Рӯзи 5 ноябри соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ифтитоҳ карда, ҳозирини ҷамъомадро аз номи роҳбарияти Марказ ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сафарзода Бахтиёр Амиралӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” маърӯза кард. Ӯ зимнан қайд намуд, ки фардо, 6 ноябри соли 2019, аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат 25 сол пур мешавад. Истиқлолияти бадастомада зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бунёди давлате, ки орзую омоли тоҷикон буд, оғоз бахшид. Асосҳои сохти конститутсионӣ принсипҳо ё усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Усулҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунадешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин принсипҳо дохил мешаванд.
Хусусиятҳои муҳимтарини Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ. Соҳибихтиёрӣ маънои хеле васеъ дорад, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ–роҳу усулҳои пешрафтро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
Бояд таъкид кард, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрист. Халқ ҳокимияти худро бевосита (дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Дар қисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия мафҳуми “халқ” шарҳ дода шудааст. Тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон, халқи Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ӯ ба маънии пуррааш вакили олии халқ аст. Вакилони Парлумонро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд. Райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.
Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсия (6-уми ноябри соли 1994) то ба ҳол давлати ҳуқуқбунёд месозад ва бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ шудаанд. Агар танҳо ба ҷилдҳои “Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” нигарем, хоҳем дид, ки ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат нест, ки оид ба танзими он қонун қабул нашуда бошад. Яъне қонун ба ҳайси танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти мову шуморо мураттаб месозад.
Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақсимоти ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин, дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд.
Ҳамин тавр, дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушду пешрафти беназир ноил шуд. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсоз боз ҳам бештар хоҳад гашт.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, мо тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки 22 майи соли 2016 бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия таѓйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин таѓйиру иловаҳоро самтҳое ташкил медиҳанд, ки бевосита ба ҷавонон рабт доранд.
Ҳамин тавр, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати ҳуқуқбунёдамон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мегарданд.
Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ҷамъбаст карда, ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр Амиралӣ барои маърӯзаи пурмуҳтаво изҳори сипос намуд ва ҳайати кормандони Марказро бори дигар ба муносибати 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Ҳамоиш дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон