Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ташвиқотӣ ва таблиғотро дар асоси Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” моҳият ва самтҳои он барои соли 2025 (шаҳри Душанбе, 28-уми декабри соли 2024) мураттаб намуданд.

Маводи мазкур зери назари Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдулло Раҳмонзода ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода нашр шудааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади расмӣ ва муҳимми барномавӣ буда, дар низоми сиёсии давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.

Таҷрибаи давлатдорӣ собит намудааст, ки барои ташаккули давлат ва самаранок давлатдорӣ намудан паёмҳои роҳбарон дорои аҳаммияти муҳим мебошанд. Имрӯз дар ҷаҳон роҳбарони давлатҳо ҳамасола Паём пешниҳод менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳуҷҷати муҳимми дорои аҳаммияти стратегӣ ба таъмини рушди устувори мамлакат мусоидат менамояд. Вақте ки паёмҳои Президенти мамлакатро бо назари таҳқиқ мехонед, таваҷҷуҳ ва самимияти хосса ба рушду бақои давлату миллатро эҳсос менамоед.

Мавриди таъкид аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» афзори муҳимми давлатдорӣ аст. Инчунин, вазифа ва нишондодҳои Паём барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ буда, барои ҳокимияти қонунгузор эътибори тавсиявӣ доранд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 як силсила масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд. Он барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз усулҳои таҳлил ва муқоиса бештар истифода намуда, ҳолати рушди давлат, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил ва муқоиса қарор доданд. Чунин тарзи таҳлил ва ифодаи муқоисавии дастовардҳо нишони он аст, ки сиёсатгузориҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи ҷомеа огоҳона, илмӣ ва воқеъбинонаю оянданигарона мебошанд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли PDF ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ” БАРОИ СОЛИ 2025: МОҲИЯТ ВА САМТҲОИ АСОСӢ

 

Чоп кунед