Тоҷикистон аз асри XIX бо Россия дар фазои умумии геополитикӣ, сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ қарор дорад. Вусъат додани муносибатҳо бо Россия дар асоси баробар, мутақобилан судманд ва шарикии стратегӣ дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангиву иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар имрӯз ҳам ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ мебошад.

Маҳз дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия муносибатҳои шарикии стратегиро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ ба роҳ мондаанд. Ин ҳамкориҳо дар асоси зиёда аз 300 сандҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ хусусан созишномаи байнидавлатӣ, байнимақомотӣ ва байниҳукуматӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Новобаста аз ин, яке аз омилҳои муассири рушди ҳамкориҳои мутақобила мавқеи роҳбарони давлатҳо ва боздидҳои байнидавлатӣ ба шумор мераванд, ки ба тавсеаи робитаҳои судманд такон бахшида самтҳои афзалиятноки онро муайян менамоянд. Дар ин замина боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия дар санаи 17 марти соли 2025 муҳим буда, барои умқи минбаъдаи ҳамкории кишварҳо заминаҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ фароҳам меорад. Агар мо бо натиҷагирӣ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти ин сафари расмӣ самтҳои асосии ҳамкориҳоро баррасӣ намоем, пас чунин  соҳаҳои муҳимро таъкид намудан ба маврид аст.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ: Россия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Дар соли 2024, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар 15,6 фоиз афзуда, 2 миллиард долларро ташкил дод. Тавсеаи мубодилаи тиҷоратӣ заминаи рушди иқтисоди кишварро фароҳам оварда, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, даромади буҷа ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии зиндагии мардумро таъмин менамояд. Дар баробари ин, афзоиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус алюминий ва маҳсулоти кишоварзӣ ба Россия қобили таъкид мебошад.

Ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва саноатӣ: Ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти дорусозӣ, таҳвили автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин истихроҷи маъданҳои фоиданок ҳамкориҳои муштарак доранд. Ин лоиҳаҳо ба афзоиши боэътимоди тиҷорати мутақобила мусоидат мекунанд. Фаъолияти зиёда аз 400 ширкати муштарак, ки ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сохтмон, истихроҷи маъдан ва истеҳсолоти саноатӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо истиқбол мегардад. Афзоиши сармоягузории Россия ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ яке аз заминаҳои воқеии рушди ҳамкориҳо дар ин самт мебошад.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маориф: Россия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши маориф ва илм буда, садҳо донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Россия таҳсил мекунанд. Дар кишвари мо донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Россия (славянӣ), филиали донишгоҳҳои бонуфузи Россия фаъолият менамоянд.  Сохтмони панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати Россия яке аз омилҳои умқи ҳамкориҳои кишварҳо дар самти маориф мебошад.

Ба рушди ҳамкориҳои соҳа фаъолияти марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Маркази илмӣ ва фарҳангии Россия (Россотрудничество) дар Душанбе мусоидат менамояд.

Тавассути видеоконфронс ба сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский ва Маркази байналмилалии омузишӣ барои кӯдакони болаёқат дар пойтахти Тоҷикистон оғоз бахшида шуд.

Дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Пешвои миллат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор карда шавад. Ҳамзамон гузаронидани экспедитсияҳо аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат барои омӯзиши вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ шуморида шуд.

Ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ: Россия яке аз шарикони асосии низомии Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) мебошад. Ҳузури Пойгоҳи низомии 201-и Россия дар Тоҷикистон омили суботи на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Таҳкими ҳамкориҳои низомӣ, аз ҷумла таълими кадрҳои низомӣ дар Россия ва таҳвили таҷҳизоти ҳарбӣ самтҳои афзалиятноки соҳавӣ буда, густариши он ба таъмини амният ва суботи минтақа равона шудаанд.

Таъкид гардид, ки байни хадамотҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои мо ҳамкории зич ва пурсамар ба роҳ монда шуда ин ҳамкорӣ солҳои охир натиҷаҳои мушаххас медиҳад. Ҳамёрии ҷонибҳо дар ин самт доираи васеи масъалаҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятро фаро мегирад. Ин, бахусус, терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Ҷонибҳо ба ҳамкорӣ дар заминаҳои бисёрҷанба, пеш аз ҳама, дар СММ, ИДМ, СҲШ ва СААД баҳои баланд доданд.

Ҳамкорӣ дар самти меҳнат ва муҳоҷират – Россия макони асосии кору фаъолият барои муҳоҷирони тоҷик мебошад, ки солона зиёда аз 3 миллиард доллар маблағ ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Боиси таъкид аст, ки имконияти муҳоҷирон барои дарёфти шаҳрвандӣ ва гирифтани иҷозати иқомат дар Россия бештар буда, фаъолияти созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва барномаҳои омӯзишии забони русӣ дар ин самт мусоидат менамоянд.

Дар рафти сафари расмӣ ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро муфассал баррасӣ гардида, кори байниидоравӣ дар ин соҳа фаъол гардонида мешавад.

Дар хулоса метавон гуфт, ки таҳлили соҳаҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия аз рушди бемайлони ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо шаҳодат медиҳад. Аҳамияти ин рушд дар он зоҳир мегардад, ки ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ, афзоиши нишондодҳои тиҷоратӣ ва густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ дар замони мураккаби байналмилалӣ, таъсири таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Россия ба даст омадаанд. Ин ҳолат аз азми устувор ва иродаи қавии роҳбарони кишварҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобила дар заминаи манфиатҳои тарафайн шаҳодат дода, ҳусни тафоҳум ва рушди тадриҷии ҳамкориҳои гуногунпҳлуи халқҳои тоҷик ва русро инъикос менамояд.

Шарипов Амриддин,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии МТС

Чоп кунед