САҲМИ АРЗАНДАИ ФАРЗАНДОНИ ТОҶИК БАРОИ НОИЛ ШУДАН БА РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Барои пойдор мондани давлатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳар Ҳукуматро лозим меояд то саъю кӯшиш ба харҷ диҳад то бо дигар давлатҳо ҷангу низоъ нашавад, вале мутаассифона дар ҳар давру замон давлатҳое ба вуҷуд меоянд, ки давлату миллатҳои худро ба ҷангу низоъ ва истиллои сарзаминҳои дигар миллатҳо ташвиқ мекунанд, ки ин оқибатӣ нохӯш дорад ва мо метавонем дар симои Олмони фашистӣ бинем. Сиёсати экспансионӣ ва агресивӣ метавонад талафоти азим ба миллату давлат орад ва ин хатогиҳоро наслҳои оянда ҳам бар дӯш мегиранд. Мо метавонем бо ифтихор ёдовар шавем, ки сиёсати ҳозираи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи давлатҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон сиёсати дарҳои боз ва дури ҷӯстан аз ҳаргуна низоъҳои байни давлатӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки муборизони далеру ҷасури тоҷикистонӣ дар ҳамаи муҳорибаҳои муҳим ва рӯйдоду воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хусусан дар озод кардани шаҳрҳои Киев, Харков, Одеса, Севастополи Украина, муҳофизати қалъаи Брест дар ҳудуди Беларусия ва дигар мавзеву нуқтаҳои аҳолинишин иштирок кардаанд ва саҳми боризи худро гузоштанд. Муборизини шуҷои тоҷик дар муҳорибаи Москва ва барои озод кардани шаҳри Ленингради муҳосирашуда, ки муҳорибаҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд, кӯмаки беназир ва саҳми арзанда гузошта, инчунин дар камонаки шаҳри Курск корнамоиҳо нишон додаанд ва нагузоштанд то Олмони фашистӣ ба пойтахти ИҶШС наздик шавад. Дар муҳорибаи назди Сталинград тоҷикон ҳам ҳамроҳи тамоми халқи шуравӣ мардонагӣ ва диловарии бемисл нишон доданд. Дар озодкунии сарзаминҳои кишвари Чехословакия, Руминия, кишварҳои Балтика ва Полша аз ғосибон ширкати тоҷикистониён назаррас аст. Қобили қайд аст, ки муборизони Тоҷикистон дар ҳайати дастаҳои чирикии Ҷунбиши муқовимати Италияву Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ҷангида ва саҳми арзандаи худро дар озодкунии он кишварҳо гузоштаанд. Намояндагони ҷавонони тоҷик паҳлу ба паҳлу бо миллату халқиятҳои дигари Иттиҳоди Шуравӣ саҳми назарраси худро дар озод намудани халқҳои Аврупо аз истилои фашистон гузоштаанд. Рӯзи Ғалаба дар Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Белорусия ва дигар давлатҳои аъзои ИДМ бошукӯҳ пешвоз гирифта мешавад. Дар ҳифзи Иттиҳоди Шуравӣ миллати тоҷик яке аз фидокортарин миллатҳое дар муқобили Олмони фашистӣ буд. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз такягоҳҳои муҳимтарини Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарҳадҳои ҷанубияш ба ҳисоб мерафт, фидокориҳои фарзандони баруманди тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати нотакрори Қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ: Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Ҳайдар Қосимов ва чандин ҷанговарони шуҷои тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи пурифтихорӣ онҳо ҷовидона барои наслҳо боқист. Дар солхои чанг 57 нафар точикон Кахрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд ва дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати нотакрори: Туйчи Эрҷигитов, Исмоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Саидқул Турдиев, Чутак Уразов, Сафар Амиршоев ва чандин муборизони шуҷои тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи пурифтихорӣ онҳо ҷовидона барои наслҳо боқист.
Агарчӣ, Тоҷикистон аз саҳнаи набардҳои хунин дур буд, вале миллатҳои ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди Олмони ғосиб ва давлатҳои ҳампаймонаш ба мисли Японияи миллитаристӣ ва Италияи нозӣ саҳми бориз аз ҷиҳати ҷониву молӣ гузошт. Масалан, аз Тоҷикистон дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷабҳаҳои ҷанг бо хоҳишу иродаи худ аз кишвар зиёда аз 300 ҳазор нафар сокинон ба фронтҳои ҷанг даъват карда шуда буданд, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳолии ҷумҳурӣ 1,5 миллион нафарро ташкил медод ва зиёда аз 90 ҳазор нафар аскарон ва фармондеҳони Артиши Сурх аз ҳисоби шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст додаанд, ки он 34,5 дарсади шумораи умумии даъватшудагонро аз давлати мо ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин ҷанг зиёда аз 32 ҳазор бонувони тоҷику тоҷикистонӣ ҳамчун снайперчӣ, автоматчӣ, тирандоз, телеграфчӣ, телефончӣ ва шумораи зиёди ҳамшираҳои шафқат ва лётчик ҷангида, шуҷоату қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Занону духтарони диловари ҷумҳурӣ на танҳо дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград, Курск, Ленинград, Одеса, Киев иштирок намуданд, балки барои озод намудани як қатор мамлакатҳои Аврупо низ ҷасурона ҷангиданд. Қобили ифтихор аст, ки барои ҷовидона мондани номҳои муборизон ва коркарди онҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҳукумати Тоҷикистон ба номҳои онҳо кӯча, хиёбону гулгаштҳоро номгузорӣ кардааст.
Фақат дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ба ҷузъу томҳо ва қисмҳои Артиши Сурх 8874 автомашина, 115 трактор, 19326 асп, 1791 ароба ва асбобу таҷҳизоти зарурӣ фиристода шуданд.
Инчунин аз ҶШС Тоҷикистон ба ҷабҳаҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 40 ҳазор пуд ғалла, 213 тонна гӯшт, 2014 тонна картошкаю сабзавот, 458 тонна мева, зиёда аз 150 вагон озуқаворӣ, 532 ҳазор комплект либоси гарм, 123 ҳазор дона пӯсти гӯсфанд, 25 ҳазор метр матоъ, 993 ҳазору 400 килограмм пашм ва зиёда аз 1 миллиард рубли ИҶШС ирсол шуд.
Илова бар ин, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон барои ҷабҳа лавозимоту таҷҳизоти низомӣ, либосҳои низомӣ, парашют ва ғайра истеҳсол мекарданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷикистон воқеан ба хонаи умеди аксарияти мардуми аз дигар мавзеъҳои ИҶШС кӯчонидашуда табдил ёфт. Сокинони Москва, Ленинград, Киев, Харков, Минск ва бисёр дигар шаҳру деҳоти муҳосирашудаи минтақаҳои ғарбии Иттиҳоди Шуравӣ ба ҷумҳурӣ кӯчида, дар Тоҷикистон ватани худро дубора ёфтанд.
Дар хоки Тоҷикистон дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тақрибан 100 000 нафар паноҳ ёфтанд, ки тақрибан 10 000 нафари онҳо кӯдакон буданд. Халқи тоҷик онҳоро бо тамоми лавозимоти зарурӣ: , хӯрок, сару либос, манзили зист ва пойафзол таъмин намуд.
Захмиён ва ярадорони дар майдони ҷанг маҷрӯҳшуда ба ҷумҳурии мо фиристода мешуданд, ки барои Ғалабаи оянда хун рехта буданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон 29 беморхонаи эвакуатсионӣ танҳо то соли 1942 ҷойгир шуда буд, ки дар онҳо аскарони Артиши Сурхи захмдор аз захмҳо ва осебҳояшон табобат ва муоина мешуданд. Қобили ёдоварист, ки табибони моҳири Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон тавонистанд бештар аз 50 ҳазор нафар сарбозони ярадоршудаи шуравиро ба пой хезонанд, ки ин тақрибан панҷ қисми низомии мукаммалро ташкил медод. Фарзандони муборизони дар ҷабҳа буда ва ҷобаҷошудагон дар санаторияҳо, лагерҳои бачагон ва осоишгоҳҳо барои истироҳат ҷой дода шуданд. Ҳазорон нафар кӯдакон тавонистанд як қисми айёми кӯдакии худро дар ин ҷо гузаронанд, то ҳар рӯз ваҳшату даҳшатҳои ҷангро ба ёд наоваранд.
Хулоса, хотираи наслҳои гузаштаро пос доштан ва ибрат гирифтан муҳим аст, зеро бидуни пос доштан ва ифтихор намудан аз гузашта ояндаи дурахшон вуҷуд дошта наметавонад. Мутаассифона, ҳар сол метавонем мушоҳида кунем, ки сафи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сол ба сол кам мешавад, вале бояд дар хотир дошт, ки корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ҷавонон на танҳо дар арафаи 9 май- Рӯзи Ғалаба, балки дар ҳама даврае, ки раванди таълиму тарбия давом дорад, хотирнишон намудан зарур аст.
Мо метавонем бо ифтихор ёдовар шавем, ки сиёсати ҳозираи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи давлатҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, фарҳанги сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша чун ташаббусҳои созандаашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ меёбад.

Бобоёров С.А.,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон