6 марти соли 2025 дар шаҳри Остона муколамаи коршиносон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ + Ҷопон: тамоюл ва дурнамои муосир» баргузор гардид.
Ҳамоишро Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафорати Ҷопон дар Қазоқистон муштаракан доир намуданд.
Дар рӯзномаи чорабинӣ самтҳои дурнамои ҳамкорӣ дар доираи формати Осиёи Марказӣ + Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он намояндагони доираҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва роҳбарону коршиносони марказҳои илмӣ-таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар чорабинии мазкур Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамзамон, дар он сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Ибодзода Хайрулло низ ба таври ҳузурӣ ширкат варзид.
Хайриддин Усмонзода дар бахши асосӣ “Равишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкорӣ бо Ҷопон” баромад намуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ бо маърузаи «Формати “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” –гарави муваффақияти иқтисодӣ ва муколамаи созандаи минтақавӣ» баромад намуда, таъкид намуд, ки “муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ҳамчун як минбари муҳимми ҳамкории мо хидмат мекунад”.
Зимни суханронӣ директори Марказ қайд намуд, ки “ҷалби сармоягузориҳои ҷопонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ боқӣ мемонад. Илова бар ин, ҳамкорӣ бо Ҷопон дар бахши энергетика ва технологияҳои сабз аҳаммияти стратегӣ пайдо мекунад”. Ҳамчунин, зикр гардид, ки “амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисоди сабз ва рақамӣ, идораи захираҳои обӣ ва энергетика, таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак бо истифодаи технологияҳои пешрафтаи Ҷопон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад содироти маҳсулоти экологии тозаи Тоҷикистонро афзоиш дода, марказҳои логистикиро ташаккул диҳад. Ин раванд ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ мусоидат мекунад, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ хеле муҳим аст”.
Инчунин, директор ба масъалаҳои маориф ва илм ишора намуда, қайд кард, ки “бо дарназардошти дурнамои рушд, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф метавонад тавассути афзоиши квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои пешрафтаи Ҷопон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи устодон ва мутахассисон густариш ёбад. Мо ҳамчун як маркази таҳқиқотӣ-илмӣ барои ҳамкории ҳамаҷониба дар ин самт омода ҳастем. Илова бар ин, барномаҳои таълимӣ ва ташаббусҳои стипендиявии Ҷопон барои ҷавонони тоҷик имкониятҳои нав мекушоянд, ки дар дурнамои дарозмуддат ба таҳкими иқтидори кадрии кишвар мусоидат мекунад”.
Сипас, директори Марказ кайд намуд, ки “рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ яке аз самтҳои дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон арзёбӣ мегардад.”
Дар анҷоми суханронии худ, Хайриддин Усмонзода таъкид кард, ки “Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ҳамеша боз аст ва омода аст лоиҳаҳои нави муштаракро амалӣ намояд, ки ба манфиати кишварҳои мо ва тамоми минтақа хоҳад буд”.
Муколама дар руҳияи самимият, ҳамдигарфаҳмӣ ва созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон