Нишонаҳои асосии ҳар як давлати соҳибистиқлол ин доштани тамомияти арзиву ҳудудӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад..Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ қадамҳои аввалинро дар рушди давлатдории миллӣ гузошт. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.
Дар таърихи 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабул гардидани Коститутсия барои давлатдории миллӣ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар марҳалаи навро кушод. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ва бахтномаи миллат ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони кишварро таъмин намуда, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун як медонад. Конститутсия барои таъмини рушди ҷомеа ва рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа заминаи устуворро муҳаё менамояд.
Қабул намудани Коститутсия худ қадамҳои аввалин дар рушди давлатдории миллӣ буд. Ин зарурати воқеии ҳаёти соҳибистиқлолӣ дар он ифода меёфт, ки дар он арзишҳои умумиэътирофгардидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дарҷ гарданд. Инчунин дар Коститутсия мебоист ҳамчун санади воқеии муҳимми меъёрӣ–ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон химоят гарданд. Албатта ин иқдом барои таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳокимияти давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол дар он давра қадамҳои нахустин буд.
Қайд кардан зарур аст, ки барои рушди давлатдории Тоҷикистон ва қабулии Конститутсияи кишвар баргузор гардидани Иҷлосияи XVI таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи навро оѓоз намуд. Ин пеш аз ҳама дар он ифода меёфт, ки роҳбари давлат дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид ва дар Иҷлосия Муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардид. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи худро муайян намуд, ки он барпо намудани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буд. Иҷлосия на танҳо барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт балки роҳро ба сўи таҳкими давлатдории миллӣ ва қабул намудани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ боз намуд.
Имрўз дар фазои Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони кишвар кору фаъолият менамоянд. Падидаи муҳим барои як миллат ин мақоми давлатӣ гирифтани забони он мебошад. Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд». Дар ин замина бояд қайд намуд, ки мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ арҷ гузоштан ба забони модарӣ, таърих ва фарҳанги пурѓановати тоҷикон мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми боътимоди ҳуқуқӣ дар кишвар баромад намуда, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини ҳаёт дар фазои озод барои ҳар шаҳрванд, бурдани фаъолиятҳои гуногун дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ва ѓайраро ба танзим даровард. Ба ибораи дигар Конститутсия заминаи воқеии ҳуқуқӣ гузошт, ки ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ рушд ёбанд.
Рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон як қатор масъалаҳоро дар муносибат бо дин ба амал овард, ки бевосита машрўъияти ин муносибатҳо ба вуҷуд омаданд. Зарурати роҳандозӣ кардани модели нави муносибати давлатро ба иттиҳодияҳои динӣ ба миён омад ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардид. Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва муносибат ба дин кафолат медиҳад. Қонунҳои дар ин раванд қабулгардида бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар ҳеҷ ваҷҳ мухолифат намекунанд.
Ҳамин тариқ, баробари ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ҷомеа ба равандҳои нав рў ба рў гардид. Дар партави истиқлолият тамоми соҳаҳои ҳаёт рушду нумўъ намуданд. Алалхусус ин тағйирот дар соҳаи иҷтимоиёт ва фарҳанг баръало ҳис мегардид. Истиқлолияти давлатӣ, бунёди давлати миллӣ ва фазои демократии рушди ҷомеа, проблемаҳои навро ба вуҷуд оварданд, ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуд, ки бо риояи қонунуниятҳои амалкунанда фаъолияти худро пеш баранд. Албатта, принсипи конститутcионии давлати дунявӣ водор мекунад, ки давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудо бошад, вале имрўз бахши ниҳоят ҳассоси ҳаёти ҷомеа, омили муҳими иҷтимоӣ ва танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ гардидааст.
Бозандешии асолати таърихӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ ба раванди худшиносии ҷомеа оварда расонд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрўз низ дар мадди аввал меистад, ин модели нави давлати дунявӣ ва дарки дурусти мафҳуми «дунявият» мебошад. Бояд қайд намуд, ки дунявият имрўз маънои бединӣ ва атеистиро надорад. Дунявиятро бояд аз он мавқеъ шарҳ дод, то ки дар интихоби масъалаҳои эътиқодӣ суитафоҳум эҷод нагардад. Аз ин дидгоҳ, давлати дунявӣ метавонад бо иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динии гуногун ҳамкорӣ намояд.
Имрўз дар ҷумҳурии мо дунявият дар асоси қонун асли низоми сиёсӣ ва принсипи давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёрро пеш гирифтааст. Дунявият дар баробари дигар аслҳои зикршуда бояд барои ҳар як фарди ҷомеа, аз он ҷумла барои хизматчиён, зиёиён ва махсусан барои рўҳониён чун арзиши муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамеша дар мадди назар ва маркази андешаашон бошад. Зеро он воситаи аз ҳама мусолиматомез ва беҳтарини муносибати дину давлатро таъмин намуда, заминаи ҳуқуқии худро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» пайдо намудааст. Ҳоло аҳли ҷомеаи моро лозим аст, ки ҷиҳати татбиқи паҳлўҳои амалии ин асл ва принсип чораҳои ҷиддӣ андешанд, то он ба як арзиши умумимиллӣ ва умумииҷтимоӣ табдил ёбад. Дар он сурат ин падидаи нав метавонад ба як механизми амалкунанда табдил ёбад ва унсури пайвандгари боэътимод байни фазои динӣ ва фазои миллии ҷомеаи мо гардад. Ин механизм имкон медиҳад то барои ба ҳам овардани манфиатҳои милливу динӣ дар атрофи давлатдории навин муттаҳид гардад.
Дар асоси меъёрҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои тамоми шаҳрвандон новобаста аз миллат ва дин ҳимоят мегардад. Тамоми халқу миллатҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва пайравони дину оинҳои мухталифро ташкил медиҳанд, дўстона ба ҳам зиндагӣ менамоянд ва мушкилоти ба амал омадаро якҷоя бартараф менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар муносибат бо дигар халқу миллатҳо, расму оинҳо як муносибати таҳаммулгароёна ва одилона доштааст. Илова бар ин тоҷикон дар ин бархўрдҳои таърихӣ таҷрибаҳои ғанӣ ба даст оварда, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз намудаанд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ пайрави расму оинҳои гуногунанд ва ба ин ё он дин муносибати гуногун доранд. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон пайравони дини ислом ва яке аз мазҳабҳои анъанавӣ ва таҳаммулгарои он – ҳанафия мебошанд. Дар тўли асрҳо ин мазҳаб тавонист намояндагони қавму миллатҳои гуногунро дар зери сояи арзишҳои милливу фарҳангиашон муттаҳид кунад ва то андозае дар идоракунии давлатҳои алоҳида мусоидат намояд.
Дар асоси Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои амалкунанда, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳар кас метавонад ба ин ва ё он дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Дар моддаи 26 Конститутсия чунин омадааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Ҳамин тариқ, қонунҳои мансуб ба озодии виҷдони шаҳрвандони кишвар дар асоси принсипи муайян ба низом дароварда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ин ҳуқуқ ва озодиҳо низ дар асоси принсипи ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ба роҳ монда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ин принсип ба арзишҳои давлати дунявӣ пайванди қавӣ дорад.Дар қисмати сеюми Моддаи 8 Конститутсия чунин омадааст: «Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд».
Дар шароити кунунӣ як қатор омилҳое мавҷуданд, ки ба муносибати давлат ва ташкилотҳои динӣ ҳассосияти баланд зам мекунанд. Дар ҷумҳурии мо, ки намояндагони гуногуни дину оинҳои зиндагӣ мекунанд ва дар ин замина давлати дунявӣ яке аз шаклҳои мувофиқи танзими муносибатҳо ба шумор меравад. Мо метавонем муносибати созандаи давлатро бо иттиҳодияҳои динӣ дар даврони истиқлолият мушоҳида намоем.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», иттиҳодияҳо динӣ вазифадоранд меъёрҳои онро дар фаъолияти худ риоя намоянд ва ба тарғиби ақидаҳои тундгароёнаи динӣ, барангехтани ихтилофҳои мазҳабӣ роҳ надиҳанд. Дар асоси Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои ба тасвиб расида, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад ва ҳар кас метавонад ба ягон дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Дар Моддаи 26 Конститутсия гуфта мешавад: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Албатта, сиёсати пешгирифтаи давлат нисбат ба дин сиёсати таҳаммулгароёна буда, ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии пайравону дину мазҳабҳои гуногун ҳимоят мешаванд. Модели ҳамзистии муваффақи пайравони дину мазҳабҳо дар ҷумҳурии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Маҳз дар чунин шароити боамн метавон ислоҳоти бузург ва бозсозии иҷтимоиёту иқтисодиётро амалӣ намуд.
Нусратулло Зокиров, коршиноси Раёсати сиёсати дохилӣ ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа