ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ ИҚТИСОДИЁТ ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ УСТУВОР

Айни ҳол, роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолии амалкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ҳалли мушкилоти коргоҳу корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, бартарафсозии монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида истодаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», ки 30 майи соли 2017 таҳти №1415 қабул гардидааст, мақсади сиёсати давлатиро дар соҳаи саноат, ки пеш аз ҳама ба рушди босубот ва инноватсионии соҳаи саноат, таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат нигаронида шудааст, мавриди амал қарор медиҳад. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодӣ, гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ, мусоидат ба шуғли пурмаҳсули шаҳрвандон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ ҳамчун масъалаҳои муҳими иқтисодӣ баррасӣ гардидаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ, яъне моҳҳои январ-марти соли 2025-ум бо нархҳои ҷорӣ 30928,4 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо ифодаи воқеӣ ба андозаи 8,2 дарсад бештар мебошад. Дар ин давра, индекси дефлятори нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлат 107,3 дарсадро ташкил додааст.

Соли 2024-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 22,8 дарсад, истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ беш аз 16,9 дарсад, дигар намуди хизматрасонӣ–18,3 дарсад, савдои яклухту чакана, таъмири автомобилҳо ва меҳмонхонаҳо–15,2 дарсад, сохтмон, нақлиёт ва хоҷагии анбору алоқа–17,4 дарсад, инчунин андозҳои холис аз маҳсулот–9,4 дарсад афзоиш ёфт.

Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, новобаста аз шиддат гирифтани омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок 3,6 дарсадро ташкил намуд. Суръати рушди иқтисодӣ бо тамоюли мусбии натиҷаи фаъолияти соҳаҳои асосии иқтисодӣ, махсусан, саноату кишоварзӣ, сохтмон, дигар намуди хизматрасониҳо, аз ҷумла, савдои яклухту чакана, хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо ва соҳаҳои нақлиёту энергетика таъмин карда шуд.

Дар шароити муосир нақши инноватсия дар баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Навоварӣ муҳаррики асосии таъминкунандаи рушд ва воситаи асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин замина саноати инноватсионӣ дар рушди иқтисоди миллӣ нақши асосӣ дошта, ба рақобатпазирӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Дар ин самт, давоми моҳҳои январ-марти соли 2025-ум ҳиссагузории бештар дар рушди иқтисодиёт ба соҳаҳои истеҳсолӣ ба андозаи 1,8 банди фоизӣ ва ба соҳаҳои хизматрасонӣ 5,3 банди фоизӣ рост меояд.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2025-ум дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағи 4271,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 фоиз зиёд мебошад, аз ин миқдор дар соҳаи растанипарварӣ 196,7 млн. сомонӣ ё ки 6,2 дарсад ва чорвопарварӣ 4075,1 млн. сомонӣ ё ин ки дар ин давра 7,3 дарсад зиёд гардидааст.

Диаграммаи 1
Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2025

(млн. сомонӣ)

Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-март, 2025. саҳ. 11.

Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2025-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки дар қиёс ба дигар соҳаҳо афзалияти бештар дорад ба маблағи 6291,9 млн. сомонӣ ё ин ки 20,3 дарсади ММД таъмин карда шуд. Таъмини рушди устувори кишвар дар заминаи тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ, мувофиқи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” пешбинӣ гардидааст. Стратегияи мазкур соҳаи саноатро аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, ки он ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ, тавлидкунандаи молу маҳсулот ва татбиқкунандаи ҳадафҳои рушди устувор дар шароити ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад, муаррифӣ менамояд.

Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба маблағи 1996,3 млн. сомонӣ ё ин ки 6,5 дарсади ММД., ҳиссаи соҳаи сохтмон ба 8,2 дарсад ё ин ки ба маблағи 2548,1 млн. сомонӣ таъмин гардид.

Дар баробари ин, ҳиссаи соҳаи савдои яклухт ва чакана, таъмири автомобилҳо, хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо ба 18,0 дарсад ё ин ки ба маблағи 5566,2 млн. сомонӣ, ҳиссаи соҳаи нақлиёт, хоҷагии анбор ва соҳаи алоқа ба 13,2 дарсад ё ин ки ба маблағи 4082,9 млн. сомонӣ баробар гардиданд.

Диаграммаи 2
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи аввали соли 2024 ва аввали соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(млн. сомонӣ)

Манбаъ: дар асоси маълумотҳои расмии оморӣ аз ҷониби муаллиф омода карда шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли сабзавот дар ибтидои соли 2025-ум ба 3289,2 млн. тонна баробар гардид, ки ин нишондиҳанда дар ибтидои соли гузашта 3026,2 млн. тоннаро ташкил медод, яъне афзоиши ҳаҷми истеҳсоли сабзавот дар ибтидои соли 2025-ум наздик ба 263 ҳазор тонна баробар гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ибтидои соли 2025-ум ба 1828,3 млн. тонна расонида шуд, ки нисбати соли 2024-ум 73,4 ҳазор тонна ё ин ки 4,2 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли картошка 1263,9 млн. тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба аввалҳои соли 2024-ум бештар аз 119 ҳазор тонна таъмин карда шудааст. Истеҳсоли мева низ бо ҳиссаи назаррас афзоиш ёфта, дар ин давра бештар аз 158,7 ҳазор тонна ё ин ки наздик ба 24,0 дарсад зиёд истеҳсол карда шудааст.

Дар шароити имрӯзаи кишвари мо вобаста ба пешрафти илму техника ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ба такмил додани раванди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, омухтани таҷрибаи дигар кишварҳо бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин дарёфти роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Ин раванд, ба истифодаи самараноки замин, ҳатто заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо ва сардхонаҳои муосир вобастагӣ дорад.

Ин раванд бо истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, қувваи корӣ ва иқтидори истеҳсолии соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ ва бо истифодаи самараноку коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми ватанӣ имконпазир мегардад. Баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ бо дарназардошти имкониятҳои ҷуғрофию инфрасохтории кишвар тавассути роҳандозии принсипҳои иқтисоди «сабз», таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди миллӣ ва расмикунонии он дар заминаи истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ тавассути рушди сармояи инсонӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо ба самти нави рушди устувори иқтисодиёти миллӣ шароити муносиб фароҳам оварда метавонанд.

Диаграммаи 3
Ҳиссаи соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва пардохтҳои ҳатмӣ дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2025-ум дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

(бо фоиз)

Манбаъ: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ-март, 2025. саҳ. 11-94.

Ҳамин тавр, дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2025-ум ҳиссаи соҳаҳои асосии иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаҳои саноату кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва сохтмон ба маблағи 10836,3 млн. сомонӣ ё ин ки 35,0 фоизи ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин давра иҷро гардидааст.

Ҳамзамон, ҳиссаи соҳаҳои нақлиёт, савдои яклухту чакана, таъмири автомобилҳо, хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо ба маблағи 15795,5 ё ин ки 51,1 дарсад таъмин гардида, ҳиссаи андозҳои холис аз маҳсулот 13,9 дарсади ММД ё ин ки ба маблағи 4296,6 млн. сомонӣ иҷро карда шудааст.

Натиҷаи таҳлилҳо ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар шароити имрӯза, такмили хизматрасониҳои молиявӣ, махсусан, беҳтар намудани хизматрасониҳои низоми бонкӣ бо дарназардошти тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба самти нави рушди иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонида, дар афзоиши ҳиссаи соҳаҳои хизматрасонӣ ва пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст мавқеи назаррасро касб менамоянд. Иқтисодиёти рақамӣ дар саросари ҷаҳон ба як тамоюли асосии рушд табдил ёфтааст, ки ҳадафи он истифодаи технологияи иттилоотӣ барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2025 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва ташкили инфрасохтори зарурӣ дар соҳаҳои гуногуни давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст. Дар баробари ин, аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо бештар аз 49,5 млрд. сомонӣ ва хароҷоти умумии он ба маблағи 51,6 млрд. сомонӣ, инчунин маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 23,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Диаграммаи 4
Иҷроиши қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва муқаррар гардидани ин нишондиҳандаҳо барои соли 2025

(бо млрд. сомонӣ)

Манбаъ: Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027, ки санаи 4-уми декабри соли 2024, таҳти №1487 қабул карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2026–2027 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2025 мебошанд. Яъне ҳиссаи бештари хароҷот ба соҳаи иҷтимоӣ ва баъдан соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ рост меояд. Дар ин давра, даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 53,4 млрд. сомонӣ ва дар соли 2027 ба маблағи 57,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ум кишвари мо бо 121 мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 кишварҳои ИДМ ва бо 111 мамлакатҳои хориҷи дур муносибатҳои тиҷоратиро густариш додааст.

Бо дарназардошти ин, дар давоми соли гузашта, коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаро ба 5,2 млрд. сомонӣ расонида, суръати рушди ин соҳаро ба 25 дарсад таъмин намуданд ва ба маблағи бештар аз 170,0 млн. сомонӣ молу маҳсулот содирот намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм ба маблағи 125,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин маънои онро дорад, ки тақвияти ҳамкориҳои судманд бо дигар кишварҳо ва дар ин замина густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ асоси рушди иқтисодиёти миллиро ташкил медиҳанд. Ҳамин буд, ки давоми соли 2024-ум ҳиссаи савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 46,3 дарсад ё ин ки ба маблағи 4142,9 млн. доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 53,7 дарсад ё ба маблағи 4812,1 млн. доллар баробар гардидааст.

Дар робита ба ин, таъмин намудани рушди иқтисодиёти миллӣ дар доираи фаъолияти низоми молияи мамлакат ба ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва дар заминаи дастовардҳои илмию техникӣ такмил додани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим арзёбӣ мегардад, ки ин раванд дар навбати худ ба мукаммалгардонии сиёсати фискалию монетарӣ, инчунин ба босуботии низоми қарзӣ шароити мусоид фароҳам оварда метавонад.

Дар доираи фаъолияти низоми молияи мамлакат, махсусан, мавриди ба муомилот баровардани пули миллӣ то ба имрӯз афзоиши ММД ба 84,3 маротиба, ҳаҷми даромади пулии аҳолӣ ба бештар аз 147 маротиба ва зиёд гардидани ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 181 маротиба аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Дар маҷмуъ, бо андешидани тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат тавассути ҷалб ва мақсаднок истифодабарии сармояи дохилию хориҷӣ, дар шароити коргоҳу корхонаҳои саноатӣ (таъмини раванди истеҳсолот бо технологияи муосири инноватсионӣ), ба роҳ мондани коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои соҳибкорон, махсусан фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, иқтисодиёти миллӣ рушд ёфта истодааст.

Ҳамин тавр, воридоти таҷҳизоти технологӣ яке аз воситаҳои муҳимми ташкили истеҳсолот, хизматрасонӣ ва омили асосии таъмини сифати молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ба ҳисоб меравад. Воридоти таҷҳизоти технологӣ, бо дарназардошти ҳамин хусусиятҳояш, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод карда шуданд. Дар навбати худ, имтиёзҳои андозӣ яке аз воситаҳои муҳимми васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ба шумор мераванд, ки пайваста ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироту иловаҳо бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна, дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ амалӣ гардида истодааст.

Бинобар ин, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, самаранок истифодабарии захираҳо ва имкониятҳои молиявию иқтисодӣ, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди соҳаи саноат” эълон гардидааст.

Бешубҳа, нақша ва ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар, махсусан, ба афзоиши ҳаҷми ММД ва устувории буҷети давлатӣ заминаи мусоид гузошта истодаанд. Ғайр аз ин, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок ба шумор меравад. Вобаста ба ин, дар давоми соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар аз 19,0 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2023-юм зиёда аз ду млрд. сомонӣ бештар мебошад. Дар ин давра, яъне давоми соли 2025-ум барои таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар 15,2 млрд. сомонӣ равона карда мешавад ва дар баробари ин, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 23,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Солҳои минбаъда низ баробари таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика ва таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул, ки ин раванд ба таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти ватанӣ ва афзоиши содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда, заминаи мусоид гузошта метавонанд, аз тарафи дигар самти нави рушди устувори иқтисодиёти миллиро дар сатҳи зарурӣ таъмин хоҳанд кард. Яъне, татбиқи барномаю стратегияҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти расидан ба ҳадафҳои миллӣ, дар навбати худ ба маблағгузории бештари соҳаҳои иҷтимоӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамоянд.

 

Ҷӯрахон Бобоев,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон