С5+1»;
  3. Омилҳои таъсиррасон ба рушди ҳамкориҳо дар қолаби «С5+1»;
  4. Дурнамои рушди ҳамкориҳо дар қолаби «С5+1»;
  5. Қолаби «C5+1» ҳамчун унсури калидии тавсеаи муколама ва ҳамкорӣ;
  6. Қолаби «С5+1» — омили татбиқи сиёсати бисёрсамтаи кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Дархост барои иштирок ва матни мақолаҳоро метавон ба суроғаи электронии sayhomid.tj.93@mail.ru, то16 майи соли 2025 ирсол намуд.

Барои иштирок дар чорабинӣ тавассути рақами телефони +992-938-48-58-46 бо кумитаи тадорукот тамос гиред!

 

Кумитаи тадорукот