Дар шароити муносибатҳои нави бозоргонӣ, ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Ноил гаштан ба ин ҳадаф аз бисёр ҷиҳат бо фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёт вобастагии зиёд дорад. Аз ин ру, Ҳукумати мамлакат ин соҳаҳоро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ қарор дода, бо ин мақсад ҳамасола тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.
Соли 2019 дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва идомаи тадбиқи ислоҳот шумораи субъектҳои соҳибкорӣ мунтазам афзуда, ба 323279 адад баробар гардид, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2018 10657 адад зиёд мебошад. Илова бар ин, дар соли ҷорӣ бо дастуру ҳидоятҳои ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, зиёда аз 40 адад коргоҳȳ корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо бо таъсис додани беш аз 2000 ҷойҳои нави корӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд шуда, дар амалӣ гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ, заминаи устувор гузошт.
Дар маҷмȳъ, соли 2019-умро бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ низ метавон мусбӣ ва бобарор арзёбӣ намуд, чунки дар соли ҷорӣ ин бахши муҳими иқтисодиёт дар баробари дигар комёбиҳо ба панҷ дастоварди муҳим ноил гардид, аз ҷумла:
- Тибқи натиҷаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад Ҷумҳурии Тоҷикистон бори чорум ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардида, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард;
- Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакат ва муаррифии имкониятҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2019 8 ҳамоишҳои иқтисодӣ ва чорабиниҳои самти соҳибкорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо 24 санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд;
- Ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин масир, мулоқоти нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар баргузор гардид, ки дар кори он муҳимтарин масъалаҳо дар доираи соҳаҳои болозикргардида баррасӣ гардида, ба боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ заминаи мусоид гузошт;
- Эълон гардидани моратория ба тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар 12 соли охир бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ 4 маротиба моратория эълон гардидааст;
- Эълон намудани «300 рȳзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аммо бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ҳоло ҳам дар самти ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар мушкилот ба назар расида, андешидани тадбирҳои иловагӣ ва идомаи ислоҳоти самаранокро тақозо менамояд.
Одинаев А.И. ,
муовини сардори Раёсати татқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ.