Ифротгароӣ аз лиҳози мазмун ва моҳият, назария ва амалия ниятҳои ғаразнок ва нақшаҳои аз ҷониби қонун манъшударо фаро мегирад. Ин гунна амалҳои ғайриинсонӣ ба фишооварӣ ба ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрвандтакия мекунанд. Экстремист на танҳо қотил ё вайронкори маъмулӣ, балки ҷинояткори хафноке ба шумор меравад. Экстремистон дар ҳамагуна ноҳақӣ ва амалҳои разилонаашон устуворӣ пеша менамоянд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки бешаку шубҳа дар рафтору муносибат ва кирдори террористону эустремистоне, ки тули солҳои охир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёдтар зуҳур намудаанд, айнан ҳамин гуна хислат ва хусусиятҳо нисбат ба атрофиён ба назар мерасанд. Террорист ва ифротгаро аз миллат, ватан ва аз нажоду авлоди худ андеша намекунанд. Аз ҷониби экстремистон ҷинояти содиршуда хусусияти системавӣ дошта он таъсири хатарсози худро ба ҷамъият, миллат ва ба тамоми олам мерасонад.
Ҳар як террорист ё экстремист аз паси худ садҳо нафари дигаро ба ваъдаҳои пучу бебунёд ҷалб намуда, ба олами ҷиноӣ тела медиҳад.
Бояд таъкид кард, ки экстремист аҳдоф ва ниятҳои манфии зиёде дорад, ки ҳамаи он ба таври марговар зараррасонӣ ба башар мебошад. Ин гуна фаъолиятро террористон ва ифротгароён дар ҷамъият ба таври инфиродӣ ва гуруҳӣ ба роҳ мемонанд. Фаъолияти экстремистонаи гуруҳӣ хатарноктарин ба шумор рафта, ҷинояткорон метавонанд ба истифода аз он андеша ва тафаккури хатаровар, донишҳо, таҷриба, боварӣ ва мақсадҳои нопоки хешро дар кӯтоҳтарин муддат ба дигарон таҳмил кунанд ва ба ҷиноятҳои мудҳиштарине дастаҷамъона даст зананд.
Терроризм-падидаи номатлуби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноие ба ҳисоб меравад, ки ба муқобилиятҳои дохилию берунаи ҷамъият ва баъзе афроди сиёҳтиннат асос меёбад. Терроризм хатари бисёрҷабҳа ба шахсият ҷамъият ва давлат дорад. Он якчанд хусусиятҳоро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо идеологияи террористӣ ном бурда мешавад. Паҳнкунандаи ин идеология, бе шакку шубҳа, ташкилотҳои террористии мухталифи ба таври ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ амалкунанда маҳсуб меёбанд. Чунин ташкилотҳо дар тамоми ҷаҳон фаъолият намуда, пайравонашон дар саросари олам амалҳои ғайриқонунии хешро ба роҳ мемонанд.
Хотирасон бояд намуд, ки тулии солҳои охир фаъолияти яке аз чунин гуруҳҳои террористӣ-ТЭТ ҲНИ чеҳраи аслии худро дар рафтор ва амалҳои ифротгароёнаи хеш нишон дод. Мувофиқи иттилои воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва дигар сарчашмаҳои хориҷӣ аён гашт, ки ин ташкилот ҳадафи тахрибкоронаву манфиатҷӯёнаи худро тӯлии солҳои зиёд такмилу тақвият дода, гоҳо зери ному парчами «ДИИШ» низ фаъолият бурда, одамонро ба сарсонию нигаронӣ, бадбахтию ноумедӣ мувоҷеҳ кардан хостаасту мехоҳад. Эҳсоси худпарастонаи эшон то ба он андоза боло гирифта аст, ки ҳатто модарони ғамхору дилсӯзи худ ва падарони як умр барои ба воя расонидани онҳо шабу рӯз талош варзидаро бо ҳам фиреб медиҳанд.
Бинобар ин ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дастаҷамъона бар зидди ин гуна ҳаракату ташкилотҳои ҷиноятпеша, ки имрӯз зарари худро бар тамоми ҷомеаи адолатпешаи олам расонида истодаанд мубориза баранд. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон таъкид менамоянд, террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист террорист ҳасту бас.
Мирзо Ашуров
Коршиноси масоили сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумӯхрии Тоҷикистон,
Корманди шоистаи Ҷумҳурии тоҷикистон