Душанбе, 31.12.2019.
Ҳоло, ки мо дар остонаи соли нави мелодии 2020 қарор дорем, бо истифода аз фурсат кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватани азизамон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишварамон пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.
Соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.
Ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи мо дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба нерӯи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Имсол соҳаҳои истеҳсолӣ низ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи кишвар хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд, ки ба ҳар яки онҳо изҳори сипос менамоям.
Дар соҳаи иҷтимоӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расида, садҳо муассисаҳои нави таълимиву тандурустӣ ба истифода дода шуданд ва бо ҳамин роҳ мушкилоту масъалаҳои ин соҳаи муҳим тадриҷан бартараф гардида истодаанд.
Соли сипаришудаистода 25 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Маҳз ин санади сарнавиштсоз ба мо имкон дод, ки дар вазъияти хеле ҳассоси ҷамъиятиву сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқӣ гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ мардумро сарҷамъу муттаҳид созем.
Таҷлили ҷашни чорякасраи Конститутсия бори дигар далели устувории давлат ва азму иродаи мардуми Тоҷикистонро дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва пешрафт ба сӯи ҳадафҳои бузурги стратегӣ собит намуд.
Соли 2019 ба истиқболи сисолагии истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз чумла дар минтақаҳои дурдаст садҳо иншооти саноативу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ба шарофати онҳо симои шаҳру деҳоти мамлакат босуръат дигаргун шуда истодааст.
Мо, инчунин, соли ҷорӣ даҳумин солгарди Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро таҷлил кардем. Воқеан, забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ маҳз дар замони истиқлол соҳиби ҷойгоҳи асливу арзандаи худ гардида, имрӯз ба сифати забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода мешавад ва рушд мекунад.
Вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст аз он иборат аст, ки на танҳо забони модарии худро гиромӣ дорад, балки дар татбиқи пурраи муқаррароти қонуни забон саҳм гузорад. Танҳо бо чунин муносибат мақоми забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии давлатдории миллӣ ҳамеша пойдору устувор хоҳад буд.
Соли 2019 барои кишвари мо дар самти сиёсати хориҷӣ низ соли бобарор ва соли таҳкиму тақвияти нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буд.
Соли сипаришаванда собит намуд, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари мо ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша омодаанд.
Барои соли 2020 мо иҷрои корҳои зиёди созандаро ба нақша гирифтаем.
Чанд рӯз пештар ман дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дастоварду пешравиҳои кишвар ва нияту нақшаҳои давлату Ҳукуматро, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, таҳкими иқтидори давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон, яъне ба ояндаи ободу осудаи халқи тоҷик нигаронида шудаанд, баён кардам.
Бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки хурду бузурги кишвар дар амалӣ намудани онҳо саҳми хешро мегузоранд ва тамоми саъю талоши худро барои истиқболи шоистаи ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ сафарбар месозанд.
Соли 2020 дар кишварамон маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд ва бовар дорам, ки ин чорабиниҳои сиёсӣ дар доираи муқаррароти Конститутсия, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони мо доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати миллии тоҷикон ва тақвияти нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Бо ибрози ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи амалӣ намудани нақшаҳои созандаи давлати соҳибистиқлоламон ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон сиҳатмандӣ, иқболи баланд ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Соли нави мелодии 2020 муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Бознашр: АМИТ”Ховар”